Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки соли 2022 ва дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон “354 ҷинояти хусусияти террористиву экстремистидошта ошкор ва аз рӯи ин ҳолатҳо нисбат ба 350 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст”. Раҳмон, ки рӯзи 27 апрел дар ноҳияи Данғара назди раҳбарону фаъолони вилояти Хатлон сӯҳбат мекард, гуфт, “сатҳи баланди ифротгароӣ ва шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ бештар дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Қубодиён, Шаҳритус, Кӯшониён, Вахш ва Фархор” мушоҳида мешавад.
Ӯ инчунин аз “суст амалӣ шудани” «Стратегияи муқовимат бо терроризм ва экстремизм” дар чанд ноҳия, аз ҷумла, Норак, Кӯлоб, Вахш, Данғара, Фархор ва дигар ноҳияҳо гуфт. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, соли 2022 дар саросари кишвар тақрибан 1200 ҷинояти вобаста ба терроризму ифротгароӣ сабт шудааст.
Интиқоди президент дар ҳолест, ки солҳои охир мунаққидони сиёсӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистон маҳз барои истифодаи бемаҳдудияти тамғаи экстремизму терроризм, саркӯби шаҳрвандон таҳти ҳамин баҳона ва пахши озодиҳо танқид мекунанд. Ба қавли онҳо, сохторҳои ҳифзи қонун дар Тоҷикистон бо баҳонаи ин моддаҳо ва дар шароити баҳсбарангез даҳҳо нафарро ба зиндонҳо андохтаанд. Дар миёни маҳкумшудаҳо бо чунин моддаҳо мухолифони ҳукумат, мунаққидон, журналистону блогерон зиёд ҳастанд.
Аз ҷумла, дар сафари ахираш ба Душанбе Нозило Қонеъ, гузоришгари вижаи СММ дар умури озодиҳои мазҳабӣ ва эътиқод Қонун “Дар бораи муқовимат бо терроризм ва экстремизм”-ро танқид кард. Ӯ гуфт, “мафҳуми бисёр васею номуайяни экстремизму терроризм ба маҳдудкунии озодиҳои дину виҷдон оварда мерасонанд". Ӯ 22 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар Душанбе гуфт, “мафҳумҳои экстремизми хушунатомез ва инчунин терроризм бояд бисёр дақиқ ифода шаванд, то ба уҳдадориҳои байнулмиллалии Тоҷикистон, аз ҷумла дар доираи Паймони байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ, мувофиқат кунанд".
Ба қавли мунаққидон, солҳои охир шумори маҳбусон дар Тоҷикистон аз ҳисоби онҳое зиёд мешавад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ як шарҳи танқидӣ ё “лайк”-е дар зери андешаи нохушоянд барои мақомот мегузоранд ва дар ниҳоят “террористу экстремист” унвон мешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Манъи ҷудоиталабӣ, масъулияти нави волидон дар ТоҷикистонРаҳмон "таҳдидҳои ҷиддӣ"-ро ба Тоҷикистон номбар кард"Агар падарамро бинам..." Зиндагии се паноҳандаи сиёсии тоҷик дар Аврупо. ВИДЕОБа пайвандони Маҳмадалӣ Ҳайит иҷозат надодаанд, ки бо ӯ мулоқот кунандДодситони кулли Тоҷикистон бо мақомоти Олмон "истирдоди ҷинояткорон"-ро баррасӣ кардаастГапи озод: Даъвати мухолифон ба бозгашт ба Тоҷикистон. Самимист ё не? ВИДЕО