"Хориҷ кунед ба артиш мебарем". Курсиҳои донишгоҳ чигуна холӣ мешаванд? ВИДЕО

Яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон

Давоми ду соли ахир теъдоди довталабон дар бархе донишгоҳҳои кишвар то панҷоҳ дарсад коҳиш ёфтааст. Бо коҳиши чашмраси донишҷӯён, баъзе ихтисосҳо барҳам хӯрда, донишгоҳҳо ҳам дар пардохти маоши омӯзгорон ба мушкил дучор шудаанд. Бархеҳо кам шудани муҳассилин дар мактабҳои олиро ба қонуни нави хидмат дар артиш рабт медиҳанд, ҳарчанд мақомот инро қабул надоранд.

Масъалаи кам шудани донишҷӯён охири моҳи гузашта зимни ҳамоише дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президент баҳс шуд. Абдураҳмон Қурбонов, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии ин марказ вазъи пешомадаро нигаронкунанда арзёбӣ кард.

Абдураҳмон Қурбонов

Қурбонов гуфт, “дар ду соли охир мактабҳои олӣ қариб 50 ҳазор камтар довталабонро қабул кардаанд. Имсол бошад нақшаи қабул зиёд аз панҷоҳ фоиз иҷро шудааст. Рӯз ба рӯз имконияти молии мактабҳои олӣ паст мешавад, чункӣ теъдоди асосии донишҷӯён дар бахшҳои шартномавӣ таҳсил мекунанд. Аллакай аз моҳи январ мо мушоҳида мекунем, ки донишгоҳҳо дар пардохти маоши муаллимон душворӣ мекашанд.”

Абдураҳмон Қурбонов ҳамчунин аз он интиқод кард, ки донишҷӯён бо ҳар баҳона аз донишгоҳ ихроҷ ва ба артиш бурда мешаванд.

“Шаҳру деҳа пури ҷавонони синни даъват аст. Лекин баъзе рӯзҳо мебинем, ки кормандони комиссариат ва раиси ҷамоат ба донишгоҳ рафта, талаб мекунанд, ки рӯйхатро биоред аз ҷамоати мо кӣ мехонад. Агар ғоиб (НБ) дошта бошад талаб мекунанд, ки ҳаминро хориҷ кунед мо ӯро ба артиш мебарем. Ин ҳолати сӯистифодаи кормандони комиссариат ва ҷамоатҳо бисёр зарбаи миёншикан мезанад ба мактаби олӣ,”-афзуд ин масъули Маркази тадқиқоти стратегӣ.

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Ин донишҷӯро хориҷ кунед, мо ӯро ба артиш мебарем".

Дар ин нишаст ишора шуд, ки будҷаи аслии бештаре мактабҳои олӣ аз ҳисоби пардохти шартномаи донишҷӯён аст ва кам шудани донишҷӯён мактабҳои олиро ба камбуди молӣ дучор кардааст.

Вафобек Баҳромбеков

Вафобек Баҳромбеков, устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ҳам дар ин нишаст гуфт, дар бархе тахассусҳо донишҷӯ намерасад.

“Соли гузашта дар факултетҳои физика, химия, аз ҷумла дар баъзе факултетҳои Донишгоҳи политехникӣ донишҷӯ нарасид. Донишгоҳи аграрӣ умуман дар як ҳолати буҳронӣ қарор дорад, довталабон хеле кам дар онҷо ҳуҷҷат супориданд. Хусусан, ихтисосҳои тиббӣ, риёзӣ ва техникӣ дар як ҳолати фоҷиавӣ қарор дорад. Агар хато накунам дар Донишгоҳи миллӣ 14 ихтисос аз набудани донишҷӯён маҳкам шуданд”.

Баста шудани теъдоде аз ихтисосҳо дар бархе мактабҳои олиро Вазорати маориф ва илм ба куҳна шудани ихтисос ва якҷоя кардан бо ихтисосҳои дигар медонад.

Муҳсин Саидшозода, як масъули Вазорати маорф ба Радиои Озодӣ гуфт, “вобаста ба талаботи бозори меҳнат ихтисосҳое, ки фаъолият мекунанд, мебинанд, ки имсол камтар бошад, соли оянда ихтисоси нав талаб мекунанд. Дар якҷоягӣ бо Агентии назорат дар соҳаи маориф ихтисоси навро ба роҳ мемонанд”.

Аммо Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик ба ин назар аст, ки касодии бозори кор дар Тоҷикистон сабаби аслии аз таҳсил дур мондани ҷавонони тоҷик шудааст. Ба таъкиди хонум Бобоназарова, қисми бештари донишҷӯён баъди хатм дар кишвар ҷойи кори муносиб намеёбанд ва ба муҳоҷират мераванд.

Ойниҳол Бобоназарова

“Вақте ки бача медонад, ки ҷойи кор намеёбад, чӣ зарурият аст, он ҷо рафта дохил шудан? Вақте ки падару модарон мебинанд, мехонанд, ки дар артиш латукӯб зиёд аст, чанд воқеаҳои мудҳишро шоҳидем, албатта намехоҳанд, ки фарзандашон таҳсил кунанд.”

Тибқи омори расмӣ, соли гузашта тақрибан 60 ҳазор кас ба мактабҳои оливу миёнаи махсуси Тоҷикистон дохил шуда, бештар аз 11 ҳазор нафари онҳо ба дарс ҳозир нашудаанд. Дар Маркази миллии тестӣ сабабро напардохтани пули шартнома гуфтанд. Бархе аз ҷавонон муқаррароти қонуни хидмат дар артишро далел меоранд.

Бар асоси ин қонун, ки соли 2021 қабул шуд, донишҷӯёне, ки дар кафедраи ҳарбӣ таҳсил мекунанд, бояд як сол хидмат кунанд. Қаблан донишҷӯёни шаш донишгоҳи калони кишвар баъди анҷоми таҳсил ва таҳсил дар кафедраи ҳарбӣ соҳиби билети ҳарбӣ мешуданд. Қонуни нави хизмат дар артиш имтиёзи муҳассилони риштаи магистратура ва докторантураро ҳам барои ба таъхир гузоштани хидмат бекор кард.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Паноҳгоҳ"-е, ки холӣ мешавад. Талош барои довталабон дар Тоҷикистон. ВИДЕОПул ё қонуни артиш. Чаро таваҷҷуҳ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон кам шуд? ВИДЕОМаркази тестӣ ба довталабон шанси дигари донишҷӯ шудан додааст. ВИДЕО