Чунин таксиҳои истеҳсоли Чину Олмон аз чанд ҷиҳат аз мошинҳои маъмулӣ фарқ доштааст. Саидҷон Ӯлмасов, ронандаи мошини барқӣ мегӯяд, дар муқоиса бо мошинҳое, ки бо бензин ё гази моеъ ҳаракат мекунанд, чунин мошинҳо “барои муҳити зист тоза ҳастанду бӯй надоранд”. Ӯ мегӯяд, бисёр муштариҳояш инчунин ба “нав ва беовоз” ҳаракат кардани мошин ишора мекунанд.
Дар Душанбе дар чанд ҷой нуқтаҳои таъминоти барқ барои мошинҳои барқӣ ҳам ташкил шудааст, вале чунин маконҳо ҳанӯз фаровон нестанд.
Саидҷон Ӯлмасовро дар бораи хароҷоти пулии мошин пурсидем. Ӯ чунин гуфт:
«Мисол, бегоҳ барои пуркунӣ меравам. Барои пур шудани батареяи мошин 40-50 сомонӣ сарфа мешавад, чун вобаста ба ампери мошин аст. Мошини ман, масалан 53 ампер аст, 53 сомонӣ харҷ мешавад. 420 километр навиштагӣ аст. Аммо мо ин қадар масоҳат намегардем, 350 км мегардем. Дар фасло сармо боз камтар мегардем. Чун вақти борону барф бояд гармии мошин таъмин бошад. Дар як рӯз батареяи мошин ду дафъа пур мешавад. Аммо дар гармиҳо як бор мерасад».
Таксиҳои барқи аз нуқтаҳои таъмини барқ, ки барои онҳо пешбини шудааст, як киловатт-соат неруи барқро бо арзиши як сомонӣ мехаранд. Чунин таксиҳоро ғайр аз ширкатҳои таксиронӣ, аз дасти афроди алоҳида низ бо арзиши то 300 ҳазор сомонӣ ва аз он бештар низ харидан мумкин. Чун бо барқ ҳаракат мекунанд, аз нигоҳи молӣ камхарҷ ҳисоб мешаванд, вале чун камчин ҳастанду агар таъмирталаб шуданд, хараҷотҳояш меафзояд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2027-ро роҳандозӣ кардааст.
Баъзе сокинон дар саҳифаҳои иҷтимоии Радиои Озодӣ аз он шикоят карданд, ки дар ширкатҳои таксиронӣ онҳоро маҷбур доранд, ба ҷои таксиҳои маъмулӣ, мошинҳои барқӣ харанд, вале ҳозир нашуданд инро шарҳ диҳанд. Ширкатҳои таксиронӣ низ аз шарҳи мавзуъ худдорӣ мекунанд.
Мошинҳои барқӣ бо вуҷуди камхарҷ будан нархномаи хидматрасонияшон, мисли дигар таксиҳои ширакатҳои хидматрасон аст. Сокинон мехоҳанд арзиши хадамоти ингуна таксиҳо арзон шавад.
Мирзораҳим Олимов, сокини шаҳри Душанбе бовар дорад, ки ин мошинҳо ҳам базудӣ зиёд хоҳанд шуд. “Дар оянда арзон мешавад. Барои он ки ҳозир нав омада истодааст. Нав, ки ворид мешавад, нархаш гарон мешавад. Вақте бисёр шуд, нархаш арзон мешавад. Бозор ҳамин аст. Чӣ қадар зиёд шавад, ҳамон қадар арзон мешавад». Акрамҷон Низомов, сокини ноҳияи Турсунзода мегӯяд: «Нархномаҳояш арзонтар шавад. Ба экология зарар надорад. Фикри ман ин мошинҳо, ки наванд, харҷи таъмирашон назар ба дигар мошинҳо қиммат мешавад. Шояд барои ҳамин нархои онҳо бо дигар нархи таксиҳо вобаста мекунанд».
Оғози ҳаракати мошинҳои барқӣ дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар тӯли 30 соли ахир натавонистааст мушкили бебарқии сокинонро дар фасли сармо ҳал намояд. Баъзе ронандаҳо гуфтанд, барои таъмини мошинҳояшон барқи зиёде сарф намешавад ва дар шароите, ки нархи сӯзишворӣ гарон аст, истифода аз он беҳтар аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Чаро қимати маводи сӯхт поин омад, вале қимати роҳкиро не? ВИДЕО"Camry-2" дар Амрико – $1800, дар Тоҷикистон – $12000. Чаро тоҷикон ба Гурҷистон рӯ оварданд?Ғарб таҳрим кард. Тоҷикистону ҳамсояҳояш ба Русия чӣ доданд ва чӣ гирифтанд?Ишқободро аз мошинҳои куҳна "тоза" мекунандВоридоти мошин зиёд шуд, нарх ҳам боло рафт. ВИДЕО.