Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик, ки дар Кореяи ҷанубӣ ба ҷангалбурӣ машғуланд, мегӯянд, рӯзе то 100 доллари амрикоӣ маош мегиранд. Онҳо бо ирсоли наворе ба Радиои Озодӣ аз шароити корашон нақл карданд. Муҳоҷирон мегӯянд, кору маошашон дар ин ҷо беҳтар аз Русия аст.
Дар наворе, ки муҳоҷирон аз ҷойи кори муваққатияшон дар як ҷангали пурбарфи Корея ба Озодӣ фиристоданд, мегӯянд, корашон аз соати 8 и субҳ шурӯъ шуда, то 5- и бегоҳ идома мекунад. Ин навбат кори онҳо аз буридани дарахтони хушкшуда ва ҷамъоварии он иборат будааст. Аммо рӯзи дигар мумкин ба кори сохтмон ё кори дигаре ҷалб шаванд.
Корро барои онҳо ширкатҳои махсус пайдо мекунад ва ҳар субҳ муҳоҷирон аз ин марказҳо, вобаста ба фармоиш, ба корҳои гуногун ҷалб мешаванд. Ҳаққи кор ҳам дар поёни ҳар рӯз пардохт мешудааст. Яке аз муҳоҷирони тоҷике, ки ду соли ахир дар Корея кор мекардааст, мегӯяд “Кор камтар мушкил аст, хунук аст. Дигар ҳамааш хуб аст.”
Кор дар берун даромади хуб доштааст. Муҳоҷирони тоҷик дар Корея, мегӯянд, дар як моҳ 2500 доллар ва бештар аз он дарёфт мекунанд. Муаллифи навор ва ҳамроҳонаш бархе ду ва бархе 5-6 соли пеш барои кор ба Корея омадаанд. “Рӯзи корӣ сад доллар аст. Аз саҳар корамон муайян аст.” – афзуд, як муҳоҷири дигар.
Кореяи Ҷанубӣ, кишвари осиёии дур аз Тоҷикистон тайи се соли ахир ба масири нави муҳоҷирати корӣ табдил ёфтааст. Баъди оғози ҷанг дар Русия ва таҳриму афзоиши фишорҳо ба муҳоҷирон, таваҷҷӯҳи корҷӯён ба бозори кор дар ин кишвар ҳам бештар шуд. Бархе бо истифода аз шаҳрвандии Русия вориди Корея шудаанд. Гурӯҳи дигар бо раводиди сайёҳиву омӯзишӣ ва ё тариқи ширкатҳо барои кор ба ин кишвар мераванд.
Ҳамида Искандарова, ҳам 5 сол боз дар як ошхонае, дар шаҳри Чхонани Корея сарошпаз аст. Хӯрокҳои миллӣ ва маъмулии ин кишварро омӯхтаву омода мекунад. “Кори ман дар ошхона аст. Номи ин хӯроки мо модум ва пукумпарк аст. Ин як намуди томат бо баргҳои кунҷит аст. Камтар об рехта, биринҷро якҷоя мекунем. Сафар ва кор аввал камтар мушкил аст ин ҷо, вале баъдан одат мекунӣ.”- гуфт, Ҳамида дар сӯҳбат бо Озодӣ.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, даромади занҳо ба фарқ аз мардон дар Корея камтар аст. Онҳо аз 1000 то 2500 доллар даромад доранд. Аммо кори занон ба фарқ аз мардон чандон вазнин нест. Онҳо дар корхонаву завод ва меҳмонхонаҳо бештар кор мекардаанд.
Ду моҳи пеш мақомоти Тоҷикистон аз ирсоли нахустин гурӯҳи муҳоҷирони расмӣ барои кори мавсимӣ ба Корея хабар доданд. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар асоси як созишнома тақрибан 60 кишоварзро ба Сеул барои кор фиристод.
Тоҷиконе, ки чандин сол аст, самти муҳоҷиратро тағйир дода, ба ин кишвар мераванд, мегӯянд, дар маҷмӯъ шароити кор ва маош дар ин ҷо беҳтар аз Русия аст. Аҳрорҷон Боқиев, аз ҷумлаи тоҷикони муввафақ дар ин кишвар аст. Ӯ дар ширкати боркашонии “SJ Logistics Group” ба ҳайси менеҷер кор мекунад:
“Ин ҷо система ҳамин хел аст, ки бачаҳо саҳар мехезанд, ба Самушӣ ё идораҳои махсуси кор мераванд. Дар он ҷо саҳар одамонро ҷамъ карда, баъд ба равияҳо ҷудо карда, ба кор мефиристанд. Онҳое, ки саҳар рафтанд, ба корҳои мухталиф, мисли сохтмон, ҷангал, кишоварзӣ ё парандапарварӣ тақсим шуда, ба кор мераванд. Яъне, масалан кас саҳар хеста ба кор меравад, намедонад, ки имрӯз ба чӣ коре мефиристанд туро. Ба куҷое фиристанд, ҳамон ҷо меравӣ.” - гуфт, Аҳрорҷон Боқиев.
Ин мусоҳиби мо мегӯяд, муҳоҷир дар ин кишвар дар аксар ҳолат фақат вақте ба мушкил рӯ ба рӯ мешавад, ки сафар ва кораш ғайрирасмӣ бошад.
Ба бовари бархе аз таҳлилгарони тоҷик бозори меҳнати Русия дар 5-7 соли оянда ба тадриҷ нуфузашро аз даст медиҳад. Раҳмон Улмасов, таҳлилгари масоили муҳоҷират мегӯяд, бозори кори Корея аз Русия фарқи зиёд дорад.
“Ба муҳоҷирон муносибат хуб аст. Дар вақташ маошашонро мегиранд, онҳоро дар кӯча пулис азоб намедиҳанд. Тибқи шартнома соати корие, ки дар шартнома аст, иҷро мекунанд. Агар аз 6 ё 8 соати корӣ бештар кор кунанд, даромади бештар мегиранд. ” – афзуд, Раҳмон Улмасов
Аммо барои корҷӯёни тоҷик дастрас кардани раводиди сафар ба Корея мушкил аст. Аксаран ба онҳо визаи 6 моҳа дода мешавад. Ба ин далел ҳам муҳоҷирони зиёд дар ин кишвар ғайрирасмӣ кору зиндагӣ доранд.
Тоҷикистон бо Корея ҳоло созишнома барои кори тӯлонии муҳоҷиронро надорад. Раҳмон Улмасов, таҳлилгари масоили муҳоҷират мегӯяд: "Аз тарафи ҳукумати мо пешниҳод шудааст ва ин қарордодро порлумони Корея бояд тасдиқ кунад. Ин ҳоло дар арафаи муҳокима аст, шояд дар соли оянда ҳалли худро ёбад. Агар тасдиқ шавад, шаҳрвандони мо метавонанд он ҷо тӯлонӣ бимонанду кор кунанд"—гуфт, Раҳмон Улмасов таҳлилгари тоҷик.
Дар сурати тасвиб шудани ин созишнома, ба гуфтаи коршинос роҳи муҳоҷирони кории тоҷик ба Корея осону ҳамвор ва вобастагӣ аз бозори кори Русия камтар хоҳад шуд.
Тибқи ҳисобҳои гуногун беш аз 5 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд. Бархе дар ширкатҳои маъруфе чун “Самсунг” ва “Ҳундай” ҳам кор пайдо кардаанд.
Гуфтугӯ