Дар даҳ соли охир дар Тоҷикистон на камтар аз сӣ додрасро ба иттиҳоми "кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад" аз мансаб ронда, сипас ҷазо додаанд. Ё барои гирифтани ришва, ё барои кадом як муомилаи ғайриқонунӣ. Чаро чунин аст?
Маоши кам ё ҳамон ришвахориву фасод, ки ба эътирофи худи мақомот дар тамоми сатҳҳо дар сохторҳои давлатӣ реша давонидааст. Чӣ бояд кард, ки додраси тоҷик ришва нагирад ва ҳангоми баррасии даъвову ҷанҷолҳо ҳукми одилона барорад. Ин аст мавзӯи барномаи "Гапи Озод". Меҳмонони мо Ватан Абдураҳмонов, додраси собиқ ва Муаззама Қодирова, вакили мудофеъ ҳастанд.
Иқтибосҳо аз барнома:
Ватан Абдураҳмонов: "Маоши судяҳо ҳамагӣ 1500-2000 сомонӣ аст. Нигоҳ кунед, дар шароите, ки мо дорем, ҳама қимматӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин маош барои таъмини худаш ва оилааш мувофиқ нест. Ба назар гирифтан даркор, ки шароити иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам на он қадар хуб аст. Ин тарафи масъала ҳам ҳаст, ки мо маоши судяҳоро баланд карда наметавонем. Дигараш ин ки мо барои тарбияи судяҳо ягон чора намебинем.”
Муаззама Қодирова: “Ба фикри ман, кам будани маоши судяҳо яке аз сабабҳои пора гирифтани онҳо мешавад. Ин яке аз сабабҳои бисёр хурд аст. Сабаби асосиро ман дар тарафи дигар мебинам ва ин пиёда накардани шаффофияти фаъолияти шохаҳои ҳукумат. Ин сабаби асосӣ мебошад. Зиёд кардани маоши судяҳо ҳалли масъала шуда наметавонад.”
Ватан Абдураҳмонов: “Дар мо судяҳо бисёр кам. Ҳамагӣ 400 судя дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Як судя барои 20 ҳазор аҳолӣ, ин бисёр кам аст. Бояд барои 5 000 аҳолӣ як судя бошад, корашон вазнин. Парвандаҳо бисёр. Барои ҳамин ман мегӯям, ки маошро зиёд кардан даркор аст.”
Муаззама Қодирова: “Дар айни ҳол ҳукмҳо, қарорҳое, ки судяҳо мебароранд, ҳамааш вобастагии зич дорад ба фармони прокурор, ё инки ба телефони амният ва ё дигар шахсон. Судяҳои мо аслан мустақил нестанд."
Сокини Душанбе: “Ман як проблема доштам, рости гап ҳақиқатро бароварданд. Судяи мо одилона кор кард. ”
Сокини Душанбе: “Ҳама бо пул аст. Ман фикр мекунам, ҳама корро бо пул мекунанд. Дар ҳамин Тоҷикистон ҳеч кас бепул кор намекунад, ҳама бо пул.”
БАРНОМАРО ИНҶО БУБИНЕД:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад