Аъзои як оила дар ноҳияи Файзобод, 50-километрии пойтахти Тоҷикистон, мегӯянд, арӯси пешини хонавода, ки дар ҳавлии онҳо маскун аст, духтари хурдсолашонро зада, ба ин восита "қасос" гирифтааст. Ҷониби дигар "туҳмат" медонад. Мақомот гуфтанд, ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Ҳуснигул Камолова, сокини ноҳияи Файзобод, гуфт, тақрибан се ҳафта пеш келини собиқи хонавода духтари чаҳорсолаашро латукӯб кардааст: "Доду вой шуд, рафта дидам, ки пушти кӯдак кабуд аст. Ба хонаи раиси маҳалла рафтам. Ба хонаи ҳамсояҳо бурдам, ки бинед кӯдак дар чӣ ҳол аст. Худамро заданд, аммо чаро кӯдакамро мезананд?"
Хонум Камолова охири ҳафтаи гузашта ва дар суҳбат бо мо гуфт, Зебо Бобиева, келини собиқи оила, пайваста ва бо ҳар баҳона ҷанҷол карда, онҳоро азоб медиҳад. Аз ин рӯ, чанд муддат пеш, аз додгоҳ хостаанд, ӯро аз ҳавлӣ берун кунад. "Эҳтимол ҳамин тасмим боис ба асабонияти Зебо Бобиева шудааст," – тахмин зад ӯ.
Зебо Бобиева, келини собиқи хонавода ва ҷониби дигари баҳс, мегӯяд, кӯдакро назадааст ва ин гап дар ҳаққаш туҳмате беш нест.
"Ҳамаи мушкил бар сари манзили зисти ман аст. Чи туҳматҳое, ки дар ҳаққи ман накарданд. Заданд, биниямро шикастанд, бачаамро туҳмат карданд. То куҷое нарафтанд, додситонӣ, додгоҳ, ҳамаи аризаҳояшонро дида баромаданд," – иддао кард ӯ.
Натиҷаи ташхиси тиббиву додгоҳӣ, ки нусхае аз он дар дасти Радиои Озодӣ ҳаст, осори зарбулатро дар бадани кӯдак муайян кардааст.
Модари кӯдак мегӯяд, пас аз гирифтани натиҷаи санҷиш ба пулиси ноҳия шикоят намуд: "Гурдаи чапаш осеб дидааст. Гуфтанд, бояд бистарӣ шавад, аммо пул надоштам. Гуфтанд, шояд худат задӣ. Барои ин ташхиси изи даст супоридам. Гуфтанд, изи дасти одами бегона аст."
Дар айни замон дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Файзобод гуфтанд, дар ин маврид ҳеч шикояти расмӣ нагирифтанд.
Ҳуснигул Камолова мегӯяд, чанд сол пеш, баъд аз марги шавҳари аввалааш, бо Латиф Бобиев хонадор шуд. Ба гуфтаи ӯ, Зебо Бобиева, келини пешини хонаводаи Бобиев, пас аз ҷудо шудан аз шавҳар дар ҳавлии онҳо маскун аст. Латиф Бобиев низ аз рафтори келини собиқаш розӣ нест ва ба додгоҳ шикоят карда, ки ӯро берун кунанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар додгоҳ гуфтанд, шикояти хонаводаро дар мавриди кӯчондани келини собиқ баррасӣ доранд. Бобиев мегӯяд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ на ҳамеша арзи онҳоро мешунаванд.
Дар Додгоҳи ноҳиия Файзобод гуфтанд, соли гузашта дар пайи як ҷанҷол Зебо Бобиева чанд ҷойи бадани Ҳуснигул Камоловаро шикаста буд ва ӯро ба гуноҳи авбошӣ ҷарима бастанд. Маълум нест, қазияи латукӯби кӯдак бо чӣ ба поён мерасад.
Дар солҳои охир азҳампошии хонаводаҳо дар Тоҷикистон афзудааст ва додгоҳҳои кишвар низ пур аз баҳси хонаводагист.
Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, зан пас аз гирифтани талоқ дар сурати доштани фарзанд ҳақ дорад, дар он манзиле, ки ҳамчун келин ворид шуда буд, маскун шавад. Аксар вақт талаби онҳо барои сукунат дар хонаи шавҳари собиқ қонеъ мешавад, аммо ё худашон аз шароити зист дар онҷо норозӣ мемонанд ё соҳибони хона аз рафтори онҳо.