Расонаи чинӣ матлаб дар бораи "занони беваи тоҷик"-ро пок кард 

Акс аз бойгонӣ

Як расонаи маъруфи чинӣ, гузориши худ дар бораи занони бева ё худ бешавҳари Тоҷикистонро аз сомонааш пок кардааст. Сомонаи хабарӣ ва тиҷоратии Чин бо номи Sohu (搜狐网) моҳи майи имсол дар гузорише навишт, "Дар Тоҷикистон зиёда аз 800 ҳазор зан “бева” (бешавҳар) ҳастанд".Бозтоби ин матлаб дар сомонаҳои Радиои Озодӣ вокунишҳои зиёдро ба миён овард.

Масъулини сомонаи Sohu (搜狐网)шарҳ надодаанд, ки чаро матлаб дар бораи занони Тоҷикистонро пок кардаанд. Вақте ба воситаи линк вориди гузориш дар бораи занони бешавҳари Тоҷикистон мешавед, саҳифа холӣ аст.

Дар матлаби расонаи чинӣ бидуни зикри манбаи мушаххас омада буд, ки "Шумо бовар карда метавонед? Бо бештар аз 9 миллион аҳолӣ, дар Тоҷикистон зиёда аз 800 ҳазор занон бева бошанд. Пас шавҳарони ин занҳо куҷоянд?"

Мақомоти Тоҷикистон расман дар ин бора вокуниш накарданд. Аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мақолаи нашрияи чиниро як навъ муаррифии ноҷои Тоҷикистон номида, аз афзоиши танфурӯшӣ дар кишвар ва издивоҷи баъзе аз занони тоҷик бо хориҷиён низ танқид кардаанд. Ҳарчанд гуруҳи дигар робитаи занони тоҷик бо мардони маҳаллӣ, чинӣ ё ҳар каси дигар ҳаққу интихоби онҳо гуфтанд.

Ин бори аввал нест, ки расонаҳои чинӣ матлабҳои худро дар бораи Тоҷикистон бидуни шарҳу тавзеҳ пок мекунанд. Ду сол пеш чанд расонаи Чин дар бораи заминҳои баҳсӣ бо Тоҷикистон матлабҳо пахш карданд. Аз ҷумла пойгоҳи хабарии “Гул баёнгари таърих” (鲜花畅谈历史) моҳи январи соли 2021 мақолаеро бо номи “Таърихи Тоҷикистон, ки 9,28 миллион нафар аҳолӣ дорад, аз куҷо сарчашма мегирад?” навишта буд, “Тоҷикистон ҳамеша дар ҳудуди Чин буд”. Ин расона баъди инъикоси ин матлаб дар сомонаҳои тоҷикӣ бахусус Радиои Озодӣ, матлаби худро пок кард. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон он вақт нашри чунин гузоришҳоро “иғво” номида гуфта буд, ба Вазорати корҳои хориҷии Чин нота фиристоданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Кишвари занҳои бева". Матлаби як расонаи Чин дар бораи ТоҷикистонАз дӯстию ҳамкорӣ то даъвои “фурӯбарии Тоҷикистон”. Нигоҳе ба матолиби расонаҳои ЧинВазорати Тоҷикистон ба вазорати корҳои хориҷии Чин нота фиристодааст"Чашми ало"-и Чин ба занони тоҷик. "Мавҷи озод" омори фоҳишаҳоро дар Тоҷикистон нашр кард. ВИДЕОМақомоти тоҷик хомӯшанд, мардум ба мақолаи расонаи Чин дар бораи танфурӯшӣ вокуниш карданд. ВИДЕО