Президенти Русия мардуми кишварашро ба ягонагӣ даъват кард ва ваъда дод, ки барои ҳифзи Русия "тамоми корро" мекунанд.
Баёнияи Владимир Путин рӯзи 24-уми июн ва пас аз он садо дод, ки зархаридони "Вагнер" ба раҳбарии Евгений Пригожин шаҳри Ростови лаби Донро дар ҷанубу ғарби Русия ишғол карда, нақшаи ҳаракат ба самти Маскавро доранд.
Ростов як пойгоҳи асосии ҳамлу нақл барои ҷанги Русия дар Украина аст. Ширкати хусусии ҳарбии "Вагнер" аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина ҳазорҳо нафарро ба майдони ҷанг бурда.
Путин дар паёми телевизионӣ рӯзи 24-уми июн рафтори зархаридони "Вагнер"-ро дар шаҳри Ростов "шӯриши мусаллаҳона" номид ва гуфт, барои ба эътидол овардани вазъ дар ҷанубу ғарби Русия "чораҳои қатъӣ" меандешанд. Вай афзуд, Пригожин ба дунболи “хостҳои шахсӣ” ба кишвараш "хиёнат" кард.
Пригожин дарҳол ба иддаои Путин ҷавоб дод ва дар як паёми садоӣ дар Telegram гуфт, ки раиси ҷумҳурии Русия “сахт хато мекунад". Вай, баръакс, худашу ҷангҷӯёнашро “ватандӯст” номид.
"Ин зарба ба Русия ва мардуми мост… Онҳое, ки дидаву дониста роҳи хиёнатро интихоб карданд, шӯриши мусаллаҳона омода намуданд, роҳи шантаж ва усулҳои террористиро пеш гирифтанд, ногузир ҷазо хоҳанд гирифт. Ҳам дар назди қонун ва ҳам дар назди мардум ҷавоб хоҳанд дод," – гуфт Путин рӯзи 24-уми июн.
Чанд мансабдори баландпоя, аз ҷумла Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури пешин ва Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ аз даъвати Путин пуштибонӣ карданд. Володин гуфт, "ҷангҷӯёни "Вагнер" бояд бо халқи худ ва дар тарафи қонун бошанд, амният ва ояндаи ватанро ҳифз кунанд ва амри сарфармондеҳи олиро иҷро намоянд. Ҳар чизи дигар хиёнат аст."
Пригожин субҳи 24-уми июн дар Telegram хабар дод, ки нерӯҳояш иншооти низомиро дар шаҳри Ростови лаби Дон ишғол карда, фурудгоҳро зери назорат доранд. Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, мошинҳои низомӣ, аз ҷумла тонкҳо дар кӯчаҳои Ростови лаби Дон дида мешаванд.
Мудири ширкати хусусии “Вагнер” аз сарватмандони наздик ба раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар ин ҷанг шарик аст. Ӯ то кунун ҳазорҳо нафарро ба тарзи қарордодӣ ва ҳазорҳо маҳбус, аз ҷумла тоҷикони зиндониро бо ваъдаи афв ба майдони ҷанг бурдааст. Вазири дифои Русия ва раиси Ситоди кулли нерӯҳои ин кишварро ба "наслкушӣ" ва нокомии амалиёт дар Украина гунаҳкор медонад.
"Мо мехоҳем сардори ситоди артиш [Валерий Герасимов] ва [вазири дифои Русия Сергей] Шойгуро гирем. То замоне ки онҳо наоянд, дар ин ҷо мемонем. Шаҳри Ростовро мебандем, ба сӯйи Маскав меравем. Мо Русияро наҷот хоҳем дод," -- гуфтааст ӯ рӯзи 24-уми июн.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вазорати дифои Бритониё рӯзи 24-уми июн гуфт, "қисме аз нерӯҳои “Вагнер” ба шимол тавассути вилояти Воронеж ҳаракат мекунанд ва тақрибан ҳадафи расидан ба Маскавро доранд".
Бино ба гузоришҳо, артиши Русия ба сӯйи нерӯҳои “Вагнер” дар шоҳроҳе ба самти Маскав тир андохтааст. Хабарнигори “Ройтерс” гузориш дод, ки рӯзи 24-уми июн оташ кушодани чархболҳои артиши Русияро ба сӯи нерӯҳои “Вагнер” шоҳид шуд.
Хабаргузории Рейтерз бо такя ба як манбаи амниятии Русия рӯзи 24-уми июн хабар дод, ки ҷангҷӯёни "Вагнер" иншооти низомии шаҳри Воронежро воқеъ дар 500-километрии ҷануби Маскав зери назорат даровардаанд. Рейтерз ва Радиои Озодӣ натавонистанд, ин иддаоро мустақилона таъйид кунанд.
Раиси Воронеж Александр Гусев хабарҳоро дар бораи ҳаракати техникаҳои низомӣ дар ҳудуди вилоят “дурӯғ” номид.
Михайло Подоляк, мушовири аршади раиси ҷумҳурии Украина, иқдоми Пригожинро “амалиёт”-е номид, ки ихтилофи шадидро миёни элитаи ҳукмрон дар Русия бармало кард. Ба гуфтаи ӯ, “ҳама чиз дар Русия нав оғоз шуд”.