Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мехоҳем сабаби боздоштро бидонем"


Хуршед Фозилов. Акс аз Фейсбук
Хуршед Фозилов. Акс аз Фейсбук

Наздикони рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик Хуршед Фозилов мегӯянд, ҳарчанд аз замони боздошти ӯ чаҳор руз мегузарад, мақомот нисбаташ айбномае эълон накардаанд.

Идораи амнияти шаҳри Панҷакент масъаларо шарҳ намедиҳад, дар ҳоле ки тибқи қонун бояд дар 72 соати боздошт сабабҳои он шарҳ дода шавад ва шахси боздоштшуда бо вакили дифоъ таъмин гардад ё додгоҳ муҳлати боздошт ва тафтишро тамдид кунад.

Зарнигор Фозилова, хоҳари рузноманигор Хуршед Фозилов, рӯзи 10-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ба вакили дифои Хуршед, ки хонавода ҷалб намуд, ҳанӯз иҷозаи кор дода нашудааст. Зарнигор Фозилова афзуд, ки вай, модар ва бародари дигараш рӯзҳоро дар назди Идораи амнияти шаҳри Панҷакент шаб мекунанд.

“Мо мехоҳем, донем бародарамон барои чӣ дар боздоштгоҳ нишастааст. Дирӯз ва ҳамин рӯз дар назди идора истодаем. На мегӯянд, айбаш чӣ аст, на раҳояш мекунанд, на иҷозат медиҳанд, ки модарам бо вай мулоқот кунад, модарам сахт асабӣ ҳастанд”—гуфт, Зарнигор Фозилова.

Хуршед Фозиловро рӯзи 6-уми март дар Идораи кору муҳоҷирати шаҳри Панҷакент дастгир кардаанд.

Ҳамчун хабарнигор ӯ дар масъалаҳои иҷтимоӣ менавишт ва бо расонаҳои мустақили дохилию хориҷӣ ҳамкорӣ мекард. Хуршед Фозилов 37-сола ва падари се фарзанд аст.

XS
SM
MD
LG