Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази тестӣ ба довталабон шанси дигари донишҷӯ шудан додааст. ВИДЕО


Маркази миллии тестӣ ва ҷараёни яке аз имтиҳонҳо дар Душанбе.
Маркази миллии тестӣ ва ҷараёни яке аз имтиҳонҳо дар Душанбе.

Маркази миллии тестии Тоҷикистон имсол тасмим гирифтааст барои иҷрои нақшаи пешбинишуда ба довталабоне, ки аз имтиҳонҳои вуруд ба донишгоҳу донишкадаҳо нагузаштаанд, шонси дигаре диҳад.

Абдулвосит Шодиниё, муовини аввали директори марказ, рӯзи 19-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар маҷмӯъ дар ду даври озмун аз миёни 82 ҳазору 718 довталаб ҳудуди 60 ҳазор сазовори унвони донишҷӯ шуданд. Ба иттилои расмӣ, имсол муассисаҳои таълимӣ дар умум мунтазири беш аз 95 ҳазор донишҷӯи нав буданд.

Абдулвосит Шодиниё гуфт: "Марказ бо мақсади додани имконияти дохилшавӣ ба довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни асосӣ ва такрорӣ аз рӯи ягон ихтисоси интихобнамудаашон дохил нашуданд, тақсимоти такрории иловагӣ, ё тақсимоти сеюмро баргузор мекунад. Чанд соли пеш ин раванд бино бар масъалаҳои муайян, аз ҷумла вобаста ба нақшаи қабул ба роҳ монда намешуд."

Маркази тестӣ мегӯяд, ҳануз шанси донишҷӯ шудан ҳаст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

Тибқи натиҷаҳои тақсимоти такрории Маркази миллии тестӣ, аз бештар аз 11 ҳазор довталаб, ки дар тақсимот ширкат карданд, зиёда аз 8 ҳазори онҳо ба донишгоҳҳои олӣ ва муассисаҳои миёнаи махсус, ё касбӣ шомил шудаанд. Дар ин даври тақсимот бештар аз 16 ҳазор довталаб ҳаққи ширкат доштааст, аммо 5 ҳазори онҳо аз ширкат дар тақсимоти такрорӣ худдорӣ кардаанд.

Эълони шонси дигар барои ба донишгоҳ дохил шудани довталабон дар ҳоле садо медиҳад, ки аз ҳудуди 60 ҳазор довталабе, ки аз имтиҳонҳои марказ гузаштаанд, 10 ҳазори онҳо ба муассисаҳои таълимиашон ҳозир нашуданд. Дар Маркази миллии тестӣ далели инро ба омилҳои гуногун, аз қабили сари вақт пайдо накардани маблағи шартнома, бехабар мондани довталабон ва вазъи оилавӣ унвон намуданд.

Хайриниссо Маҳмадназарова, сокини ноҳияи Шаҳритусро духтараш аз имтиҳони Маркази миллии тестӣ гузаштааст, вале натавонистааст, сари вақт ба муассисаи таълимӣ ҳозир шавад, то санадҳои худро супорад.

"Духтарам дар даври аввал дохил шуд. Дар натиҷаи беморӣ омада натавонистем. Рӯзи 9 август ҳамроҳи духтарам барои супурдани ҳуҷҷатҳо ба коллеҷи ҷумҳуриявӣ омадем, гуфтанд ҷамъ карда рафтанд, шумо ба Маркази тестӣ равед. Инҷо омадем, духтарчаам ҳамроҳам буд, гуфтанд рӯзи 19-уми август биёед, омадам, ариза навиштам, интизор ҳастам, ки ҷавобаш чӣ мешавад"- гуфт, ӯ.

Чаро ҷавонон донишҷӯ шудан намехоҳанд?

Масъалаи кам шудани таваҷҷӯҳи ҷавонон ба таҳсил дар донишгоҳҳои кишвар, ё коҳиши довталабони донишгоҳҳоро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе коршиносон ба қонуни нави хидмати ҳарбӣ рабт медиҳанд. Аз ҷумла профессор Абдураҳмон Қурбонов гуфта буд, ба таври назаррас кам шудани теъдоди довталабони таҳсил дар мактабҳои олӣ натиҷаи қабули қонуни нави даъват ба артиш аст.

Қонуни нави хидмат дар артиши Тоҷикистон дар аввали соли 2021 қабул шуд. Бар асоси он донишҷӯёне, ки дар кафедраи ҳарбӣ таҳсил мекунанд, бояд як сол хидмат кунанд ва муҳассилони риштаи магистратура ва докторантура ҳаққи ба таъхир гузоштани хидматро надоранд. Пештар донишҷӯёни шаш донишгоҳи калонтарини кишвар баъди хатми кафедраи ҳарбӣ соҳиби билети ҳарбӣ мешуданд. Онҳое, ки дар риштаи магистратура ва аспирантура таҳсил мекарданд, дар вақти таҳсил аз хидмат дар артиш озод буданд.

Як омӯзгори донишгоҳ, ки нахост номаш бурда шавад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ташрифи довталабон ба донишгоҳҳо имсол нисбат ба солҳои пеш воқеан ҳам кам аст ва чунин омил боис шудааст, ки Маркази миллии тестӣ озмуни тақсимоти сеюмро ба роҳ монад, вале ба қавли ӯ ин роҳи ҳалли масъала шуда наметавонад. Ӯ афзуд: "Бо истифода аз ҳар роҳе талош мешавад, нақшаро пур кунанд, вале ин кори осон нест, намешавад бачаро маҷбур ба донишгоҳ овард.»

Тақсимоти даври сеюм аз 24 то 26-уми август ба роҳ монда мешавад. Ба иттилои Маркази миллии тестӣ, довталабоне, ки дар ду озмуни гузашта комёб нашудаанд, имкони ширкат дар ин озмунро доранд. Маркази миллии тестӣ дар Тоҷикистон ҳафт сол пеш ба кор шурӯъ кард ва мақомот гуфтанд, ки ҳадаф аз он ҷорӣ кардани шеваи замонавӣ, бидуни фасод ва одилонаи қабули довталабон ба таҳсили мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус мебошад. Вале бо вуҷуди ин, танқид аз шеваи супурдани имтиҳонҳову қабул ба донишгоҳ ва сатҳи дониши довталабон кам нест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG