Раҷаб Таййиб Эрдуғон – раиси ҷумҳури ҳозира ва Камол Қиличдароғлу – раҳбари мухолифон дар Туркия натавонистанд, дар давраи аввали интихоботи президентӣ пирӯз шаванд. Ғолиб баъд аз ду ҳафта (28-уми май) ва дар даври дувум маълум хоҳад шуд. То он дам, ба гуфтаи баъзе аз сокинони Туркия, онҳо ва кишварашон дар ҳоли номуайянӣ хоҳанд буд.
"Натиҷаи дигарро мунтазир будем"
Волкан Атилган, як сокини Туркия, мегӯяд, аз ин вазъият “озурдаву нороҳат” ҳастанд.
“Мо натиҷаи дигарро интизор доштем,” -- гуфт ӯ ва афзуд, “наворҳои номзад, Муҳаррам Инч, ки боис ба беруншавии ӯ аз маъракаи интихоботӣ шуд, ба афкори раъйдиҳандгон таъсири бад гузошт. Иншоаллоҳ, дар даври дуюм пирӯз хоҳем шуд.”
Гултекин Ятим, раъйдиҳандаи дигар, гуфт, “ба фикри ман, ҳамаи ҳизбҳо аз чунин вазъ ҳушҳол нестанд. Номуайянӣ идома меёбад. Албатта, ҳар ҳизб мехоҳад, номзадаш дастболо гардад. Пас аз ду ҳафта ба ин суол посух дода хоҳад шуд.”
Барои пирӯзӣ дар даври аввал яке аз номзадҳо бояд беш аз 50 дарсади раъйи мардумро ба даст меовард. Бархилофи натиҷаи аксар назарсанҷиҳо, ки пирӯзии Қиличдороғлуро пешгӯӣ мекарданд, Эрдуғон бо зиёда аз 49 дарсади оро аз номзади мухолифин бартарӣ дошт.
Қиличдороғлу 45 дарсад раъй гирифт. Кумисюни олии интихоботи Туркия мегӯяд, номзади дигар, Синон Уғон, беш аз 5 дарсади овози мардумро ба даст овард.
"Натиҷаи интихобот ба Тоҷикистон ва кишварҳои ОМ муҳим аст"
Эрдуғон шаби 14-уми май гуфт, ки агар интихобот ба даври дувум кашида шавад, ба он эҳтиром хоҳад гузошт. Қиличдороғлу бо боварӣ гуфт, ки дар даври дувум пирӯз мешавад.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон Туркияро дар умум беш аз 20 сол боз раҳбарӣ мекунад. Аввал ба ҳайси нахуствазир ва баъдан ҳамчун раисиҷумҳур. Интихоботи кунунӣ барои ӯ имтиҳони сахттарин номида мешавад.
Интихоботи Туркияро дар Тоҷикистон ва бахусус саҳифаҳои тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ доранд. Баҳси тарафдорони Эрдуғон ва рақибаш низ дар “ҷӯш” аст.
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик, мегӯяд, натиҷаи интихоботи Туркия барои Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳим аст, “чунки вобаста ба он самтгирии оянда маълум мешавад”.
Туркия дар солҳои охир ба макони кору зиндагии гуруҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон табдил шудааст. Тибқи омор, феълан аз 10 то 15 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар саросари Туркия кору зиндагӣ ва таҳсил мекунанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бо ин ҳама дар ду ҳафтаи оянда Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Камол Қиличдороғлу бояд барои ба даст овардани дили ҷонибдорони Синон Уғон, ки аз сабқат канор рафт, мубориза баранд. Ин сиёсатмадори муҳофизакор ҳарчанд аз лиҳози идеологӣ ба Эрдуғон наздик буд, бо ӯ мухолифат дошт.
Суоли калидӣ ин аст, ки оё ин ду номзад метавонанд интихобкунандагонро барои дуюмбора рафтан ба пойи сандуқҳои раъй водор кунанд ё на.