Дар натиҷаи бархӯрди мошинҳо дар ноҳияи Файзобод 11 нафар ба ҳалокат расида, 4 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Хурдтарин ҷонбохтаи ин фалокат 2 ва бузургтаринаш 64-сола будаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар хабарномае гуфт, фоҷеа рӯзи 2-уми июл дар ҳудуди деҳаи Шаҳтакиёни ноҳияи Файзобод рух додааст.
Ба гуфтаи вазорат, ронандаи автомашинаи "Опел-Астра", Маҳмадсодиқи Маҳмадюсуфи 30-сола ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Ваҳдат ба самти муқобили роҳ баромада, ба нақлиёти Бобоҷон Шарипови 21-сола бархурдааст. Қурбониёнро, ки ду ва ё се нафарӣ узви як оила ҳастанд, рӯзи 3 юми июл ба хок супурдаанд.
Дар наворе, ки корбарони Озодӣ ирсол кардаанд, дида мешавад ду мошин дар роҳ сахт осеб дидаанд. Дар навори дигар камаш 6 нафари олуда ба хун рӯйи замин ва кати беморӣ дида мешаванд.
Тасодуфи маргбор дар ҳоле рух додааст, ки мақомот ҳамин ахиран аз марги тақрибан 13 нафар дар се рӯзи ахир хабар доданд. Аксари ин мавридҳо зимни беэҳтиётӣ ва камтаҷрибагии ронандаҳо рӯй додаанд. Баъзе аз ронандагон роҳҳои душворгузарро далел меоранд.