Додситонии кулли Тоҷикистон (Прокуратураи генералӣ) матни вокунишашро ба навори латукӯби сарбозон дар як қисми ҳарбӣ аз сомонааш “пок” кардааст.
Изҳороти додситонӣ шоми 24-уми апрел нашр шуд. Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шурӯи таҳқиқи ҳодисаро хуш пазируфтанд. Онҳо ҳамчунин тақозо карданд, ки раванди тафтиш ва додгоҳи боздошташудаҳо дар телевизион намоиш дода шавад.
Ба мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ, матни вокуниш то нисфирӯзии 25-уми апрел дар сомонаи Додситонии кул дастрас буд.
Сабабҳои аз вебсайт бардошта шуданаш маълум нест ва додситонӣ ҳам инро шарҳ надодааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон як рӯз пеш гуфт, вобаста ба навори латукӯби сарбозон панҷ нафарро дастгир карданд
Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, ҳодиса 15-уми декабри соли 2022 дар қисми ҳарбии 0215-и нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шудааст. Ин қисми ҳарбӣ дар ҳудуди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ҷойгир аст.
Нисбат ба сарбозони гумонбар ба гумони вайрон кардани қоидаҳои оинномавӣ парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Ҳодисаро додситони низомии Суғд таҳқиқ дорад.
Навори латукӯби сарбозон дар мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба артиш аз ҷониби бисёре аз корбарон чун далели “дурустии фирор аз хидмат” арзёбӣ шудааст.
Мақомот ҳамеша мегӯянд, ки шароит дар қисмҳои ҳарбӣ тағйир карда, сафи ихтиёриёни хидмат меафзояд. Ҳамзамон шикоятҳо аз сарбозшикор ё "облава" дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд.
Гуфтугӯ