Суд ё додгоҳи шаҳри Панҷакент ҳукми хабарнигорро рӯзи 26-уми май эълон кард. Дар ин бора пайвандонаш ба Радиои Озодӣ хабар доданд. Баррасии мурофиаи додгоҳии Хуршед Фозилов рӯзи 25-уми май дар Боздоштгоҳи муваққатӣ дар шаҳри Хуҷанд шурӯъ шу два дар ҳамон рӯзи аввали мурофиа айбдоркунандаи давлатӣ талаб кард, ки Фозилов ба 7 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шавад.
Ба гуфтаи Хушбахт Фозилов, бародари Хуршед Фозилов, ӯ дар мурофиа қисман гуноҳро ба дӯш гирифтааст, ки иборат аст аз қабули дастмузд аз сомонаи хабарии хориҷӣ мебошад, аммо ин амал узвият дар созмони мамнӯъ шумурда намешавад.
Вакили мудофеъ ва наздикони хабарнигор аз ҳукм розӣ нестанд. Хушбахт Фозилов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.
Хуршед Фозилови 37-сола, ки бештар дар масъалаҳои иҷтимоӣ, бахусус мушкили мардуму камбуди мақомот менавишт, аввали моҳи марти имсол аз тарафи маъмурони амниятӣ дар шаҳри Панҷакент дастгир шуд.
Ӯ ба узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ) айбдор мешавад. Худаш иттиҳомро рад кардааст.
Аз Хуршед Фозилов ду вакили мудофеъ - Дилафрӯз Самадова ва Анвар Бобохонов ҳимоят мекунанд.
Бо эълони ин ҳукм, шумори журналистони зиндонии тоҷик ба 8 нафар расид. Ҳамаи онҳо дар як соли охир боздошт ва аз 7 то 21 сол зиндонӣ шудаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Бо вакил, бе ҳузури модар. Муҳокимаи Хуршед Фозилов дар Боздоштгоҳ"Ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ." Поёни таҳқиқи парвандаи Хуршед Фозилов. ВИДЕОCPJ бори дигар озодии Хуршед Фозиловро талаб кардRWB: Аҳволи матбуот дар Тоҷикистон "бисёр бад" астПешниҳоди "таҳрим" ба зидди мансабдорони Тоҷикистон"Маҷбур карданд, ки иқрор шавам." Ҷузъиёти қазияи Хуршед ФозиловПанҷ созмон озодии Хуршед Фозиловро талаб карданд"Мехоҳем сабаби боздоштро бидонем"