Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистон, даҳ сол пеш, 19-уми майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз Фаронса ба Душанбе дар фурудгоҳ дастгир шуд.
Мақомот ӯро ба 29 сол зиндон маҳкум карданд. Боздошту муҳокимаи ӯ пас аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав вокунишҳоро барангехт. Созмонҳои байнулмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон борҳо бозбинии ҳукми Зайд Саидов ва раҳоии ӯро талаб карданд, аммо дар Тоҷикистон нодида гирифтанд.
“Гӯш накарду баргашт”
“Фикру зикри мо танҳо марказгароист, созандагист, ободии ватан аст... Мутмаин ҳастам, ки дар мақомоти Тоҷикистон бисёр шахсиятҳои варзидаву адлпешае ҳастанд, ки мӯйро аз хамир ҷудо мекунанд. Медонанд, ки кӣ ҷинояткор аст ва кӣ ҷинояткор нест”. Зайд Саидов ин ҳарфҳоро дар мусоҳибаи охиринаш бо Радиои Озодӣ аз Фаронса баён дошт.
Бовар надошт, ки ӯро ҳабс мекунанд. Мегуфт, ягон гуноҳ надорад ва аз ҳеч таҳқиқи ҷиноӣ наметарсаду ба зудӣ озод мегардад.
Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, “Зайд Саидов дар берун аз кишвар буд, Новобаста ба он ки таъкид мекарданд, “набиё, зиндонӣ мешавӣ”, ӯ гӯш накард ва баргашт. Ин нишонаи он аст, ки нияти пок дошт.”
Вале ӯро ба “суистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвахорӣ, таҷовуз ба номус, сохтакории ҳуҷҷат, тасарруфи пули давлат ва саркашӣ аз пардохти андоз” гунаҳкор ва дар умум ба 29 сол зиндон маҳкум карданд. Ӯ ва тарафдоронаш иттиҳомҳоро беасос хонда, гуфтанд, ягона сабаби зиндонӣ шудани ӯ талош барои таъсиси ҳизби нави сиёсӣ дар Тоҷикистон буд.
Чӣ боис ба нигаронии марказ шуд?
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, “гуфтан мумкин аст, ки маҳз таъсиси ҳизби сиёсӣ ва ба воситаи ин ҳизб эҳтимоли иштироки ӯ дар интихоботҳои порлумонӣ ва президентӣ боис ба нороҳатӣ ва нигаронии маркази тасмими қарорҳо шуд.”
Илова ба ҳабси дарозмуддати соҳибкори ҳоло 65-сола моликияти зиёд, аз ҷумла 8 корхонаву ширкати ӯ ва наздиконаш, аз ҷумла фабрикаи дӯзандагии "Гулистон" ва корхонаи "Тоҷикмармар"-ро мусодира карданд ва миллионҳо сомонӣ ҷарима бастанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ақидае ҷой дорад, ки фаъолияти тиҷоратияш баъзе аз сармоядорони калонро безобита карда буд ва равобиташ бо доираҳои тасмимгирандаи Маскав ба шахсони қудратманд хуш намеомад.
“Аслан ӯ сиёсатмадор нест, корчаллон аст. Дар соҳаи сиёсат то андозае як нафари тасодуфӣ аст. Бо ҳамон квотаи 30-фоиза ворид шуда буд ва он вақт ёд дошта бошед, мухолифон чанд коршинос ва корчаллонро аз берун ҷалб карда буданд. Аз ин рӯ, на аз нигоҳи идеологӣ ва на аз нигоҳи ҷаҳонбинӣ ба мухолифин наздик набуд. Бештар як марди ҳукуматӣ ба шумор мерафт, ба вижа баъд аз солҳои 2005-2006,” – гуфт таҳлилгар Парвиз Муллоҷонов.
“Рӯҳияаш хуб аст”
Барои журналистон имкони суҳбат бо Зайд Саидов дар зиндон вуҷуд надорад. Ба қавли наздиконаш, ӯ дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат аст, “рӯҳияаш хуб аст ва ҳар ду моҳ имкони дидор бо оилаашро дорад”. Дар ин муддат як дафъа намояндаи Эътилофи зидди шиканҷа бо ӯ дидор кардааст ва ҷон ба саломат бурдаанш дар ошӯби соли 2019 дар зиндони Ваҳдат расонаӣ шуд.
Ба қавли наздиконаш, даъвати мақомотро ҳам дар бораи пурсидани афв ва эътирофи пушаймонӣ дар нома ба президент рад кардааст. Вале мавзӯи афви ӯ ва зиндониҳои дигари сиёсӣ дар матбуот ҳамеша матраҳ аст.
Сийнат Султоналиева, намояндаи Дидбони Ҳуқуқи Башар, гуфт: “Ингуна таъқибҳо ба таври мустақим мухолиф бо Аҳдномаи байнулмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ аст, ки Тоҷикистон онро тасвиб карда. Соли 2018 Кумитаи ҳуқуқи башари СММ идомаи ҳабси Саидовро нақзи ҳамин аҳднома номид ва озодии билофосилаи ӯро тақозо кард. Ҳатто агар гоҳе як ноумедие ба назар бирасад, мо бовар дорем, ки таваҷҷӯҳ дар сатҳи маҳаллӣ ва байнулмилалӣ ба чунин қазияҳо дар дарозмуддат натиҷа медиҳанд."
“Диданаш сахт аст, вале...”
Муҳаққиқи озодиҳои сиёсӣ Стив Свердлов мегӯяд, агар дар оғоз ҳукми Зайд Саидов як истисно ба назар мерасид, баъдан ба як раванд табдил шуд ва ҳукмҳои Бузургмеҳр Ёров, Улафтахоним Мамадшоева, Фаромуз Иргашев ва дигарҳо намунаи он ҳастанд.
“Дидани ин ҳама сахт аст, вале ман яке аз онҳое мебошам, ки ба мубориза барои адолат бовар дорам. Умед дорам, ки ҳукумати Тоҷикистон ба машваратҳои зиёди созмонҳои байнулмилалӣ ва ҳам кишварҳои хориҷӣ гӯш медиҳад,” – афзуд ӯ.
Аз замони ҳабсаш Зайд Саидов каме бештар аз сеяки ҳукмро паси сар кардааст. Судя ё додрасе, ки ҳукми Зайд Саидовро баровард ба суоли маҳкумшуда ва вакили ӯ посух дод, ки “тақозои замон” ҳамин аст. Мақомоти Тоҷикистон ӯро ба ҷиноят гунаҳкор карданд, аммо тарафдоронаш ва созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсон, “маҳбуси сиёсӣ”.
Худаш дар охирин мусоҳиба дар соли 2013 гуфта буд, ки “наметавонам дар муҳите умр ба сар барам, ки як бою сад камбағал бошад. Мушкилоти ҷомеаи мо рӯз то рӯз зиёд мешавад, инро қотеона мегӯям. Мо омодаем, ки дар рушди иқтисодии мардум саҳм бигирем...”