Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони 12 қавмгаро барои куштани як тоҷик ва сӯзондани "Қуръон"


Акс аз навори яке аз ҳамлаҳои гурӯҳи “14/88”
Акс аз навори яке аз ҳамлаҳои гурӯҳи “14/88”

Додгоҳи ноҳияи Шербинкаи шаҳри Маскав 12 узви як гурӯҳи қавмгароро бо ҷурми силсилаи ҳамлаҳо дар заминаи адовати қавмиву нажодӣ, аз ҷумла қатли як шаҳрванди Тоҷикистон, ва сӯзондани китоби “Қуръон” дар метрои пойтахти Русия маҳкум ба зиндон кард.

Додгоҳи ноҳияи Шербинкаи шаҳри Маскав 12 нафарро бо ҷурмҳое, чун узвият дар гурӯҳи қавмгаро, ҳамлаҳо дар заминаи адовати қавмиву нажодӣ ва сӯзондани китоби барои мусалмонон муқаддаси “Қуръон” дар метрои пойтахти Русия ба мӯҳлати аз 5 соли зиндон шартӣ то 10 соли зиндон маҳкум кард.

Дар додгоҳи Шербинка рӯзи 19 июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аъзои ин гурӯҳ аз ҷумла ба латукӯби шаҳрвандони Тоҷикистон бо калтакҳои оҳанин айбдор мешуданд. Як шаҳрванди Тоҷикистон бар асари ин ҳамла ҳалок шудааст. Аммо намояндаи додгоҳ аз гуфтани исми ин шаҳрванди тоҷик ва ҷузъиёти дигари ҳамла ба муҳоҷирони тоҷик аз сӯи ин гурӯҳи қавмгаро худдорӣ кард.

Мавриди дигари ҳамлаҳои пурсарусадои аъзои ин гурӯҳ, ки худро ҳамчун гурӯҳи “14/88” ва ҳадафи худро пок кардани Русия аз “мардуми ғайр” муаррифӣ мекарданд, сӯзондани китоби “Қуръон” дар метрои Маскав дар соли 2013 будааст. Дар наворе, ки баъди ин ҳамла дар Интернет нашр шуд, ҳамлагарон китоби “Қуръон”-ро дар ҳузури мусофирон оташ зада, як мусофири зоҳиран зодаи Осиёи Марказиро маҷбур мекарданд, ки аз дини Ислом даст бикашад. Ин ҳамла рӯзи 31 декабри соли 2013 сурат гирифта, ба гуфтаи пулис, се узви гурӯҳи “14/88” қабл аз онки дар истгоҳи метрои “Старокачаловская” “Қуръон”-ро оташ бизананд, раҳ ба раҳ дар дохили метро боз ба чандин нафари симояшон “ғайриславянӣ” ҳамла кардаанд.

Ин 12 нафарро дар баҳори соли 2015 дастгир карданд, вале давраи авҷи фаъолиятҳои гурӯҳи “14/88” ба ҳамон соли 2013 рост меояд.

Пайравони он ба раҳбарии сокини ноҳияи Твер Александр Соколов маъракаеро бо номи “Вагони сафед” ба роҳ андохта, тайи ин маърака дар метрои Маскав ба онҳое, ки ба ақидаи инҳо, симои “ғайриславянӣ” доштанд, ҳамла мекарданд ва ин ҳамлаҳоро ба навор гирифта, дар Интернет пахш мекарданд. Як навори видеоии ҳамлаи ин гурӯҳ, ки бо нидои “Бикуш! Бикуш!” ба мусофирони симояшон “ғайриславянӣ”-и метроро латукӯб мекарданд, се сол пеш дар Интернет хеле сару садо кард ва ҳомиёни ҳуқуқ онро ҳатто як намунаи хеле бади “уфти ахлоқии ҷомиаи Русия” номиданд. Дар навор дида мешуд, ки маъмурони пулис барои пешгирӣ аз ин латукӯби оммавии мардуми ғайрирус майли чандоне нишон намедиҳанд ва бештар ба тамошобин мемонанд, то ба масъули таъмини тартибот.

Додгоҳи Шербинка Александр Соколов, раҳбари гурӯҳи “14/88”-ро ба 10 соли зиндон ва се узви ин гурӯҳро, ки ҳангоми содир кардани ҷиноятҳояшон ноболиғ будаанд, аз 4,5 то 5 соли маҳкумият дар колонияи тарбиявӣ маҳкум кард. Аъзои дигари ин гурӯҳ ба мӯҳлати аз 4 то 6 сол ҳукми зиндон гирифтанд. Ба истиснои Сергей Лихачёв, ки барои ҳамкориаш бо тафтишот ҳукми аз ҳама сабук – 5 соли зиндони шартӣ гирифт.

Додгоҳ аъзои гурӯҳи “14/88”-ро дар ҷурмҳое, чун ҳамлаҳо дар заминаи адовати қавимю нажодӣ, барангехтани хусумат, паст задани шаъну шарафи инсонӣ, авбошӣ ва онҳоеро, ки дар куштани шаҳрванди тоҷик даст доштанд, ҳамчунин дар куштор гунаҳкор шинохт.

Намояндаи додгоҳи Шербинка гуфт, Соколов ва Лихачёв дар ҷараёни мурофиа ба гуноҳи худ пурра ва дигар аъзои гурӯҳ қисман эътироф карданд.

Оксана Михалкина, вакили мудофеи яке аз аъзои гурӯҳи “14/88” ба Озодӣ гуфт, ӯ бо муваккилаш масъалаи эътироз овардан ба ҳукми содиршударо баррасӣ мекунад, вале ҳанӯз тасмиме дар ин замина нагирифтаанд.

Ҳаракатҳои қавмгаро дар Русия бахусус дар як даҳсолаи охир авҷ гирифтанд ва ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, ҳоло беш аз 50 000 нафар, аксар ҷавонону наврасон аз чунин ақидаҳову гурӯҳҳо фаъолона пайравӣ мекунанд. Александр Верховский, раҳбари маркази “Сова” – як созмони ҳомии ҳуқуқ, ки ҳамлаҳои гурӯҳҳои қавмгаро ба мардуми “бегона”-ро дар Русия пайгирӣ мекунад, шумори пайравони ҳаракатҳои қавмгаро дар ин кишварро “баробари ду дивизияи комил” меномад.

Гуфта мешавад, дар ду соли охир фаъолияти чунин гурӯҳҳо дар Русия як каме рӯ ба коҳиш овардааст, вале ба ҳисоби “Сова”, дар тӯли соли 2015 дар ин кишвар бар асари ҳамлаҳои гурӯҳҳои қавмгаро дастикам 9 нафар кушта ва дастикам 68 тан захмӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG