“Пул не, хона диҳанд”
Бибисурайё Шарифова якуним сол боз бо ширкати “Элит строй сервис” баҳс дорад. Ин ширкат мехоҳад манзили ӯро дар кӯчаи “Абдулло командир” вайрон карда, ба ҷояш манзили баландошёна созад. Додгоҳ амр додааст, ширкат ба ивази тахриби манзил ба Бибисурайё 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ диҳад, аммо зан талаби дигар дорад.
Хонум Шарифова рӯзи 16-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, “талаб дорам, ки аз ҳамин ҷойи зистам аз хонаҳои навбунёд хона диҳанд. Ҳама чизамро ҷамъ карда, барои баромадан тайёрам, ки ширкат созиш кунад ва равам. Мо мехоҳем, баробар ба ҳамон масоҳати хонаамон ба мо аз ҳаминҷо хона диҳанд.”
Камаш панҷ зан дар кӯчаи “Абдулло Командир”, дар наздикии Амфитеатри Душанбе, бо ширкати “Элит строй сервис” баҳс доранд.
Яке аз сокинони норозӣ Раҷабмоҳ Олимова мегӯяд, ширкат бар ивази манзили онҳо як миллион сомонӣ пешниҳод кардааст. Олимова ва оилааш то 20-уми июн муҳлат доранд, ки маблағро гирифта, хонаро тарк кунанд.
“Мо 3 оила, дар як миллион сомонӣ чӣ хел хона мегирем? Аз чанд ҷой хона ёфта, бо ширкат гапзанон кардам, нагирифтанд. Мегӯянд, ҳамин пулро гирифта мехезӣ, хона нест. Судиҷрочиён талаб доранд, ки пулро гирифта, хонаро тарк кунед, набошад маҷбурӣ мехезонем,” -- мегӯяд Раҷабмоҳ Олимова.
Нархро кӣ муайян кард?
Масъулони ширкати “Элит строй сервис” ҳозир нашуданд, масъаларо шарҳ диҳанд. Намояндаи ширкат дар додгоҳ гуфтааст, арзиши манзилҳоро КВД “Баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)”, як корхонаи зертобеи шаҳрдории Душанбе муайян кардааст.
Намояндаи ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳам дар додгоҳ аз ширкати сохтмонӣ тарафдорӣ кардааст.
Тибқи асноде, ки Радиои Озодӣ ба даст овард, ширкати “Элит строй сервис” ба Давлатов Иззатулло Нусратуллоевич тааллуқ дорад. Сомонаҳои мухолифон ӯро писари Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз мегӯянд. Худаш ё кормандонаш ҳозир нашуданд дар назди дурбин масъаларо шарҳ диҳанд.
“Элит строй сервис” аз калонтарин ширкатҳои сохтмонии Тоҷикистон аст, ки дар гузашта аз сӯи ҳукумат имтиёз гирифтааст.
Роҳи ҳал чист?
Дар пойтахти Тоҷикистон баҳсҳои вобаста ба манзили наву кӯҳна кам нест. Аз ҷумла, моҳи апрели соли гузашта сокинони як бинои чаҳорошёна дар Душанбе гуфтанд, ба нархгузории манзилашон аз сӯи ширкати сохтмонӣ розӣ нестанд.
Курчибек Юсуфов, муовини раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, мегӯяд, ягона роҳ ин аст, ки ширкати сохтмонӣ ва соҳибони манзил бар асоси нархи бозор ба тавофуқ расанд.
“Ин хел намешавад, ки агар нархи як метр хона, масалан, 100 сомонӣ бошад, соҳиби хона 500 сомонӣ талаб кунад. Бояд нархи бозорро дида, муомила кунанд. Ё шаҳрвандон пули хонаашонро мегиранд ё дар давоми сохтмон ширкат ба онҳо манзили иҷора мегирад ва баъд аз анҷоми сохтмон аз ошёнаи 3 боло ба онҳо манзил медиҳад,” -- мегӯяд ин мутахассис.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар гузашта баъзе аз масъулон пешниҳод карданд, ки барои аз байн рафтани баҳсҳо як ниҳоди мустақили нархгузории манзил дар кишвар таъсис ёбад. Мавҷуда Пӯлодӣ, додраси Додгоҳи олӣ, пештар гуфта буд, ки дар бораи як иншоот чанд хулосаи коршиносӣ аст, ки кори додгоҳҳоро барои муайян кардани арзиши воқеии хона мушкил мекунад.
Панҷ сокини кӯчаи “Абдулло Командир” ҳоло ба ин ҳол рубарӯанд. Атрофи манзилашон тахриб шудааст ва роҳашон ҳам хароб. Онҳо ҳоло ду интихоб доранд. Ё ба маблағи ширкат розӣ шуда, аз ин ҷо мераванд ё ба баҳсу даъво идома медиҳанд.