Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаҳои Русия ба Украина 6 нафар кушта шудаанд


Мушак ба мошини ғайринизомиёни украинӣ бархӯрдааст.
Мушак ба мошини ғайринизомиёни украинӣ бархӯрдааст.

Мақомоти Украина мегӯянд, дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакӣ ва тӯпхонаии Русия дар 24 соати гузашта дасти кам 6 сокини он кишвар кушта шудаанд.

Айни замон ба гуфтаи фармондеҳони украинӣ онҳо дар ҳамлаҳои ҷавобӣ ба зидди неруҳои Русия пешравии андаке доштаанд. Олег Синегубов, раиси вилояти Харков рӯзи 17-уми июн гуфт, дар натиҷаи бархӯрди як мушаки зиддитонкии Русия ба мошини ғайринизомиён чаҳор нафар ҷон доданд. Ҳодиса дар деҳаи Ҳурйев Козачок, як километр дуртар аз марзи Русия рух додааст.

Дар вилояти Херсон ба гуфтаи раиси ин вилоят Олександр Прокудин дар натиҷаи ҳамлаҳо аз тӯпхона ду нафар кушта ва 25 тани дигар захмӣ шудаанд. Ба қавли ӯ, неруҳои Русия иншооти ғайринизомӣ аз ҷумла маҳаллаҳои аҳолинишин ва муассисаҳои давлатиро дар шаҳри Херсон ҳадаф гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG