Мавзӯи барномаи “Гапи Озод” ҳамин аст. Намояндагони Вазорати мудофиа, нерӯҳои сарҳадӣ ва корҳои дохилӣ ба барнома наомаданд. Меҳмонони имрӯзаи мо Дилрабо Самадова, мудири созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ва Аҳмади Иброҳим, сардабири ҳафтаномаи “Пайк” ҳастанд.
Мирзонабии Холиқзод: Дилрабо Самадова, чанд сол боз бевосита бо масъалаи сарбозон кор мекунед. Навори латукӯби сарбозон, ба назари шумо, баёнгари чӣ вазъ аст?
Дилрабо Самадова: “Дар бораи муносибатҳои ғайриоинномавӣ (бадрафторӣ) дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ овозаву гуфтугӯҳо буд, вале ин видео нишон дод, ки то чӣ дараҷа беҷазоӣ зиёд аст. Дидем, ки як гуруҳ аз сарбозон аскарони ҷавонтарро латукӯб карданд. Фикр мекунам, парвои онро надоштанд, ки навор паҳн мешавад ва онҳо ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Ин ҳам баёнгари он аст, ки дар қисмҳои ҳарбӣ муносибатҳои ғайриоинномавӣ зиёд аст, вале сарбозон умед доранд, ки беҷазо хоҳанд монд. Бинобар ин, ба ин гуна ҷиноят даст мезананд.”
Мирзонабии Холиқзод: Фикр мекунед, ин як мавриди алоҳида аст ё идомадору танҳо як намунааш дастраси мардум шуда?
Дилрабо Самадова: “Албатта, дар ҷомеа ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳоро дар бораи “облава” (сарбозшикор) мебинем. Ҳамаи онҳое, ки ба воситаи “облава” ба артиш бурда мешаванд, ихтиёрӣ нестанд, хидмат кардан намехоҳанд. Фикр мекунам, онҳоро бо тарсу зӯрӣ дар қисмҳои ҳарбӣ нигоҳ медоранд. Онҳо қурбониёни ҳамин гуна муносибатҳо мешаванд. Дар оянда худашон ҳамин муносибатро ба дигарон раво мебинанд. Парвандаҳое, ки дар созмони мо ҳаст, парвандаи сарбозонест, ки ба марг расидаанд ё саломатияшон то ҳадде бад аст, ки дар қисмҳои ҳарбӣ нигоҳ доштан имкон надорад. Ин танҳо як қисми хурдест, ки барои ҷомеа маълум аст. Мавридҳои дигари латукӯб, паст задани обрӯю эътибори аскарон дар дохили қисмҳои ҳарбӣ пинҳон мемонад. На ҳама вақт сарбозон омода ҳастанд, ки шикоят кунанд.”
Мирзонабии Холиқзод: Аҳмади Иброҳим, дар сомонаи “Пайк” навиштед, ки "агар кадом соддалавҳе гумон кунад, ки ин видеоро пинҳонӣ ба навор гирифтаанд, хато мекунад”. Манзуратон чӣ аст?
Аҳмади Иброҳим: “Бале, видеоро мо ҳам дидем, онро пинҳонӣ гирифтан имкон надошт. Дар он ҷо як гуруҳ, ба истилоҳ, “дедҳо” наваскаронро латукӯб мекунанд. Як утоқи хурд аст. Онҷо касе пинҳон шуда, навор гирифта наметавонад. Ин навори воқеӣ аст. Дар ҳоле ки ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин масъала диққати ҷиддӣ медиҳад ва тамоми ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳамин гуна “дедҳои” шиканҷагарро меҷӯянд, ин наворро гирифта наметавонистанд.”
Мирзонабии Холиқзод: Мегӯед, ки чунин ҳолатҳо махсус ташкил карда мешаванд?
Аҳмади Иброҳим: “Қаблан чунин муносибатҳо буд, алҳол дар артиш ба гумонам вуҷуд надорад. Хеле чора диданд, гунаҳкоронро ҷазо доданд. Ин наворро кадоме аз бадхоҳони ҳамин миллату ҳукумат ба навор гирифтааст, то ба тамошо гузоранду сиёҳу бадном кунанд. Мо дар бисёре аз қисмҳои ҳарбӣ будем, ошкору ниҳон аз сарбозон пурсидем. Гуфтанд, ки фармондеҳон бисёр эҳтиёт мекунанд, ҳатто аз дашном додан меҳаросанд.”
Дилрабо Самадова: “Афсӯс, ки навор ҳақиқӣ аст. Прокуратураи ҳарбии гарнизони вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ кушодааст. Гумонбарон дастгир шуданд. Рӯзҳои наздик муҳокимаи парванда оғоз мешавад. Мо набояд, ки ба ин гуна масъала чашм бипӯшем. Инкор кунем, ки чунин мушкил ҳаст. Аз инкор кардани мо мушкил решакан намешавад ва ҳамчун анъана аз як насл ба насли дигар мегузарад. Мо бояд эътироф кунем, ки шароит хеле бад аст. Дар назар дорам, муносибати ғайриоинномавӣ байни сарбозонро. Давлат чора меандешад, вале дар инҷо нақши ҷомеа, рӯзноманигорон ва ҳуқуқдонҳо бисёр калон аст. Мо набояд, ки бетараф бошем. Ин натанҳо мушкили волидону ҳамон сарбозони қурбонӣ, балки мушкили ҳамаи мост. Артиш амнияти мо ва амнияти давлатро таъмин мекунад. Агар дар дохили артиш ингуна муносибат бошад, мо аз бехатарӣ умед карда наметавонем.”
Барномаро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мирзонабии Холиқзод: Ҳамон тавре мақомот гуфтанд, ҳодиса моҳи декабри соли гузашта дар як қисми марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шудааст. Танҳо пас аз нашру пахши он дар шабакаҳои иҷтимоӣ Додситонии кул вокуниш кард. Чаро то замоне дар ҷомеа сарусадо нашавад, мақомот тафтишу санҷиш намегузаронанд?
Дилрабо Самадова: “Сарбозон моҳҳои апрел-май хидматро ба поён расонданд ва ба хонаҳои худ рафтанд. Касе аз ҳамин гуруҳ наворро паҳн кардааст. Чунки аксари онҳое, ки ба гумони даст доштан дар ин ҳодиса боздошт шуданд, дар хонаашон буданд. Волидони онҳо фарзандони худро мунтазир буданд, сарбозон бо тантана ба хона баргаштанд, лекин пас аз чанд вақт дастгир шуданд. Мо ба Додситонӣ нома навишта будем. Бисёр ҷиддӣ аҳамият медиҳанд. Моро даъват карданд, ки ҳамчун намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мурофиаи додгоҳӣ иштирок кунем. Аз тарафи мо барои ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидаҳо адвокат пешниҳод шудааст.”
Аҳмади Иброҳим: “Дед”-у “дедовшина” дар тамоми давру замон буд. Дар замони Шӯравӣ ҳам. Мо хидмат кардем, дидем, ки “дедовшина” ҳаст. Фарқи он “дедҳо” аз ин “дедҳо” ин буд, ки онҳо ватандӯст буданд. “Дедҳои” мо ватандӯст нестанд. Онҳо наваскаронеро шиканҷа медоданд, ки аз уҳдаи кор намебаромаданд. Мо дар парондану ҳунарҳои дигар намуна будем, ба мо даст намезаданд.”
Мирзонабии Холиқзод: Дилрабо Самадова, он гуна ки дар видео дида мешавад, сарбозон барои латукӯби ҳамхидматони худ усулҳоеро истифода мебаранд, ки зоҳиран таҷриба шудааст ва шояд дар гузашта ба худи онҳо раво дидаанд. Назари шумо дар ин бора чист?
Дилрабо Самадова: “Дар навор мо яке аз анъанаҳои ҳарбиро мебинем, ки номаш “ҳоп” аст. Яъне, ба сарбоз мегӯянд, ки ба даҳонаш ҳаво гирад ва вақте бо даст ба рӯяш мезананд, як садои баланд мебарояд. Бисёр вақт ҳамчун паст задани обрӯю эътибори аскарон истифода карда мешавад. Агар парвандаи Шаҳбол Мирзоевро ба хотир дошта бошед, маҳз аз ҳамин анъана латукӯб оғоз шуда буд. Ин анъанаҳо ҳам аз вақти хидмат вобастагӣ доранд ва ҳам аз шаҳру ноҳияҳое, ки даъват шудаанд. Сол ба сол кам шуда истодааст, вале на ҳама қисмҳои ҳарбӣ боз ҳастанд. Масалан, аз соли 2014 инҷониб якҷоя бо Ваколатдор аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа дидан мекунем. Шароити будубоши сарбозон, таъмини хӯроку либос беҳтар шуда истодааст. Дурбинҳо насб кардаанд. Қисмҳои ҳарбии нерӯҳои сарҳадӣ ҷоест, ки ягон бор надидем. Гуруҳи калони сарбозон маҳз дар қушунҳои сарҳадӣ ҳастанд. Инчунин дар қисмҳои ҳарбӣ як анъана ё қоидаи нонавишта ҳаст, ки сарбоз набояд шикоят кунад. Ҳатто сахт латукӯб шуда бошад ҳам, беҳтар мешуморад, ки тоқат кунад, то ин ки шикоят кунад ё хабар диҳад. Дар байни онҳо нисбат ба шикоятгарону хабаркашҳо як ҷазои махсус ҳаст. Барои ҳамин, сарбозон то вазнин шудани ҳолати саломатӣ шикоят намекунанд. Ё даст ба худкушӣ мезананд.”
Мирзонабии Холиқзод: Видеои латукӯби сарбозон дар солҳои охир мавриди ягона нест. Сарнавишти пурфоҷиаи Шаҳбол Мирзоевро ба ёд дорем. Ё марги мармузи Тоҷиддин Холов, Раҷабалӣ Назаров, Миралӣ Боқиев ва дигаронро. Чаро ин ҳолатҳо дар артиш ҳар гоҳе рӯй медиҳанд ва бо вуҷуди вокунишҳои тунду танқидҳо ислоҳ намешаванд?
Хидмат дар артиш бояд яксола бошад ва ҳама хидмат кунанд.Аҳмади Иброҳим
Аҳмади Иброҳим: “Як чизро фаромӯш кардан даркор нест, вақте сад ҳазор нафарро дар як ҷо гирд меорӣ, ҳатто дар истироҳатгоҳ, як нафар ё ду нафари онҳо мефавтанд. Аз баландӣ меафтад, маъюб мешавад. Ҳамаи инро ба артиш бор кардан лозим нест. Аз ин овозаҳо давлат бой медиҳад, ватан бой медиҳад. Албатта, воқеаҳо ҷой доранд. Дар замони Шӯравӣ ҳам ҷой дошт. Дар пеши чашми мо наваскарро паронданд. Мо дидем, ки рӯдаҳояш баромад, ба ҳалокат расид. Аммо ин гуна ҳодисаҳо аҳёнан рӯй медиҳанд. Аз сад ҳазор нафар, албатта, як-ду нафар ба чунин ҳолат дучор меоянд... Аммо ин маънои онро надорад, ки ба аскарӣ нараванд ва мо имрӯз артишро барҳам диҳем. Ҳеч гоҳ чунин кардан даркор нест. Ҳар касе, ки кӯшиш мекунад, хатоҳои давлатро мудом ба зидди ҳукумат истифода барад, хато мекунад.”
Мирзонабии Холиқзод: Яъне ба назари шумо матбуот хомӯш истад ва ин ҳодисаҳо пинҳон монанд ва ҳукумат хуб асту гулистон аст Тоҷикистон?
Аҳмади Иброҳим: “Ман нагуфтам, ки ҳукумат сад дарсад хуб аст. Ҳукумат камбудиҳо дорад, мисли ҳар ҳукумати дигар. Аммо то ба он рӯз расидан даркор. Бубинед, ҳамин Амрико дусаду панҷоҳ сол пеш зангиҳои Африқоро ба киштиҳо бор карда, ба ғуломӣ мебурд.”
Сабаби асосии онки артиш реформа намешавад, ин фасод аст. Даъват сарчашмаи бузурги фасод аст.Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова: “Ба назари ман, дар артиш ягон ислоҳоти дақиқ гузаронда нашудааст. Аксар меъёрҳои қонунгузорӣ, ки ҳоло артишро ба танзим медарорад, аз Шӯравӣ мондааст. Ҳуқуқи хидматчиёни ҳарбӣ аз шаҳрвандони одӣ камтар аст. Ҳуқуқ ба адвокат надоранд. Вақте ислоҳот несту аҳамияти зарурӣ дода намешавад, ба ҳодисаҳо баъд аз гузаштанаш таваҷҷуҳ мекунанд. Беҳтар мешавад, ки қонунгузориро беҳтару сабуктар кунанд, қисмҳои ҳарбиро ба таври демократӣ назорат намоянд. Пештар, то соли 2015, омор дастрас буд, ҳоло паҳн намешавад. Мо намедонем, ки ҷиноятҳо зиёд шудаанд ё кам. Пештар ҷинояти маъмул байни сарбозон қочоқ буд ва дувум муносибатҳои ғайриоинномавӣ. Хуб мешавад, сарбозон ба рухсатӣ раванд, дар маҳалли истиқомати доимияшон хидмат кунанд. Назорати волидон ҳам муҳим аст. Истифодаи телефон дар қисмҳои ҳарбӣ манъ шудааст. Аз телефони командирон занг зада метавонанд. Мо гуфта наметавонем, ки онҳо озодона дар бораи муносибати ғайриоинномавӣ шикоят карда тавонанд. Аз як ҷиҳат дар қисмҳои ҳарбӣ телефони Прокуратураву вазорат навишта шудааст, аз дигар ҷиҳат сарбозон ба телефони мобилӣ дастрасии озод надоранд. Мо дар бораи кадом шикоят гап зада метавонем?”
Мирзонабии Холиқзод: Ва дар охир. Роҳи ҳалли аз байн бурдан ё кам кардани бадрафторӣ дар артиши Тоҷикистон, ки боис ба маргу маъюб шудани ҷавонон мешавад, кадом аст? Чӣ кор кунем, ки ҷавонон бе сарбозшикору буридани сими барқ ва бастани масҷид ва гурехтан аз кишвар ба артиш бираванд?
Аҳмади Иброҳим: “Ман чанд пешниҳод карда будам. Афсӯс, ки дар Вазорати дифоъ гӯши шунаво нест. Агар аз бухл бошад, ки мо обрӯ мегирем, бало ба паси мо. Ба мо аҳамият надиҳед, ҳамин пешниҳодро аз номи худатон гиреду роҳандозӣ кунед. Аз минбари шумо истифода карда, пешниҳодамро мегӯям. Хидмат дар артиш бояд яксола бошад ва ҳама хидмат кунанд. Агар пас аз хатми мактаб ҳаждаҳсола шуда бошад, аввал бояд ба аскарӣ равад, баъд омада ба донишгоҳ дохил шавад, зан гирад, хона созад, зиндагӣ кунад. Агар ҳабдаҳсола аст, бигзор ба соли аввали донишгоҳ дохил шавад ва аз соли дувум ба хидмат равад. Ҳамин пешниҳод раҳандозӣ шавад, то мушкилот ба якбор ҳал шавад. Ман аз генерале, ки номашро намегӯям, пурсидам, ки чаро намехоҳед хидмат яксола шавад, хеле ошуфта шуд. Аз ин мушкилот, аз “облава” манфиатдор буд, ки қариб аз гиребони ман гирифта буд.”
Дилрабо Самадова: “Бо пешниҳодҳои Аҳмади Иброҳим розӣ ҳастам. Ҳатман муҳлати хидмат ихтисор карда шавад. Лекин бо даъват кардани ҷавонон аз синни 18 розӣ нестам. Таҳлили мо нишон медиҳад, ки аксаран ҷавонон ба хидмат омода нестанд. Онҳо аз хона, аз манзили волидон ба ҷои нав мераванд. Сарулибоси нав, яроқ. Аз уҳдааш намебароянд. Аксар вақт муносибатҳои ғайриоинномавӣ, латукӯб, дуздӣ маҳз аз тарафи ҷавонҳое сар мезанад, ки пас аз хатми мактаб ба хидмат рафтаанд. Бар асоси қонуни нав донишҷӯёнро бо диплом даъват мекунанд. Сифати сарбозон баланд шуда истодааст. Онҳо ҳуқуқи худро медонанд. Чӣ гуна шикоят карданро медонанд. Аз ин хел сарбозони босифат фоида зиёд аст. Сабаби асосии онки артиш реформа намешавад, ин фасод аст. Даъват сарчашмаи бузурги фасод аст.”