Владимир Путин, президенти Русия рӯзи 17-уми июн ҳангоми мулоқоташ бо раҳбарони кишварҳои африқоӣ санадеро бо номи "Созишнома дар бораи Украинаи бетараф" нишон дод.
Ба гуфтаи ӯ, ин созишнома дар оғози ҷанг дар соли 2022 ҳангоми музокироти тарафҳо дар Истамбул таҳия шуда буд. Ӯ иддао кард, ки бо айби Украина ин созишнома имзо нашуд.
Мақомоти Украина Русияро як кишвари ғосиб медонанд ва борҳо гуфтаанд, ки ба шартҳои ғасбкоронаи ин кишвар розӣ нахоҳанд шуд.
Путин гуфт, созишнома дар бораи "Бетарафии доимӣ ва таъмини амнияти Украина" аз 18 банд иборат аст ва дар он ин нукта, ки Украина бояд чӣ миқдор сарбозу аслиҳаи ҷангӣ дошта бошад, зикр шудааст.
"Мо аз музокирот даст накашидем. Тарафи Украина аз музокирот даст кашид,"--гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, Украина чунин тасмимро пас аз берун шудани низомиёни рус аз атрофи Киев гирифт.
Вохӯрии ҳайати Русия ва Украина дар Истамбул дар моҳи марти соли 2022, чанд ҳафта пас аз оғози ҷанг, сурат гирифт.
Он замон хабар расида буд, ки Киев ба Маскав созишномаи таҳиякардаи худро пешниҳод кардааст.
Моҳи март Русия нерӯҳояшро аз атрофи Киев берун кард. Мақомоти украинӣ низомиёни русро дар Буча, шаҳри наздики Киев, ба наслкушӣ айбдор карданд. Пас аз ин дигар ду ҷониб музокираро давом надоданд.
Тирамоҳи соли гузашта Русия аз ҳамроҳ кардани чор минтақаи ғасбшуда ба қаламрави худ хабар дод. Дар посух Украина барои шомил шудан ба созмони низомии НАТО ариза дод.
Раҳбарони кишварҳои африқоӣ, ки рӯзи 17-уми июн бо Путин мулоқот доштанд, пеш аз ин ба Киев рафта буданд. Хабаргузории Рейтерз навиштааст, ки ин ҳайат талош доранд, ки Маскав ва Киевро дубора сари мизи музокирот баргардонанд.
Рӯзи 16-уми июн Владимир Зеленский, президенти Украина, гуфт, то замоне ки Русия хоки ин кишварро тарк накунад, музокирот нахоҳад шуд.
Рӯзи 17 -уми июн Путин гуфт, ки Маскав барои гуфтугӯ омода аст, вале Украина намехоҳад.
ИМА ва кишварҳои ғарбӣ аз тарҳи Украина барои сулҳ пуштибонӣ мекунанд. Дар он берун шудани низомиёни рус аз қаламравҳои ишғолӣ, ба ҷавобгарӣ кашидани онҳое, ки даст ба ҷинояти ҷангӣ задаанд, таъкид шудааст.
Йенс Столтенберг, дабири созмони низомии НАТО рӯзи 18-уми июн дар суҳбат бо нашрияи олмонии "Welt am Sonntag" гуфт, пешниҳоди раҳбарони кишварҳои африқоӣ дар бораи қатъи ҷанг бо чунин шева ғайриқобили қабул аст.
Ӯ гуфт, сулҳ замоне ба Украина бармегардад, ки низомиёни рус аз ин кишвар берун шаванд.
Русия рӯзи 24-уми феврали соли 2022 ба Украина ҳамла кард. Дар ин ҳамлаи бедалел ҳазорон нафар куштаву миллионҳо нафар овора шудаанд. Бо гузашти беш аз як сол, Русия пешравие дар ин ҷанг надорад ва беш аз сад ҳазор куштаву захмӣ додааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Дар ҳамлаҳои Русия ба Украина 6 нафар кушта шудаандРаиси ҷумҳури Африқо гуфт, ҷанги Русияву Украина бояд хотима ёбад24 узви гуруҳи "Азов"-и Украинаро дар Русия муҳокима мекунандПрезиденти Чехия хоҳони назорати шаҳрвандони Русия шуд. ВИДЕО4 кишвар ба Украина "садҳо" мушак медиҳандBBC: 40 тоҷикистонӣ дар ҷанги Украина кушта шудаанд