Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар фалокате дар Ишкошим ҳафт нафар куштаву маҷруҳ шудаанд


Роҳҳои куҳистонӣ ва хатарнок яке аз сабабҳои садамаҳои нақлиётӣ ба ҳисоб мераванд.
Роҳҳои куҳистонӣ ва хатарнок яке аз сабабҳои садамаҳои нақлиётӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Ишкошим ҳафт сокини ноҳия куштаву захмӣ шудаанд. Вазорати умури дохилӣ рӯзи 6-уми ноябр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, фалокат рӯзи 5-уми ноябр дар қаламрави ноҳия рух додааст.

Дар баёния омадааст, ки ронандаи мусофирбари тамғаи “Муссо” Сангалихон Искандархонов ҳангоми ронандагӣ дар яке аз роҳҳои канори рӯдхонаи Панҷ, идораи мошинро аз даст додааст ва мошин “ба соҳили дарёи “Панҷ” чаппа шудааст.” Дар натиҷаи фалокат як ҷавони 35-сола ва зани 43-сола дар ҷойи ҳодиса ҷон додаанд ва панҷ нафари дигар аз ҷумла як духтари 10-сола ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон солона садҳо нафар дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ куштаву маҷруҳ мешаванд ва роҳҳои куҳистонии хатарноку душворгузар ва мошинҳои фарсудаву риоят накардани қоидаҳои ҳаракат аз сабабҳои аслии фалокатҳову ҷон бохтани сокинон ба ҳисоб мераванд.

XS
SM
MD
LG