Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

24 узви гуруҳи "Азов"-и Украинаро дар Русия муҳокима мекунанд


Муҳокимаи 24 узви гуруҳи "Азов"-и Украина дар Русия
Муҳокимаи 24 узви гуруҳи "Азов"-и Украина дар Русия

Дар шаҳри Ростови лаби Дони Русия муҳокимаи додгоҳии 24 узви гуруҳи "Азов"-и Украина шуруъ шудааст.

Онҳо ба узвият дар созмони террористӣ муттаҳам мешаванд, зеро Русия "Азов"-ро террористӣ эътироф кардааст.

Ҳамчунин мақомоти Русия аъзои "Азов"-ро ба ғасби худсаронаи ҳудуди ҷумҳурии худхондаи Донетск айбдор мекунанд.

Расонаҳои Русия навиштанд, бештаре аз гумонбарон ба асорат афтодаанд ва ё баҳори соли гузашта дар Мариупол, аз сӯи артиши Русия, боздошт шудаанд.

Дар миёни онҳо 9 зан низ ҳастанд, ки чаҳори нафар ошпази "Азов" ва як тан сардори анбори ин гуруҳ будааст. Занҳо дар додгоҳ гуфтаанд, "ба фаъолияти террористӣ" машғул набуданд.

Петр Ятсенко, намояндаи Ситоди ҳамоҳангсози муносибат бо асирони ҷангии Украина гуфт, додгоҳи аъзои "Азов" "баёнгари поймолсозии Конвенсияи Женева аст".

Гуруҳ ё полки "Азов" ҳамчун дастаи ихтиёрӣ соли 2014 таъсис шудааст. Соли 2015 Конгресси Амрико ба ин гуруҳ ёрии низомӣ расонида буд. Айни замон "Азов" қисме аз неруҳои мусаллаҳи Украинаро ташкил медиҳад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG