Сокинони минтақаҳои тоҷикнишин аз нобуд шудани ёдгориҳои таърихӣ дар вилояти Навоии Узбекистон нигарон ҳастанд. Чанд қалъаву нигораҳои қадимӣ дар Нуратои вилояти Навоӣ, ки асрҳо пеш арзи ҳастӣ кардаанд, ҳоло хароб гардида. Мардум мегӯянд, бояд дар ин мавзеъ ковишҳои бостоншиносӣ гузаронида шавад ва ин мероси куҳан ҳифз гардад.
Қалъаи Феҷак
Дар баландии беш аз ҳазор метр, дар фарози деҳаи Эҷи Нурато, дар ҳудуди вилояти Навоии Узбекистон, қалъаи қадимии Феҷак гуё нафасҳои охиринашро мекашад. Сокинони инҷо ҳадс мезананд, ки бошишгоҳ дар асри дуи пеш аз милод сохта шуда, дар он асосан низомиёну дарбориён зистаанд.
Калимаи Феҷ шакли дигаршудаи пайкро доштааст. Яъне, ин қалъаро ба унвони хабаррасону пайкрасон истифода мекарданд. Қалъаи Феҷак дар масоҳати беш аз 100 метри чоркунҷа ё мураббаъ ҷойгир шудааст. Девори мудаввари сербари он ки аз сангҳои азим сохта шудааст, ба андозаи роҳи ароба арз дорад.
Омӯзгор Абдуназар Набиев мегӯяд, “дар бораи таърихи ин Қалъа доктори илмҳои бинокорӣ Додо Авазович Нозилов, зодаи деҳаи Синтаб, кори илмӣ-таҳқиқотӣ бурд. Ҳамроҳ бисёр ба қалъа баромадаем. Аз рӯи навиштаҳои он кас, қалъа дар асоси тарҳи суғдиёна сохта шудааст."
Аз Соб то Порашт
Мардуми минтақа мегӯянд, ҳама тоҷиканд. Дар радифи деҳаи Эҷ дар қисми шимолии Кӯҳистони Нурато бо тартиб деҳаҳои тоҷикнишини Соб, Синтаб, Моҷарм, Андагин, Ухм, Ҳоят, Асраф ва Порашт ҷойгиранд.
Ҷонибек Алиев аз Кӯҳистони Нурато мегӯяд, “дар ҳақиқат, мардуми мо аз қадим дар инҷо будаанд. Аз ягон тараф наомаданд. Замона, ки ноорому нотинҷ буд, дар кӯҳистон барои худашон макону ҷо карданд. Қалъаи Феҷак ё дараи Авға, Сари Об ё Зиҳнок мегӯем, ин ҷойҳо, воқеан ҳам, аз қадим таҳҷойӣ будани халқи моро нишон медиҳад."
Дар чанд дараву рустои атрофи Феҷак дар деворҳои хонаҷойи мардум ва оворҳо нақшунигораҳои таърихӣ ба ёдгор мондааст. Катибаҳои рӯйи санг, ба гуфтаи сокинони инҷо, таърихи чандсадсола доранд. Соли 1985 академик Аҳрор Мухторов онҳоро омӯхта, дар китоби “Санг ҳам диле дорад” зикр кардааст.
Рашиди Имомназар омӯзгор аз Кӯҳистон Нурато мегӯяд, "ба нигораҳои болои сангҳо эътибор диҳед, сурати одамон бо шамшер инъикос ёфтааст. Яъне, маҳорати ҷангӣ доштани халқи инҷоро нишон медиҳад.”
Рози нокушода
Ҳарчанд ҳоло дар инҷо ғайри девору сангтеппа дигар чизе мушоҳида намешавад, омӯзгорони деҳаи Эҷ мегӯянд, дар умқи он рамзу розҳое нуҳуфтааст.
“Дар аҳди Шӯравӣ археолог Яҳё Ғуломов аз Узбекистон омада, қалъаро як назора карду рафт ва ягон мақолаи илмӣ ҳам нанавишт. Кори археологӣ қариб, ки дар ин қалъа бурда нашудааст,” – гуфт Абдуназар Набиев.
Ноҳияи Кӯҳистони Нурато даҳҳо мактабу кӯдакистони тоҷикӣ дорад. Дар гузашта ин ноҳия тобеи вилояти Самарқанд буд ва баъдан ба вилояти Навоӣ гузаронда шуд. Тоҷикони ин минтақа умед доранд, ки баъд аз тазйиқу фишорҳои чандинсола, ҳамакнун ба таъриху мероси миллиашон арҷгузорӣ мешавад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад