Шайх Абдулвоҳид Ториқ, раиси мадориси ҷиҳодии вазорати маорифи ҳукумати Толибон гуфтааст, имсол дар панҷ вилояти Афғонистон мадрасаи ҷиҳодӣ боз карда ва Толибонро ба онҳо шомил кардаанд.
Дафтари девони вазирони ҳукумати Толибон ин ҳафта бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, гуфт, ки Мавлавӣ Абдулкабир, муовини сиёсӣ ва сарпарасти девони вазирони Толибон рӯзи панҷшанбе дар дидор бо Шайх Абдулвоҳид Ториқ дар бораи фаъолият ва сохтори мадрасаҳои ҷиҳодӣ дар Афғонистон гуфтугӯ кардааст.
Дар баёния омадааст, Мавлавӣ Абдулкабир бо ишора ба “аҳамияти мадрасаҳои ҷиҳодӣ” гуфтааст, дар ҳоли ҳозир ба сохтани марказҳои динӣ дар Афғонистон ниёз аст ва аз ин рӯ ҳукумати Толибон ба сохтани ингуна марказҳо ҷиддан таваҷҷуҳ мекунад.
Сарпарасти девони вазирони Толибон дар ин дидор таъкид кардааст, ки дар канори дарсҳои динӣ, улуми муосир изофа шавад, то ки хатмкардагони мадрасаҳои ҷиҳодӣ тавоноии кор дар идораҳои давлатиро дошта бошанд.
Пас аз бозгашт ба ҳукумат дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 Толибон дар пайи таъсису боз кардани мадрасаҳои ҷиҳодӣ шудаанд. Пештар аз ин вазорати маорифи Толибон гуфтааст, ки дар ҳар вилоят як мадрасаи бузурги ҷиҳодӣ месозанд. Ин вазорат то кунун дар вилоятҳои Нуристон, Бомиён ва Панҷшер ингуна мадрасаҳоро боз кардааст.
Ҷанг меомӯзанд, ё Қуръону ҳадис?
Мавлавӣ Ҳабибулло Оғо, сарпарасти вазорати маорифи Толибон ҳангоми боз кардани мадрасаи ҷиҳодӣ дар вилояти Бомиён гуфтааст, ки дар ҳар ноҳия 10 мадрасаи динӣ месозанд. Вазорати маорифи Толибон то кунун шумораи умумии мадрасаҳо дар Афғонистонро мушаххас накардааст, аммо бар асоси омори ҳукумати пешин дар ин кишвар ҳудуди 13 ҳазор мадрасаи динии бидуни сабти ном ва тақрибан 13 ҳазор мадрасаи сабтиномшуда фаъолият мекарданд. Бархе аз огоҳони умур бовар доранд, ки мадрасаҳои ҷиҳодӣ барои пеш бурдани ҳадафҳои шуми Толибон сохта мешаванд.
Аҳмад Саидӣ коршиноси афғон ва яке аз ин огоҳон мегӯяд: “Ҳар қадар мадориси динӣ зиёд мешавад, улуми муосир ба мисли биология, кимиё, ҷуғрофиё моҳияти худро аз даст медиҳанд. Ин як кори шуурӣ барои тақвияти терроризм дар минтақа ва мехоҳанд, марҷаъи аслии ӯ, пойгоҳаш Афғонистон бошад.”
Ҳарчанд Шайх Абдулвоҳид Ториқ раиси Идораи мадориси ҷиҳодии вазорати маорифи Толибон гуфтааст, ки дар ин мадрасаҳо на усулҳои ҷанг, балки Қуръон, ҳадисро дарс медиҳанд, аммо нигаронӣ аз таъсиси ин мадрасаҳо дар Афғонистон зиёд аст.
Фазлҳодӣ Вазин, яке аз олимони дин ба Радиои Озодӣ гуфт: "Мадрасаву мактабҳо бояд дур аз ҳаргуна гароишҳо бошад. Мактабу мадраса ҷойи тадриси тамрини низомӣ, сарбозӣ ва омӯхтани аслиҳа нест. Хусусан дар ин шароите, ки дар Афғонистон неруҳои низомии хориҷӣ вуҷуд надорад, ҷанг поён ёфтааст ва мо ниёзманд ҳастем, то ба сӯи амният, сулҳ ва оромӣ биравем. Биноан дохил кардани мазмунҳои низомиву аскарӣ дар мадрасаву мактабҳо кори нодуруст аст.”
Ҳукумати Толибон замоне ба сохтани мадрасаҳои диниву ҷиҳодӣ таъкид мекунад, ки ду сол боз духтарони синфи болотар аз 6 ҳақққи таҳсил дар мактабро надорад. Соли гузашта ҳам раҳбарони ин гуруҳи ифротӣ дари тамоми донишгоҳҳоро ба рӯи занону духтарон баст.