"Вагнер" мавқеашро дигар мекунад; идомаи ҳуҷуми Русия ба Украина

Сарбозони украинӣ дар Бахмут

Чанд мансабдори украинӣ гуфтанд, ки зархаридони гурӯҳи “Вагнер”-и Русия баъзе аз мавқеъҳои худро дар дохил ва атрофи шаҳри Бахмут иваз мекунанд. Маълумоти иктишофии Бритониё дар рӯзи 27-уми май ҳамин иттилоъро тасдиқ кард. Шаҳри Бахмут дар вилояти Донетски Украина чанд моҳ боз саҳнаи даргирии нерӯҳои Украина ва Русия аст.

Евгений Пригожин, мудири ширкати низомии “Вагнер”, рӯзи 25-уми май иддао кард, ки ҷангҷӯёнаш ба тарки шаҳр сар карданд ва ҷойи онҳоро сарбозони артиши Русия мегиранд.

Пригожин иддао кард, ки ҷангҷӯёнаш Бахмутро забт карданд, вале мақомот дар Киев гуфтанд, ки нерӯҳои украинӣ ҳанӯз қисматҳое аз ин шаҳри вайроншударо назорат мекунанд.

Дар айни замон ҷониби Украина “баъзе ҳаракат ва ҷойивазкуниҳоро” дар миёни нерӯҳои Русия дар Бахмут тасдиқ кард.

Сергей Череватий, як сухангӯи низомии Украина, рӯзи 27-уми май дар телевизиони давлатӣ гуфт: “Воқеан, онҳоро нерӯҳое иваз мекунанд. Маълум нест, ки то куҷо шумори нерӯҳо зиёд аст ва то куҷо воқеан ҳам ӯ (Пригожин) воҳидҳои гурӯҳи ҷиноии худро берун мекашад. Барои тасдиқи ин каме фурсат лозим аст.”

Алексей Данилов, дабири Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Украина, дар суҳбат бо шабакаи Би-би-сӣ рӯзи 27-уми май гуфт, зархаридони “Вагнер” Бахмутро тарк мекунанд, вале огоҳ кард, ки “онҳо дар се минтақаи дигар тақсим мешаванд” ва ин маънои онро надорад, ки “онҳо бо мо дигар намеҷанганд”.

Дар гузориши иктишофии Бритониё гуфта шуд, ки ҷангҷӯёни “Вагнер” “ба эҳтимоли ғолиб баъзе аз мавқеъҳоро дар дохил ва атрофи Бахмут тарк мекунанд”.

Дар ҳамин ҳол, низомиёни украинӣ рӯзи 27-уми май гуфтанд, ки ҷанг дар дохил ва атрофи Бахмут идома дорад ва Русия ба шаҳри вайроншудаву канори он аз ҳаво ҳамла мекунад.

Ҳанна Маляр, муовини вазири дифои Украина, рӯзи 27-уми май дар Телеграм навишт, ки нерӯҳои русӣ ҳамлаҳоро идома медиҳанд, вале “дар умум фаъолият камтар шудааст”. Маляр афзуд, нерӯҳои украинӣ шимол ва ҷануби Бахмутро мустаҳкам нигоҳ медоранд.

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина субҳи 27-уми май хабар дод, ки нерӯҳои украинӣ дар 24 соати гузашта 25 ҳамлаи русҳоро зада гардонданд.

Волии Донетск гуфт, дар пайи даҳҳо ҳамлаи мушакии 24 соати гузашта дар ин минтақаи шарқии Украина ду нафар кушта ва панҷ кас захмӣ шуд. Павло Килиренко рӯзи 27-уми май дар Телеграм хабар дод, ки як нафар дар Часовоярск ва дигаре дар Васюкивка кушта шуданд.

Низомёни украинӣ гуфтанд, ҷанг дар атрофи Купянски вилояти Харков ҳам идома дорад. Ин ҷо русҳо мехоҳанд мавқеъҳои тактикии худро қавитар кунанд.

Дар пайи як ҳамла дар вилояти шарқии Харков шаби гузашта хисороти муайяне сабт шуда, талафоти ҷонӣ сабт нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомот дар шаҳри Бедянски аз ҷониби Русия ишғолшудаи вилояти Запорожя иддао карданд, ки дар канораҳои он чанд таркиш рух дод ва масъулиятро ба дӯши дронҳои украинӣ гузоштанд. Тасдиқи ин иддао аз роҳҳои мустақил имкон надорад.

Мақомоти Русия ҳам аз таркиш дар ду идораи нафти маҳаллӣ хабар доданд. Волии Пскови Русия Михаил Ведерников гуфт, дар пайи таркише, ки дар натиҷаи партоби ду паҳпод ё дрон ба як муассисаи масъули як лӯлаи нафте рух дод, камаш як бинои маъмурӣ осеб дид.

Ведерников нагуфт, паҳпод аз кадом минтақа сар дода шудааст, вале дар Телеграм навишт, ки ҳодиса субҳи 27-уми май дар наздикии деҳаи Литвиново рух дод. Ин минтақа бо Латвия ва Беларус ҳамсарҳад аст. Ба иттилои ӯ, дар бораи талафоти эҳтимолӣ хабаре дар даст нест.

Дар вилояти Твер, шимолуғарби Маскав, шӯрои маҳаллӣ хабар дод, ки ба як истгоҳе, ки барои лӯлаи нафти «Дружба» хидмат мекунад, бо дрон ҳамла шудааст. Ин маҳал дар 500-километрии сарҳади Украина ҷойгир аст. «Дружба» яке аз хатҳои дарозтарини нафт дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Телеграм канали База, ки ба хадамоти махсуси Русия хидмат мекунад, навишт, ки бо паҳподҳо дар қаламрави вилояти Белгород ҳам ҳамла шудааст, вале иттилое дар бораи хисорот ваё талафоти ҷонӣ нашр намешавад.

Волии Курск гуфт, ки дар натиҷаи оташе аз сарҳади Украина як коргари сохтмон кушта шуд. Имкони аз манобеи мустақил санҷидани хабарҳои ҷониби Русия вуҷуд надорад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Пурсиш: Ҳуҷуми Русия ба Украина мавқеи Маскавро дар кишварҳои собиқи шӯравӣ заъифтар кардСе соати ҳушдори амниятӣ дар фазои Украина. Ҳамлаи мушаки русӣ ба муассисаи тиббии ДнепроИддаои Русия аз гӯё мавриди ҳамлаи украиниҳо қарор гирифтани чор вилоятМишустин дар Чин: Фишорҳои Ғарб боис ба тақвияти робитаҳои Маскав ва Пекин шудПригожин гуфт, нақшаи Кремл дар Украина натиҷаи баръакс дод459 шаҳрванди зиндонии Қирғизистон истирдодро аз Русия нахостаандМаҳдудияти ба берун рафтани сарбозон аз Русия