Як пурсиши маркази назарсанҷии Gallup, ки онро вебсайти Re: Russia таҳлил кардааст, нишон медиҳад, ки дар паи ҳуҷуми Русия ба хоки Украина мавқеи ин кишвар ва ҳам муносибати кишварҳои собиқи шӯравӣ нисбати он бадтар шудааст.
Бар пояи пурсише, ки дар аксар ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ - қаламраве, ки Кремлин онро дар меҳвари манфиат ва нуфузи худ қарор додааст, мизони қаноатмандӣ аз кори раҳбарияти Русия беш аз даҳ дарсад коҳиш ёфтааст. Дар ин пурсиш назари тоҷикистониҳо пурсида нашудааст.
Бар асоси ин пурсиш маълум мешавад, ки дар Озарбойҷон мизони қаноатмандии мардум аз қарорҳои Маскав 2,6 баробар ё 23 дарсад камтар шудааст. Дар кишварҳои дигаре, ки қаблан шумори ҷонибдорони қарорҳои Маскав баланд буд, ин – Арманистон, Қазоқистон ва Молдова – бахши онҳое, ки аз кори Кремлин розӣ нестанд, аввалин бор бештар назар ба норозиён будааст.
Дар Қирғизистону Узбекистон дар қиёс бо дигар ҷумҳуриҳо шумори тарафдорони Русия бештар ҳам бошад, шумори онҳое, ки аз қарорҳои Маскав розӣ нестанд, афзоиш ёфтааст. Ба иловаи ин, бо сабаби ҷанг мақомоти рус аз қаноатмандии ҷамъиятҳои миллӣ дар кишварҳои ҳамсоя ҳам маҳрум мешаванд.
Бори аввал дар 15 соли охир аксар рустаборҳои Эстонияву Латвия аз қарорҳои Маскав норозӣ шудаанд ва дар Қазоқистон ҳам ин шумор якбора боло рафтааст. Баробар бо ин, дар Украинаву кишварҳои назди Балтика нуфузи маъмурияти ИМА боло рафтааст. Дар аксар ҷумҳуриҳои шӯравии пешин, нуфузи ИМА назар ба Русия афзоиш ёфтааст.