Сӯзондани нусхаи Қуръон дар шаҳри Стокҳолм, маркази Шветсия, вокунишҳои густарда ва тундро дар баъзе аз кишварҳои исломӣ ва мусулмонӣ ба бор овард. Мақомоти Туркия ин амалро маҳкум карданд. Таҳлилгарон мегӯянд, ин воқеа эҳтимол ба Раҷаб Таййиб Эрдуғон "дастак" хоҳад шуд, ки ба дархости Шветсия барои пайвастан ба паймони низомии НАТО "не" бигӯяд.
Рӯзи 28-уми июн мусулмонон Иди Қурбонро ҷашн гирифтанд. Салвон Момикаи 37-сола аз Ироқ, ки дар Шветсия зиндагӣ мекунад, дар беруни калонтарин масҷиди Стокҳолм як нусхаи китоби Қуръонро зери по кард ва чанд саҳифаи онро даронду сӯзонд.
Туркия, ки узви паймони НАТО аст, сӯзондани китоби муқаддаси мусулмононро дар Шветсия "нафратангез" хонд ва маҳкум кард. Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз ҳодисаи моҳи январи имсол дар Стокҳолм ёд овард, ки он замон низ нусхае аз Қуръонро сӯзонданд ва ӯ ба пайвастани Шветсия ба НАТО мухолифат карда буд.
Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба назари баъзе аз таҳлилгарон, пирӯзии Эрдуғон дар интихоботи моҳи май мавқеи ӯро дар музокирот бо аъзои НАТО қавитар карда. Таҳлилгар Аслӣ Айдинтошбош аз Вашингтон, мегӯяд, "мо ингуна мавзеъгириро зоҳиран зиёдтар мебинем. Эрдуғон бо илҳом гирифтан аз пирӯзӣ ва набуди интихобот дар панҷ соли оянда, қимати Туркияро барои қабули Шветсия ба НАТО болотар мебарад."
Эрдуғон аз қабл мухолифи пайвастани Шветсия ба НАТО буд, чун ин кишварро ба пуштибонӣ аз ҷудоиталабони курд муттаҳам мекунад. Гуруҳе, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ шинохтаанд.
Раиси ҷумҳурии Туркия мехоҳад, Стокҳолм пуштибониро аз Ҳизби Коргарии Курдистон бас карда, аъзову пайравонашро ба Анкара супорад. Вазири корҳои хориҷии Шветсия рӯзи сешанбе гуфт, ҳукумат ба дархостҳои амниятии Анкара посух додааст.
Таҳлилгарон мегӯянд, калиди ҳалли масъала дар дасти Вашингтон аст. Туркия мехоҳад, Амрико барояш ҳавопаймоҳои ҷангии F-16 бифурӯшад ва ба навсозии сипоҳи баҳриаш иҷозат бидиҳад. Ҳусейн Боғчӣ аз Пажӯҳишгоҳи сиёсати хориҷӣ дар Анкара бовар дорад, ки Туркия бо Вашингтон дар ниҳоят забон хоҳанд ёфт.
"Амрико ҳавопаймоҳои нави F-16 медиҳад ва модернизатсияи онҳоро фароҳам мекунад. Фикр намекунам, Туркия раванди тавсеаи НАТО-ро боздорад. Аммо дар ҳоли ҳозир ҳарчи бештар узвияти Шветсия ба таъхир гузошта шавад, ҳамон андоза ба нафъи Русия аст," -- хулоса кард ӯ.
Президенти Амрико Ҷо Байден ба фурӯхтани ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба Туркия пуштибонӣ кард, аммо метавонад монеаҳои дигар пеш биояд. Таҳлилгарон мегӯянд, Эрдуғон умедвор аст, дар ивази ризояташ ба пайвастани Шветсия ба НАТО ба Вашингтон даъват шавад.
Ба назари Сарҳад Гуванч, профессори равобити байнулмилал, "Эрдуғон беш аз бист сол боз дар сари қудрат аст. Байден ягона раиси ҷумҳурии Амрикост, ки аз мулоқот бо ӯ ҳам дар Амрико ва дар ҳам Туркия парҳез кардааст. Аз ин рӯ, эҳтимол яке аз авлавиятҳои Эрдуғон хотима додан ба ҳамин ҷудоӣ аз Вашингтон бошад.”
Таҳлилгарон мегӯянд, нишасти қарибулвуқӯи НАТО ба раҳбарони Амрико ва Туркия имкон медиҳад, ки ихтилофҳоро канор гузоранд ва барои узвияти Шветсия дар НАТО ва даъвати Эрдуғон ба Вашингтон созиш кунанд.
Танҳо Туркия нест, ки ба сӯзондани Қуръон дар Шветсия эътироз кард. Шуморе аз ироқиҳо ба сафорати Шветсия дар Бағдод ҳамла карданд. Арабистони Саудӣ, Эрон, Миср, Имороти Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Баҳрайн, Марокаш, Сурия, Покистон ва Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ сӯзондани Қуръонро беҳурматӣ номиданду маҳкум намуданд.