"Суръати баланд, фасод ё бефарҳангӣ". Чаро тасодуфҳои маргбор кам намешаванд?

Акс аз садамае дар шаҳри Хуҷанд. Соли 2021.

Тасодуфи мудҳиш дар ноҳияи Файзобод, ки боиси марги 11 нафар шуд, бори дигар баҳси фарҳанги ронандагӣ дар кишварро доғ кард. Мақомот мегӯянд, чунин садамаҳо бештар ба далели аз меъёр зиёд будани суръати ҳаракати мошин ва ба самти муқобил баромадани онҳо рух медиҳанд. Аммо, ҳуқуқдонҳо ба ин назаранд, ки сатҳи пойини фарҳанги ронандагӣ ва бемасъулиятӣ дар додани ҳуҷҷати ронандагӣ боиси ин садамаҳои маргбор мешаванд.

Шоми 2-юми июл, ду мошини навъи “Опел” дар ҳудуди деҳаи Шаҳтакиёни ноҳияи Файзобод бо ҳам бархӯрданд ва ин ҳодиса боиси ҳалокати 11 нафар, аз ҷумла 3 кӯдак шуд.

Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ дар шарҳи чунин садамаҳо гуфт, "сабабаш ин аст, ки ронандаҳо бо суръати баланд ба самти муқобили роҳ мебароянд. Азбаскӣ суръаташон баланд аст, мошинро идора карда наметавонанд ва садамаи фалокатбор рух медиҳад".

Садама дар Файзобод

Сухангӯи ВКД афзуд, ба ғайр аз Файзобод, рӯзҳои ахир дар ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Ёвон ва Данғараи вилояти Хатлон ҳам садамаҳои нақлиётӣ рух дод, ки дар ин ҳодиса то даҳ нафари дигар ҷон бохт.

Рӯзи 4-уми июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пахш шуд, ки дида мешавад мусофирбари хатсайри "88" дар Душанбе бо даҳҳо мусофир чаппа шудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ин мусофирбар чароғакро сурх гузаштааст ва дар натиҷа як сабукрави дигар ба он бархӯрдааст. Дар бораи вазъи саломатии мусофирон феълан иттилои дақиқе дар даст нест.

Бархе аз соҳибназарон зимни нигаронӣ аз вуқӯи садамаҳои пурталафот мегӯянд, ҷазо барои нақзи қонуни ҳаракат дар роҳ бояд сангинтар шавад. Бархе дигар мушкилро дар низоми додани шаҳодатномаи ронандагӣ ва ҷой доштани фасод дар ин бахш медонанд.

Бахтиёр Насруллоев, вакили мудофеи тоҷик мегӯяд, ҷазо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бе ин ҳам сангин мебошад. Насруллоев сабаби зиёд рух додани садамаҳои пурқурбониро "дар бемаданиятии худи ронандаҳо ва мактабҳои ронандагӣ" медонад.

"Мактабҳои ронандагӣ ҳарчанд тибқи литсензия фаъолият мекунанд, вале ҳамаашон хусусӣ мебошанд ва ҳангоми додани ҳуҷҷатҳои ронандагӣ аз тарафи масъулони ин мактабҳо бемасъулиятӣ хеле зиёд аст".

Дар Тоҷикистон шаҳрвандон барои гирифтани иҷозатномаи ронандагӣ дар мактабҳои махсус таҳсил мекунанд, вале кормандони БДА аз онҳо имтиҳон мегиранд. Дар гузашта ҳолатҳои фасод дар ин бахш расонаӣ шуда буд. Аз ҷумла, соли 2021 Оҷонсии зидди фасод, мудири мактаби ронандагии “Чархи Роғун”-и шаҳри Истаравшанро бо гумони фасодкорӣ боздошт карда буд. Мақомот он вақт гуфта буданд, Неъматулло Ибодуллозода барои омода кардани “шаҳодатномаи ронандагии дараҷаҳои “В,С,Е” аз як нафар 8200 сомонӣ талаб кардаанд.

Нашрияи “Қонун ва ҷомеа”-и ВКД пештар навишта буд, дар се моҳи аввали имсол тақрибан ҳар рӯз як нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҳалок шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

ВКД садамаи пурқурбонӣ дар Дарвозро шарҳ додДар бархӯрди мудҳиши мошинҳо дар Файзобод 11 нафар кушта шудандҲалокати ду корманди Идораи зиндонҳо дар ТоҷикистонДар фалокате дар Ишкошим ҳафт нафар куштаву маҷруҳ шудаандМарде, ки барои хушҳолии маъюбон кор мекард, дар садамае ҷон бохт. ВИДЕО