Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки ДОИШ, "Ал-Қоида", Таҳрики Толибони Покистон, Ҳаракати исломии Узбекистон, Ҷамъияти "Ансоруллоҳ", гурӯҳи "Ҷиҳоди исломӣ" ва бисёре аз гурӯҳҳои тундгаро дар ҳоли ҳозир Афғонистон фаъоланд. Кумитаи таҳлил, ҳимоят ва арзёбӣ аз муҷозоти ин созмон рӯзи сешанбе гузориши 31-уми худро нашр кард. Дар ин гузориш омадааст, ки ин гурӯҳҳои тундрав кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро таҳдид мекунанд.
Бар асоси гузориши ин кумита, гурӯҳҳои тундрав дар Афғонистон озодона рафту омад ва фаъолият мекунанд, чун Толибон стратегияи қавӣ барои тақвияти амният надоранд.
Дар гузориши ин кумитаи Созмони Милали Муттаҳид "Шохаи Хуросон"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз мухолифони ҳукумати Толибон гуфта шудааст. Ин гузориш меафзояд, ки ҳамлаҳои ин гурӯҳ нишондиҳандаи заъфи Толибон дар бахши таъмини амният аст. Гузориши СММ мегӯяд, ки ҷангҷӯёни ДОИШ ба намояндагиҳои дипломатӣ дар Кобул низ ҳамла мекунанд, то ба робитаҳои Толибон бо кишварҳои ҳамсоя низ таъсир бигузоранд.
Бар асоси маълумоти кишварҳои минтақа, дар ин гузориши Созмони Милали Муттаҳид омадааст, ки дар ҳоли ҳозир 3 то 6 ҳазор ҷангҷӯи ДОИШ дар Афғонистон фаъолият мекунанд, ки бахши асосии онҳо дар шарқи ин кишвар ҷойгир ҳастанд.
Ахиран илова ба СММ, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия низ аз ҳузури ДОИШ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ карда буд. Хабаргузории русии ТАСС ба нақл аз Анатолий Сидоров, раиси Ситоди муштараки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ гузориш дод, ки танҳо дар шимоли Афғонистон ҳудуди 4000 ҷангҷӯи ДОИШ фаъоланд.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ҳам рӯзи 15-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки шумораи шаҳрвандони ин кишвар дар гурӯҳҳои тундрав дар Афғонистон пас аз ба сари қудрати омадани Толибон зиёд шудааст. Раҳимзода аз Толибон интиқод кард, ки ба ӯҳдадориҳояшон дар амри мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ амал накарданд ё нахостанд амал кунанд. Ӯ гуфтааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Афғонистон на танҳо дар ҳайати "Ансоруллоҳ", балки дар ҳайати гурӯҳҳои дигар ҳам ҳастанд ва бисёре аз онҳо назди онҳо сабт мебошанд ва онҳоро дар пайгарди байналмилалӣ қарор додаанд.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин нишасти хабарӣ аммо дар бораи шумори дақиқи шаҳрвандони ин кишвар дар сафи гурӯҳҳои тундрав дар Афғонистон оморе ироа накард. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки нерӯҳои интизомии ин кишвар ба таҳдидҳои эҳтимолӣ аз сӯи ДОИШ омода ҳастанд.
Аммо Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон нигарониҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва Русияро беасос хондааст. Ӯ рӯзи чаҳоршанбеи 15-уми феврал дар маҳфиле дар Кобул ба муносибати сивучаҳорумин солгарди хуруҷи Артиши Сурх аз Афғонистон гуфт, "вақте мегӯянд, ки ҳазорон нафар ҳузур доранд, аммо ҳеҷ кас онҳоро намебинад ва аз онҳо хабар надорад, чӣ маънӣ дорад? Ҳар касе ки мехоҳад бубинад, биояд, бо ман биншинад. Чаро касеро муттаҳам мекунед? Ин миллати дар ба дар, бечора ва чиҳил сол ҷангзадаро набояд бадном кунанд ва таҳдид намоянд. Аз Афғонистон ба ҳеҷ касе таҳдид нест".
Пеш аз ин, Толибон ҳузури Таҳрики Толибони Покистон, "Ал-Қоида" ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Афғонистонро рад карда буданд.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико дар аввали моҳи августи соли 2022 эълон кард, ки Айман Аз-Завоҳирӣ, раҳбари "Ал-Қоида" дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико дар 31-уми моҳи июл дар як хона дар Кобул кушта шуд.
Дар гузориши нави Созмони Милали Муттаҳид омадааст, ки робитаи Толибон бо Ал-Қоида ҳамчунон наздик аст.
Қаблан мақомоти покистонӣ иддао карда буданд, ки Толибони покистонӣ ҳамлаҳо ба он кишварро аз хоки Афғонистон тарҳрезӣ мекунанд, аммо ҳукумати Толибон онро рад кардааст.
Гуфтугӯ