Нашри навори латукӯби сарбозон ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод. Танҳо дар пойгоҳҳои Радиои Озодӣ зиёда аз 20 ҳазор нафар ба ин навор вокуниш кардаанд.
Қисме талаб кардаанд, ки гунаҳкоронро дар мазҳари ом ҷазо диҳанд ва бархе гуфтаанд, шояд садҳо чунин ҳолат пинҳон монад ва беҳтараш мақомот барои аз байн бурдани меҳтарсолорӣ ё “дедовшина” дар қисмҳои ҳарбӣ талоши ҷиддитар кунад. Коршиносон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳони пайгирии одилонаи парвандаи боздоштшудаҳо ва ҳам аз байн бурдани ин мушкил дар артиши Тоҷикистон шуданд.
Саидҷаъфар Усмонзода, намояндаи порлумон ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон, ки пас аз пахши ин видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниш кард, мегӯяд, чунин ҳодисаҳо ба обрӯи ҳукумат латма зада, боиси нобоварии ҷавонон ба назму тартиб ва адолат дар артиш мешавад.
Усмонзода рузи 25-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Дар қисмҳои ҳарбӣ ҷой доштани ин ҳодисаҳо боиси таассуф аст. Ман фикр намекунам, ки дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ чунин рафтор ба таври як анъана бошад, чунки мутобиқи қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, бо супориши бевоситаи Маҷлиси Намояндагон комиссияи доимоамалкунанда фаъолият мекунад. Ин комисссия аз тамоми кумитаҳои порлумон таъсиси ёфтааст. Сари ҳар вақт бо ҳама зерсохторҳои ҳукумати Тоҷикистон, ҷомеаи шарҳрвандӣ ва дигар корхонаҳо, алалхусус бо қисмҳои ҳарбӣ, вохурӣ мекунем ва аз тарзи зиндагиву шароити онҳо пурсон мешавем.”
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷомеаи шаҳрвандӣ нашри навори латукӯби сарбозонро далели барҷастаи вуҷуди бадрафторӣ дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон медонад. Аммо ба беҳбуди вазъ пас аз расонаӣ шудани ин навор умед доранд.
Дилрабо Самадова, роҳбари ташкилоти “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” гуфт, “бояд афсароне, ки дар он шабурӯз дар қисми ҳарбӣ навбатдор буданд ва бояд ин муносибатҳоро пешгирӣ мекарданд, онҳо низ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд. Ҳатман бояд догоҳ, ҳамчун додгоҳи сайёр дар қисмҳои ҳарбӣ гузаронида шуда, ҳамчун дарс барои дигар сарбозон ва афсарон нишон дода шавад, ки ин амалҳои ҷинояткорона оқибат ҷавобгарии ҷиноӣ дорад.”
Як пурсиши сарироҳии хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳам нишон дод, ки расонаӣ шудани латукӯби сарбозон аз сӯйи ҳамхидматонашон нигаронии ҷиддии сокинонро ба бор овардааст. Ҷавонон бовар доранд, ки сабабҳои аслии саркашии аксар даъватшавандаҳо аз хидмат дар артиш ҳамин бадрафторӣ бо наваскарон аст. Бо вуҷуди он ки Додситонии кулли Тоҷикистон аз боздошт ва оғози парванди ҷиноӣ алайҳи сарбозони қонуншикан хабар дод.
Ёқуб Ҳалимов хабарнигори тоҷик гуфт, меҳтарсолорӣ як мушкили ҷиддӣ дар артиш аст, ки солҳо боз вуҷуд дорад.
“Аз нақли худи куҳнасарбозоне, ки хизмати Модар-Ватанро адо карда меоянд, ба ин хулоса расидам, ки сарбозозорӣ ба таври системавӣ ҷорӣ аст. Яъне ҳар насли нави сарбозон дар қисмҳои низомӣ ба чунин латукубу шиканҷаву озор рӯ ба рӯ ҳастанд. Худашон аз сар мегузаронанд ва вақте ки ба солҳои дуввум мерасанд, сарбозони нав меоянд, сари сарбозони навомада дастдарозӣ мекунанд, онҳоро шиканҷа мекунанд. Бояд коре кард, ки ҳамин занҷира канда шавад. Вагарна, озори сарбозон дар қисмҳои низомӣ аз байн намеравад,”—гуфт, ӯ.
Бадрафторӣ дар артиши Тоҷикистон, ки дар баъзе ҳолат ба маъюб шудан ё марги сарбозон меанҷомад, ҳарфи нав нест ва ҳамасола хабарҳо аз меҳтарсолорӣ шунида мешаванд. Танҳо дар як соли гузашта дар сафи неруҳои мусаллаҳ 22 сарбоз ба ҳалокат расидаанд. Мақомот эътироф мекунанд, ки яке аз сабабҳо бадрафторӣ бо онҳо будааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Панҷ нафар боздошт шуд." Додситонӣ навори латтукӯби сарбозонро шарҳ дод. ВИДЕОНавори латукӯби сарбозони тоҷик хашми корбаронро барангехт. ВИДЕОБоздошти як подполковники тоҷик дар робита ба латукӯби сарбозон Вокуниши Додситонӣ ба латукӯби сарбозон “гум” шуд