Дар муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" ба шаҳрвандони аз 15-сола боло курсҳои омӯзиши забони кореягӣ таъсис шудааст.
Дар эълони ин муассиса, ки дар вебсайти kasb.tj нашр шуд, таъкид шудааст, ки барои омӯзиши забон шаҳрвандоне метавонанд муроҷиат кунанд, ки нияти кор дар Кореяи Ҷанубиро доранд.
Райҳона Давлатшоева, котиби матбуотии ин муассиса рӯзи 24-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дарсҳои омӯзиши забони кореягиро омӯзгори мутахассиси забон аз Тоҷикистон дарс медиҳад. Ӯ гуфт, ки таҳсил аз 1 то 3 моҳро дар бар мегирад ва барои ҳар як моҳи хониш забономӯзон 185 сомонӣ месупоранд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тоҷикистон, ки мегӯяд, дар талоши пайдо кардани роҳҳои нави муҳоҷирати кории шаҳрвандон дар хориҷа мебошад, ирсоли озмоишии муҳоҷирони мавсимии корӣ ба Кореяи Ҷанубиро роҳандозӣ кардааст.
Нигоҳубини гов, чидани алафҳои баҳрӣ...
Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ, ки ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ барпо кардаанд, солиёни дароз аст, ки дар бораи нияти фиристодани коргарони кироя ба кишвари сарватманди осиёӣ музокира мекунанд. Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон гуфт, умедвории ҳукумат ин аст, ки то поёни соли ҷорӣ ниҳоят созишномаи расмӣ доир ба ирсоли нерӯи корӣ ба Кореяи Ҷанубӣ имзо мешавад. Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ки бо далели надоштани ҳақи сӯҳбат бо матбуот нахост номаш нашр шавад, гуфт, бо вуҷуди набуди созишномаи расмии кор барои тоҷикистониҳо дар Кореяи ҷанубӣ, ду кишвар ба таври санҷишӣ ирсоли коргарони мавсимиро аз Тоҷикистон ба роҳ монданд. Ӯ гуфт, аввалин гурӯҳе, ки моҳи октябри соли 2022 дар ҳайати 60-нафара ба таври озмоишӣ ба Корея барои кори мавсимӣ рафт, бештар дар бахши кишоварзӣ ҷалб шуданд.
Ӯ гуфт, ин гурӯҳ ба мӯҳлати панҷ моҳ оварда шуд, онҳоро панҷ-даҳнафарӣ дар кори фермаҳои говпарварӣ, киштзорҳо, дар кори чидани алафҳои баҳрӣ, ки ғизои маъруфи мардуми маҳаллӣ ба ҳисоб меравад, сафарбар карданд. Ба гуфтаи ин манбаъ, кори онҳо рӯзе мутобиқ ба созишнома на бештар аз 8 соат буд ва маошашон моҳе на камтар за 1700 доллар, вале, ба гуфтаи ӯ, бархе аз ин нафарон шартҳои созишномаро пурра иҷро накарда ё корро тарк мекарданд ва ё ба ҷои дигар мерафтанд. Ба қавли ин манбаъ, мутобиқ бо машваратҳо бо ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ, коргарони барои мӯҳлати муайяншуда омада бояд шартҳои созишномаро иҷро кунанд ва ҳам на дертар аз таърихи поёни кор қаламрави Кореяро тарк кунанд. “Аз дуруст иҷро кардани шартҳои созишнома аз ҷониби онҳо ояндаи кори ҳамин шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам сафари гурӯҳи навбатии ҳамватанон барои кори мавсимӣ ба Корея сахт бастагӣ дорад,”-- гуфт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.
$ 35 миллион доллар додугирифти тиҷоратӣ
Кореяи Ҷанубӣ дар Осиёи Шарқӣ ҷойгир аст ва аз давлатҳои пешрафтаи иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, ки маоши ҳадди аққалаш аз 3 ҳазор доллар бештар аст. Тоҷикистон бо ин кишвар аз соли 1992 равобити дипломатӣ барқарор карда, солҳои охир мулоқоти сиёсиву тиҷоратии миёни ду кишвар дар доираи кори Форуми ҳамкориҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ фаъолтар ба роҳ монда шудааст. Вале бо ин вуҷуд, ҳаҷми додугирифтҳои ду кишвар ҳанӯз баланд нест ва дар нӯҳ моҳи соли 2022 дар ҳаҷми 35,2 миллион доллар ҳисоб шудааст. Соҳибкорон ва тоҷирони кореягӣ солҳои охир муттасил дар Тоҷикистон намоиши маҳсулоти худро бо нияти тавсеаи ҳамкориҳояшон дар риштаи кишоварзӣ, саломатӣ ва маҳсулоти беҳдоштӣ барпо мекунанд. Барои Тоҷикистон зоҳиран фаъол кардани риштаи муҳоҷирати кории шаҳрвандонаш ба ин кишвар муҳимтарин ҳадаф дониста мешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Роҳи муҳоҷирони тоҷикро ба Кореяи Ҷанубӣ боз мекунанд? ВИДЕОШароити кор хуб, аммо роҳи расидан мушкил. Вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Корея. ВИДЕОКореяи Ҷанубӣ макони нави муҳоҷират барои тоҷикон мешавад? ВИДЕО Аз кор то иқтисод – Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ роҳ меҷӯяд