Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ." Поёни таҳқиқи парвандаи Хуршед Фозилов. ВИДЕО


Хуршед Фозилов
Хуршед Фозилов

Муфаттишони идораи амнияти вилояти Суғд таҳқиқи парвандаи рӯзноманигор Хуршед Фозиловро ба поён расондаанд.

Дар назар аст, парвандаро пас аз тасдиқи додситон ба додгоҳ фиристанд. Бо вуҷуди танқидҳои зиёди созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, мақомоти Тоҷикистон Хуршед Фозиловро озод накарданд.

Дилафрӯз Самадова, вакили мудофеи Хуршед Фозилов, 11-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот як рӯз пеш аз анҷоми тафтиш хабар додаанд.

"Ҳамроҳи Хуршед Фозилов бо маводи парвандаи ҷиноӣ шинос шудем. Айни ҳол парванда барои баррасӣ ба суди марҳилаи якум фиристода мешавад," -- афзуд ӯ.

Видеоро дар инҷо бинед:

Таҳқиқи парвандаи Хуршед Фозилов поён ёфтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00

Хуршед Фозилов дар аввали моҳи марти имсол аз тарафи маъмурони амниятӣ дар шаҳри Панҷакент дастгир шуд.

Ӯро ба узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар медонанд. Худаш рад кардааст.

Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои ин иттиҳом аз панҷ то ҳашт соли зиндонро дар назар дорад. Вакили дифоъ мегӯяд, парвандаи рӯзноманигор бо ҳамин як иттиҳом ба додгоҳ меравад.

Хуршед Фозилов 8-умин рӯзноманигори тоҷик аст, ки дар як соли охир боздошт шудааст. То кунун ҳафт рӯзноманигор бо гуноҳи узвият дар созмонҳои мамнуъ иттиҳомҳои дигар ба паси панҷара рафтанд.

Баъзе аз хабарнигорони зиндонӣ дар номаҳои ҷудогона аз дохили боздоштгоҳ айбномаро рад карда, гуфтанд, зери фишор ба гуноҳ эътироф карданд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон низ дар як соли охир чанд дафъа ҳукумати Тоҷикистонро барои боздошти рӯзноманигорон танқид карданду озодии онҳоро хостанд, аммо ҳеч акси садое нашуниданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG