Бо шумориши 99 дарсади орои интихоботи президентии Туркия, ба назар мерасад, ин интихобот ба даври дувум расид ва ду ҳафта баъд Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Камол Қиличдороғлу бояд бори дигар бо ҳам рақобат кунанд.
Дар ҳоле ки натиҷаи шумориши оро дар поёни рӯзи гузашта ҳикоят аз пештозии Эрдуғон бо 52 дарсади раъйҳои интихобкунандагон дошт, дар нимашаби душанбе ва бо шумориши 98,31 дарсади раъйҳо, ба зери 50 дарсад коҳиш ёфт. Ба ин тартиб, ӯ райъи лозимро барои пирӯз шудан дар даври аввали интихобот аз даст дод.
Тибқи омори Кумисюни олии интихоботи Туркия, орои Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба 49,34 дарсад коҳиш ёфтааст. Аз тарафи дигар, орои рақиби аслии ӯ Камол Қиличдороӯғлу то 45 дарсад афзоиш ёфтааст, ки нишон медиҳад интихобот ба эҳтимоли зиёд ба даври дувум кашида хоҳад шуд.
Баъзе аз хабаргузориҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла, хабаргузории "Рейтерз" навиштанд, ки интихобот ба даври дувум рафтааст. Дар сурати ба даври дувум рафтани интихобот, он ду ҳафта баъд баргузор хоҳад шуд.
Эрдуғон шаби гузашта гуфт, агар интихобот ба даври дувум кашида шавад, ба он эҳтиром хоҳад гузошт. Ӯ, ки дар байни тарафдоронаш дар Анқара суханронӣ мекард, изҳор дошт, "мо ҳанӯз намедонем, ки оё интихобот дар даври аввал ба поён мерасад ё не... аммо агар миллати мо тасмим гирифта бошад, ки интихобот ба даври дувум кашида шавад, аз он истиқбол мекунем".
Аз тарафи дигар, Камол Қиличдороғлу низ таъкид кардааст, ки дар даври дувум пирӯз хоҳад шуд ва аз тарафдоронаш хостааст, ки сабур бошанд. Дар баъзе аз шаҳрҳои сераҳолии Туркия, аз ҷумла Анқара, Қиличдороғлу, намояндаи эътилофи шаш ҳизби кишвар, барандаи интихобот будааст.
Тибқи бархе назарсанҷиҳои қабл аз интихоботӣ, Қиличдороғлу бештарин имкони баранда шуданро дошт ва бархе назарсанҷиҳо низ имкони Эрдуғонро барои интихоби дигарбора ба мақоми раёсати ҷумҳури Туркия болотар нишон медоданд.
Кумисюни олии интихоботи Туркия мегӯяд, номзади дигар Синон Уғон 5,24 дарсади раъйи мардумро аз худ кардааст.
Бар асоси арзёбии расонаҳо, эҳтимол 90 дарсади шахсоне, ки ҳаққи раъй доданро доранд, дар интихобот иштирок кардаанд. Гузоришҳо мегӯянд, навбатпойии дароз ва пуриздиҳом дар ҳавзаҳои интихоботӣ дар 81 вилояти ин кишвар бесобиқа будааст.
Гуфтугӯ