Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мактаби тоҷикӣ ҳаст, китоб нест." Тоҷикони Сариосиё чӣ вазъ доранд? ВИДЕО


Сариосиё: “Мактаби тоҷикӣ ҳаст, китоб нест”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:36 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Сокинони ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё дар Узбекистон мегӯянд, дар тақрибан шаш соли охир дари баъзе аз мактабҳои тоҷикӣ дигарбора ба рӯйи хонандагон боз шуд, аммо камбуди китоб ҳалли худро наёфт. Тоҷикистону Узбекистон беш аз бист сол муносибати хуб надоштанд. Дар ин муддат равуо, додугирифт ва муносибатҳои илмиву фарҳангӣ кам шуда буд. Ҳоло муносибат беҳтар шудааст ва умеди сокинон ҳам барои ҳалли мушкилҳо афзуда.

“Маводро аз Интернет мегирем”

Мактаби рақами 82 дар ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё соли 2018 пурра тоҷикӣ шуд. То он вақт хонандагон ба ду забон – узбекӣ ва тоҷикӣ – таълим мегирифтанд.

Ин мактаб дар деҳае ҷойгир аст, ки сокинонаш тоҷиканд, вале омӯзгорон мегӯянд, барои ёфтани адабиёт ба забони худ душворӣ мекашанд. “Албатта, ба мушкилӣ дучор мешавем, вале аз интернет ва наворҳои телефону телевизор истифода бурда, дарси худро мегузарем,” – нақл кард омӯзгор Дилором Қудратова.

Ҷамшед Нарзуллоев, омӯзгори дигар аз мактаби 82-и ноҳияи Сариосиё, гуфт, “мехоҳем, ки китобҳои сифатан беҳтар аз ҷониби олимони тоҷик, бахусус дар Тоҷикистон, бароварда шавад.”

Дар ин мактаб ҳудуди 400 нафар дарс мехонанд. Омӯзгорон мегӯянд, дар баробари толибилмон аз китобхонаи мактаб аҳолии деҳа низ истифода мебаранд, аммо китобҳои бадеии тоҷикӣ кам мондааст.

Сунаттулло Раҳмонов, муовини мудири мактаби 82-и ноҳияи Сариосиё, гуфт, “бо олимони тоҷик ё нависандагоне, ки дар Тоҷикистону Узбекистон ҳастанд, мехоҳем барои гирифтани китобҳои тоҷикӣ ҳамкорӣ кунем. Наврасон бояд бо хондани китоби онҳо дониши забони тоҷикии худро беҳтар кунанд”.

Чӣ хостанд ва чӣ гирифтанд?

Камбуди китоб танҳо хоси ин мактаб набудааст. Аксар мактабҳои тоҷикӣ дар ин минтақа мушкили ҳамсон доранд.

Раҳбари маркази тоҷикони ноҳияи Сариосиё Тоштемур Шукуров мегӯяд, “ягон зарурат бошад, тавассути Вазорати маорифи худамон рафта, аз Тоҷикистон ёрӣ мегирем. Муаммое шавад, бемалол байни худ ҳал мекунем. Пеш ин масъалаҳоро ҳал карда намешуд. Чунин масъалаҳоро бардоштан ба ҳамдигарнофаҳмӣ оварда мерасонд. Ҳоло масъалае нест, ҳама гап дар халқи худамон аст ва ҳама масъаларо ҳал кардан мумкин аст”.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои мактабҳои тоҷикии Узбекистон соли гузашта китоб фиристодаанд ва ин раванд идома дорад.

Ба иттилои масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, “соли 2022 барои хонандагони муассисаи нави таълимии тоҷикзабони Узбекистон 17 номгӯй адабиёти таълимӣ ба миқдори умумии 85 нусха ва 35 номгӯй китоби бадеӣ ба миқдори умумии 175 нусха, фиристода шуд”.

Наврӯзи Мирзо, сухангӯи Вазорати маориф ва илм, гуфт: “Дархост пешниҳод карданд ва мо то ҳадде ки имкон дорем, китобҳоро мефиристем. Дар масъалаи китобҳои электронӣ дар сомонаи мо равзанае ҳаст, ки дар он тамоми китобҳои дарсӣ ва бадеӣ ҷойгир шудаанд. Озодона аз он метавонанд боргирӣ кунанд ва чопу нашру дастрас намоянд”.

Масъалаи камбуди китобҳои тоҷикӣ дар Узбекистон бори аввал нест, ки расонаӣ мешавад. Тоҷикони шинохта борҳо тавассути расона ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора лаб кушода, аз ниҳодҳои масъули Тоҷикистон мадад хоста буданд, вале мегӯянд, акси садое нашуданиданд.

Тибқи омори соли 2022 аз 172 ҳазор аҳолии ноҳияи Сариосиё беш аз 73 ҳазорро тоҷикон ташкил мекунанд. Дар ин ноҳия 33 мактаб ба забони тоҷикӣ ихтисос дода шудааст. Аз ин шумора бист мактаб пурра тоҷикӣ ва 13 мактаби дигар дузабона, яъне тоҷикию узбекист.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG