Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

459 шаҳрванди зиндонии Қирғизистон истирдодро аз Русия нахостаанд


459 шаҳрванди Қирғизистон, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд, истирдодро ба зиндонҳои кишварашон нахостаанд. Дар ин бора Алмаз Букалаев, сардори раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 24-уми май иттилоъ дод.

Ин ҳарфҳои Букалаев дар як мулоқот дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон садо дод. Дар он мулоқот мақомоти корҳои хориҷӣ, додситонӣ, созмонҳои байналхалқӣ, эътилофҳои муҳоҷирон ва шаҳрвандоне иштирок доштанд, ки наздиконашон дар Русия зиндонӣ ҳастанд.

Букалаев гуфт, соли гузашта аз зиндонҳои Русия 33 шаҳрванди Қирғизистон баргардонда шудаанд.

"Дар семоҳаи аввали имсол 19 нафар оварда шуд. Барои истирдоди 38 шаҳрванди дигар гуфтугӯҳо идома доранд", - афзуд Букалаев.

Вай илова кард, Вазорати корҳои хориҷӣ бо 550 шаҳрванди Қирғизистон суҳбат кардааст, ки бештар аз 400 нафари онҳо дар Русия зиндонӣ ҳастанд.

Ба иттилои расмӣ, айни замон дар зиндонҳои Русия бештар аз ҳазор шаҳрванди Қирғизистон адои ҷазо мекунад. Ширкати низомии хусусии "Вагнер" дар Русия зиндониён, аз ҷумла шаҳрвандони Осиёи Марказиро барои ҷанги зидди Украина ҷалб мекунад.

Расонаҳо навиштанд, ки дар ҷанги зидди Украина 7 шаҳрванди Қирғизистон кушта шудааст. Он шаҳрвандон дар Русия зиндонӣ буданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG