Кумитаи андози Тоҷикистон даҳҳо нафар аз сарояндагон ва дигар ҳунарпешагонро ба насупурдани молиёт ва ё фирор аз пардохти он муттаҳам кардааст.
“Боҷу хироҷ”, нашрияи расмии кумита дар шумораи тозааш аз рӯзи 15-уми июн ному насаби бештар аз 80 сарояндаи шинохтаву начандон ошно дар Тоҷикистонро нашр кардааст, ки ба гуфтаи кумита ё бе сабти расмӣ фаъолият мекунанд ё молиёти давлатро саривақт ва пурра намепардозанд.
Дар феҳраст, номи Фарзонаи Хуршед, Мубориз Усмонов, Зафар Аюбов, Муҳаммадрафии Кароматулло, Нобовар Чиноров, Зикриоллоҳ Ҳакимов, Суруш Холов низ ҳастанд.
Ба гуфтаи кумитаи андоз, сарояндагони тоҷик дар маҷмуъ то кунун бештар аз 480 ҳазор сомонӣ молиёт напардохтаанд.
Вокуниши сарояндагони тоҷик, ҳанӯз ба ин иддао маълум нест, вале дар гузашта онҳо гуфтаанд, ки иттиҳоми кумитаи андоз беасос аст ва онҳо саривақт андози давлатро мепардозанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Кӣ ҳақ аст? Баҳси андоз аз Ютуб дар Тоҷикистон. ВИДЕО Нигина - якум, Шабнам - дуюм... Овозхонҳои беҳтарини сол муайян шуданд. ВИДЕОСарояндаи беҳтарин кист? “Азия Плюс” озмун баргузор мекунад. ВИДЕОСуруду клип – бо иҷозаи вазорат. Овозхонҳои тоҷик зери заррабин. ВИДЕОҚарзи 100 ҳазор сомонии овозхону мутрибони Суғд аз давлатШабнами Сурайё: Ман андозро супурдаамБеш аз 100 овозхон ба фирор аз андоз муттаҳам шуданд