Додгоҳи ноҳияи Черемушкии шаҳри Маскав Александр Соколовро, ки шаби таҷлили соли нави - 31 ба 1 январ - ҳамроҳи як гурӯҳ «Қуръон» - китоби муқаддаси мусалмононро дар пеши чашми мардум оташ задааст, то 9 марти соли равон ба ҳабси пешакӣ гирифт. Қозии парванда Наталя Журавлёва гуфт, ки додгоҳи рӯзи 16 январ «дар пайи шунидани назари тарафҳо, қарор кард, ки дархости тафтишотро қонеъ сохта, Соколовро то 9 март ба ҳабс бигирад.» Ба ақидаи тафтишот, Соколов, ки қаблан ҳам маҳкум ба зиндон шудааст, дар ғайри сурати ҳабс метавонад аз масъулият фирор кунад.
Ношири ин хабар – хабаргузории русии ИTАР-ТАСС менависад, ки алайҳи Александр Соколов, сокини 23-солаи вилояти Твер бар асоси қисми дувуми моддаи 213-уми Кодекси ҷиноии Русия (авбошие, ки аз тарафи як гурӯҳ содир шудааст) парванда боз кардаанд ва ба ӯ дар сурати дар додгоҳ дайн шудани иттиҳоми эълоншуда то 7 соли зиндон таҳдид мекунад. Ӯ қаблан бо ҷурми дуздиву ғоратгарӣ 2 солро дар маҳбас сипарӣ карда буд.
Александр Соколов, ки рӯзи 14 январ дастгир шуд, иттиҳоми даст доштанаш дар сӯзондани китоби «Қуръон»-ро эътироф кардааст ва ба ҳукми ҳабсаш дар додгоҳ низ мухолифат накард.
Дар навори видеоие, ки дар рӯзи аввали соли нав дар Интернет пайдо шуд, як гурӯҳи ҷавонон китоби «Қуръон»-ро дар мазҳари ом сӯзонда, ҳамзамон дар бораи ин китобу дини Ислом ва мусалмонон ҳарфҳои таҳқиромез мегӯянд ва дар ниҳоят як мусофири зоҳиран ғайрирусро дар метрои Маскав зери зарбу лат гирифта, талаб мекунанд, ки аз Оллоҳ ва аз дини Ислом даст бикашад ва дар ҳаққи ин дин мисли онҳо носазо бигӯяд. Дар ин навори нашршуда аъзои ин гурӯҳ ҳамчун мухлисони тими футболи ССКА-и Маскав муаррифӣ мешаванд, вале ин иддаои онҳо ҳанӯз расман тасдиқ ё рад нашудааст.
Нашри ин навор мавҷи эътирозҳову маҳкумиятҳоро дар ҷомиа, бахусус аз сӯи ҳомиёин ҳуқуқи башар ва созмонҳои мусалмонии Русия ба дунбол дошт. Раҳбари пулиси Маскав Анатолий Якунин дар пай амр дод, ки барои маълум кардани омилони ин иқдоми, ба гуфтаи ӯ, иғвогарона гурӯҳи вижаи тафтишотӣ созмон бидиҳанд. Ба ин гурӯҳ муяссар шуд, ки ба зудӣ Александр Соколов – яке аз гумонбарон дар сӯзондани «Қуръон»-ро мушаххас ва рӯзи 14 январ ӯро боздошт кунанд.
Мақомоти тафтишот ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтаанд, ки шарикони Соколовро низ мушаххас шудаанд. Манбаъи ИТАР-ТАСС гуфтааст, «парванда феълан танҳо дар мавриди сӯзондани «Қуръон» боз шуда, тафтиши мавриди таҳқири як мард ҳанӯз идома дорад.»
Бино ба навиштаи расонаҳои Русия, аз ҷумла ИТАР-ТАСС, дар шаби соли нав нусхаи «Қуръон»-еро сӯзонда буданд, ки Эмир Қулиев ба русӣ тарҷума кардааст. Додгоҳи шаҳри Новороссийски Русия ин тарҷумаро адабиёти ифротӣ ҳукм карда буд, ки ба мавҷи эътирозҳо дар саросари Русия рӯбарӯ шуд. Дар пай, додгоҳи вилояти Красноярск ин ҳукми додгоҳи шаҳриро бекор кард.
Ба нишони эътироз ба оташ додани китобҳои «Қуръон» бори аввал нест. Роҳиби амрикоӣ Террӣ Ҷонс дар таърихи 28 апрели соли 2012 дар саҳни ҳавлиаш дар аёлати Флорида китобҳои “Қуръон”-ро сӯзонда буд. Ин роҳиб бо гуфтори тунди зиддиисломиаш шӯҳрат дорад ва оташзании китоби муқаддаси мусалмонҳо аз ҷониби ӯ ба мавҷи шадиди маҳкумиятҳо дар саросари ҷаҳон ва эътирозҳои хушунатомез дар кишварҳои мусалмонӣ рӯбарӯ шуд.
Қабл аз ин амал чандин шахсияти мӯътабари Амрикову дунёи ғарб, ҳатто раисиҷумҳури Амрико Барак Обама шахсан аз Террӣ Ҷонс хоста буданд, ки аз чунин аъмоле, ки метавонад боиси фитна байни адёни мухталиф шавад, худдорӣ кунад.
Ҷамъи пайравони дини Ислом дар дунёи муосир тақрибан 1,5 миллиард нафар гуфта мешавад. Дар Русия, ки ҷамъи аҳолиаш 143 миллион нафар баровард мешавад, тақрибан 20 миллион мусалмон ба сар мебаранд.