Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаи интихоботи Туркия ба Русия ва кишварҳои Ғарб чӣ таъсир хоҳад дошт?


Имрӯз, 14 уми май сокинони Туркия президенти нави ин кишварро интихоб мекунанд.

Ин муҳимтарин маъракаи сиёсӣ барои Туркия дар 100 соли ахир дониста мешавад ва бино ба пешгӯиҳо, эҳтимол раиси ҷумҳури феълӣ, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ки тақрибан 20 сол боз дар сари қудрат аст, дар ин сабқат шикаст мехурад.

Назарсанҷиҳо шонси бурди рақиби Эрдуғон, Камол Қиличдороғлуро, ки хостори беҳтар кардани равобит бо ғарб аст, дар интихоботи президентӣ бештар арзёбӣ кардаанд. Соҳибназарон мегӯянд, чунин натиҷа президенти Русия, Владимир Путинро хушҳол нахоҳад кард.

Моҳи гузашта, дар ҳоле, ки ҷанги Русия дар Украина бошиддат идома дошт, Владимир Путин тариқи занги видеоӣ ба ҳамтои турки худ, Раҷаб Тайиб Эрдуғон тамос гирифт ва дар маросими пешниҳоди сӯзишворӣ барои нахустин тарҳи ҳастаии ин кишвари узви НАТО онлайнӣ ширкат кард.

Сохтмони нирӯгоҳи ҳастаии “Аккую” аз сӯйи корхони азими ҳастаии Русия “Россатом” бо маблағи 20 миллиард доллар, дар ҷануби Туркия, баландарин нишони ҳамкориҳои энергетикии ду кишвар дониста мешавад, ки Путин ва Эрдуғон дар ду даҳсолаи ахир ба роҳ мондаанд.

Путин зимни суханронияш тариқи онлайн дар ин маросим, ки 3 ҳафта қабл аз интихоботи президентии Туркия сурат гирифт, Эрдуғони 69 соларо, ки сиёсати худкома ва зидди ғарбро ба роҳ мондааст, ситоиш кард ва гуфт.

"Сохтмони нахустин нерӯгоҳи барқи атомӣ дар Туркия ва ... аз сифр сохтани як саноати нави пешрафтаи технологӣ, боз як намунаи рӯшане аст, ки шумо, ҷаноби Президент Эрдуғон, барои кишвари худ ва барои рушди иқтисоду мардуми турк анҷом додаед. Мехоҳам окшор бигӯям, ки шумо тавони гузоштани ҳадафҳои бузург ва амалӣ кардани онҳоро доред”

Тобистони соли гузашта, Русия барои суръат бахшидан ба корҳои сохтмонии корхонаи ҳастаии “Россатом” дар Туркия миллиардҳо доллар интиқол дод. Ба гуфтаи коршиносон ҳадаф ҳифзи қурби пули туркӣ буд, ки дучори мушкил шудааст. Вале ба бовари таҳлилгарон дар сурати пирӯзии Қилиҷдороғлуи 74 сола, собиқ раҳбари Оҷонсии миллии ҳифзи иҷтимоӣ дар сабқати президентӣ, сармояҳои ба Туркия рехтаи Путин метавонад барҳадар равад.

Қиличдороғлу эълон кард, ки талош мекунад равобитро бо Аврупо ва Амрико барқарор кунад. Эрдуғон бо саркӯби сиёсӣ ва дахолат дар минтақаҳое чун Сурия ва Қарабоғи Кӯҳӣ муносибаташ бо ин кишварҳоро халалдор карда буд.

“Нокомии Эрдуғон дар ин рақобат ба фоидаи Путин нахоҳад буд. Дар сурати пирӯз шудани Қиличдороғлу, Путин водор мешавад роҳҳои наздик шудан бо ӯро пайдо кунад. Ӯ маҷбур аст қабул кунад, ки Қиличдороғлу то ҷое бо ғарб наздик хоҳад буд ва бо ин роҳ нагузорад, равобити онҳо боз ҳам наздиктар шавад” – гуфт, Марк Катс, профессори сиёсатшинос оид ба равобити Русия ва Шарқи наздик дар Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон.

Стивен Кук, пажӯҳишгари Шӯрои равобити хориҷии Ню Йорк оид ба кишварҳои Ховари миёна ва Африқо, мегӯяд, шикасти Эрдуғон, нишон хоҳад дод, ки нерӯҳои демократӣ ҳамоно дар ҷаҳон "қавӣ"- янд. “Ин як зарба ба авторитаризми ҷаҳонӣ бо раҳбарии Путин хоҳад буд.” – афзуд ӯ.

"ДӮСТИИ ҚАВИИ МАРДОНА"

Путин бо Эрдуғон бештар аз дигар раҳбарони хориҷии берун аз ҳудуди Шӯравии собиқ дидору мулоқот кардааст. Аз соли 2003, замоне, ки Эрдуғон сарвазир таъин шуд байни ӯ ва Путин равобити хуби корӣ ба роҳ монда шуд. Бархе ин муносибати онҳоро “дустии қавии мардона” меноманд.

Аммо байни онҳо як муддат ихтилофот вуҷуд дошт. Аз ҷумла соли 2015 вақте Туркия ҳавопаймои ҳарбии Русияро дар наздикии марзи Сурия бо Туркия нобуд кард, Путин ин амалро “корде ба пушташ” номид. Ду раҳбар ҳамчунин дар баъзе аз масоили муҳими сиёсӣ, ба хусус ҳамлаи Русия ба Украина мавқеъҳои мухталиф доштанд. Анқара интиқоли бесарнишинҳоро ба Киев идома медиҳад. Вале бо ин ҳама Путин ва Эрдуғон дар масоили дигари марбут ба рафтори кишварҳои ғарб мавқеъи монанд доранд.

“Онҳо ҳарду худро соҳибқудратҳои бузургу аламдида мепиндоранд, ки ба қадри кофӣ эҳтиромашон ба ҷо оварда намешавад ва ҳарду аз ғарб гила мекунанд. Эрдуғон ва Путин дар ана ҳамин ҷо муштаракот доранд. Бо вуҷуди тамоми ихтилофот, барои Путин муҳим ин аст, ки Эрдуғон зидди ғарб аст” гуфт сиёсатшинос Марк Катс.

Назарпурсиҳои пешазинтихоботӣ маълум кард, ки тарафдорӣ аз Қиличдороғлу, ки эътилофи иборат аз шаш ҳизб ҳам аз ӯ пуштибонӣ мекунад, каме бештар аз Эрдуғон аст. Агар касе номзадҳо ба мақоми президентӣ беш аз 50 дар сад райъро соҳиб нашавад, рӯзи 28 уми май дар Туркия интихоботи такрорӣ баргузор мешавад.

Интихоботи тақдирсози президентӣ дар Туркия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Соли 2000 - ум Эрдуғон дар курсии нахуствазир аз нуфузи хеле зиёд бархурдор буд, вале солҳои ахир ва дар пайи бӯҳрони иқтисодиву поин арфтани сатҳи зиндагии мардум, эътибори ӯ ҳам поин рафт, ки ин метавонад ба натиҷаи овоздиҳӣ бетаъсир намонад.

Бо маҳдуд кардани озодӣ, нақзи озодии баён, заиф кардани кори ниҳодҳои давлатӣ аз ҷумла додгоҳҳо ва ба гуфтаи коршиносон пешбурди сиёсати «хашини» хориҷӣ, Эрдуғон дар ғарб ҳам эътиборашро аз даст дод. Наздик шудани ӯ бо Путин муносибаташ бо Вашингтон ва Брюсселро мутташаниҷ кард.

Дар пайи талоши табаддулоти давлатӣ дар соли 2016, ки Эрдуғон дар он як руҳонии муқими Амрикоро гунаҳкор кард, ӯ барои ба даст овардани низоми мушакии С - 400 бо Путин мувофиқа кард.

Амрико мухолифи ин тавофуқи дувуним миллиард доллара шуд ва саноати дифоии Туркияро мавриди таҳрим қарор дод.

Солҳои ахир дар муносибати Эрдуғон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳам нофаҳмиҳо ҷой дорад. Бо Фаронса бархурд дошт ва чанде пеш зидди ворид шудани Шветсия ва Финландия ба узвияти НАТО шуда, кишварҳои Скандинавияро ба ҷой додани «созмонҳои терористи »и курдҳо дар ҳудудаш гунаҳкор кард. Охири март Туркия узвияти Финляндияро дар НАТО қабул кард, аммо ҳамоно зидди шомил шудани Шветсия ба он аст.

Қиличдороғлу волоияти қонун, бозгашт ба идоракунии порлумонӣ ва ҳалли масъалаи низоми мушакии С - 400 бо Амрикоро ваъда додааст. Соҳибназарон мегӯянд, ӯ узвияти Шветсия ба НАТО-ро ҳам зуд ҷонибдорӣ хоҳад кард.

ҲАМЛАИ РУСИЯ БА УКРАИНА

Бо ҳама норозигӣ аз Эрдуғон дар Ғарб, ӯ барои ба даст омадани созиш миёни Украина Ва Русия дар масъалаи содироти гандум тариқи Баҳри Сиёҳ нақши муҳим дошт. Русия бо ҳадафи зарба задан ба иқтисоди ҷаҳон ва боло бурдани нархи гандум бандарҳои украинаро, ки тариқи он ба кишварҳои дигар гандум содир мешуд, баст.

Ба андешаи таҳлилгар, Кук, шикасти Эрдуғон дар интихобот масъалаи идома ёфтани ин созишро ҳам, ки мӯҳлаташ чанд рӯз пас аз интихобот ба охир мерасад, зери суол мебарад.

«Созиши содироти гандум ба мушкил рӯ ба рӯ мешавад. Зеро ин тавофуқ ба равобити Путин ва Эрдуғон ва боварие, ки онҳо ба ҳам доштанд, пайванд буд.» - афзуд, таҳлилгар Стивен Кук.

Коршиносон мегӯянд, Қиличдороғлу як технократ аст ва садои баланд надорад. Ба гуфтаи онҳо ба ӯ харизмаи Эрдуғон намерасад.

Аз оғози ҷанги Русия дар Украина, Эрдуғон таҷовузи Маскавро “ғайриқобили қабул” номид ва ба Украина бесарнишин интиқол медиҳад. Дар айни замон бо Маскав ҳам равобиташро идома медиҳад. Туркия ҳоло яке аз роҳҳои калидӣ барои интиқоли молу колои таҳримшудаи ғарб ба Русия аст.

Ба бовари таҳлилгарон, дар сурати пирӯзии Қиличдороғлу ҳам, Туркия дар муносибат бо Русия ва Украина тавозунро риоя карда, дар байн хоҳад монд ва барои муқобила бо таҳримҳои ғарб ба Маскав кӯмак хоҳад кард.

Як сабаби ин иқтисоди сусти Туркия аст, ки аз сармоягузорӣ ва захираҳои энергетикии Русия вобастагии зиёд дорад. Туркия, 45 дар сади гази табии ва нафту ангиштро аз Русия мегирад. Барои таъмини нерӯгоҳҳои барқӣ ва корхонаи ҳастаии навбунёдаш ҳам бо сӯзишворӣ пойбанди Русия хоҳад монд.

Путин содироти барқу газро соли гузашта дар пайи таҳримҳо ба Аврупо коҳиш дод ва ин боиси болоравии нарх дар ҷаҳон шуд.

Дар ин миён Туркия бурд кард ва ба макони аслии сайёҳати шаҳрвандону корхонаҳои Русия табдил ёфт. Сармоягузорӣ ва воридоти пул ба ин кишвар афзоиш ёфт. Тиҷорат байни ду кишвар якбора боло рафт.

Аслӣ Айдинтасбас, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи Брукингси Вашингтон мегӯяд, агар Қиличдороғлу дар интихоботи президентии Туркия ғолиб шавад, ӯ эҳтимол ба Аврупо тамаркуз хоҳад кард, вале Путинро ҳам бетаваҷҷӯҳ намемонад. “Дер ё зуд ӯ ба Путин хоҳад гуфт, ки манфиатҳои Русияро зери хатар гузоштанӣ нест. Аммо суоли калидӣ ин аст, ки Путин ба ин изҳорот чӣ гуна вокуниш хоҳад кард”

Ба гуфтаи ин таҳлилгар, ҳатто агар дар давраи раҳбарии Қиличдороғлу мунсоибат бо Маскав хуб монад ҳам, ҳамагуна пешрафт дар барқарорсозии волоияти қонун дар Туркия барои ба эътидол омадани равобит бо Амрико муҳим аст.

«Ин ҳамон чизест, ки дар як лаҳза метавонад, баъзе нофаҳмиҳоро дар муносибати ду ҷониб аз байн барад. Аммо бо сабабе, ки дар кишвар муҳит ва эҳсоси зиддиамрикоӣ ва зиддиғарбӣ зиёд аст, талоши беҳбуд ёфтани равобити дуҷониба дар сурати омадани раҳбари нав ҳам дар Анқара маҳдуд хоҳад буд.”

Дар маҷмӯъ ба бовари, сиёсатмадори дигар Стивен Сук ҳам новобаста ба натиҷаҳои интихобот, равобити ИМА ва Туркия якрангу ҳамвор нахоҳад буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG