Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навори латукӯби сарбозони тоҷик хашми корбаронро барангехт. ВИДЕО


Рӯзи сабти навор маълум нест, вале он рӯзи 24-уми апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд.
Рӯзи сабти навор маълум нест, вале он рӯзи 24-уми апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд.

Як навори видеоӣ, ки саҳнаи латукӯби сахту муносибати бераҳмона бо сарбозонро намоиш медиҳад, дар шабакаҳои иҷтимоии корбарони тоҷик зиёд паҳн шуд ва мавриди маҳкумият ва хашму ғазаби бисёр тамошобинони он гардид.

Ин навори видеоӣ, ки 24-ми апрел дар шабакаҳо гардиш пайдо кард, саҳнаи саф кашидани чанд сарбоз ва мавриди бадрафторӣ бо онҳоро намоиш медиҳад. Замон ва макони дақиқи сабт шудани ин навор феълан маълум нест.

Ин навор баробари нашр шуданаш дар шабакаҳо мавриди хашму ғазаби корбарони тоҷикистонӣ гардид. Аксар шореҳон саҳнаҳои дилрешкунандаву бераҳмонаи тарзи бархӯрд бо ҷавонсарбозонро ба шиддат маҳкум карда, ба ҷавобгарӣ кашида шудани омилони ин бераҳмиро талаб доранд.

Навор лаҳзаҳои дилхарош дорад:

Бо вуҷуди сарусадои зиёд ҳанӯз мақомот дар Тоҷикистон ба ин навор вокунише накардаанд ва ҳам маълум нест, ки он дар кадом қисми ҳарбӣ сабт шудааст. Вале ин навор дар заминаи саломативу вазъи равонии хидматчиёни ҳарбӣ дар Тоҷикистон саволи зиёд эҷод мекунад ва ҳам даъватҳо ба тадбирҳои пешгирикунанда аз чунин ҳодисаҳо ҳам садо медиҳанд.

Набуди вокуниши расмӣ танҳо боиси афзоиши хашму ғазаби ҷамъиятӣ шудааст ва бисёриҳо аз ҳукумат тақозо кардаанд, ки барои такрор нашудани чунин ҳолатҳо тадбирҳои сареъ андешанд.

Навори шиканҷаи сарбозон аз сӯйи ҳамдихдматонашон дар ҳоле дар шабакаҳо дастобадаст мешавад, ки дар Тоҷикистон даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ идома дорад ва мақомот мегӯянд, вазъ дар артиш беҳтар шудаву шумори ихтиёриён бештар шудааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG