Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи муҳоҷирони тоҷикро ба Кореяи Ҷанубӣ боз мекунанд? ВИДЕО


Як гӯшаи Кореяи Ҷанубӣ. Акс аз бойгонӣ
Як гӯшаи Кореяи Ҷанубӣ. Акс аз бойгонӣ

Як ширкат хабар дод, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор ба Кореяи Ҷанубӣ мефиристад, аммо нагуфт, чӣ гуна. Дар ҳоле ки мақомот солҳо боз роҳи муҳоҷиронро ба Корея ҳамвор карда наметавонанд, масъулони ширкати "Душанбе Моторс" иддао доранд, ҳар сол аз 3 то 10 ҳазор тоҷикро хоҳанд фиристод. Ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз бекорӣ ва маоши кам ранҷ мекашанд.

Муҳоҷирон муҳлатро риоя мекунанд?

Самти асосии кори ширкати “Душанбе-Моторс” овардани мошин аз Корея ба Тоҷикистон аст. Масъулонаш рӯзи 16-уми март гуфтанд, ба ҷуз тиҷорати худрав, ба фиристодани муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Корея машғул хоҳанд шуд.

Ли Ҳвансу
Ли Ҳвансу

Ли Ҳвансу, мудири кулли ширкат, гуфт, ният доранд, гуруҳи аввали муҳоҷиронро моҳи апрел ба Корея фиристанд: “Дар онҷо қувваи кории кофӣ нест. Дар Тоҷикистон, тавре мушоҳида кардем, сокинон пули кам мегиранд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, довталабони корро ба Куриё фиристем.”

Ба қавли ӯ ва аз рӯйи нақша муҳоҷирони тоҷик фақат 6 моҳ метавонистаанд дар Кореяи Ҷанубӣ кор кунанд. Масъулони “Душанбе Моторс” гуфтанд, дар сурати вайрон накардани қонунгузории он кишвар ва саривақт баргаштан ба Тоҷикистон, муҳоҷир имкони дубора рафтан дорад. Аз ҳоло баъзе нигарониҳое аст, ки муҳоҷирони тоҷик мумкин аст баъди ним сол ба ватан барнагарданд.

Ли Ҳвансу мегӯяд, “аз ин лиҳоз низоме роҳандозӣ карданием, ки онҳо баъд аз ним сол ба Тоҷикистон баргарданд. Ин кафолатро ба мо ширкати “Арса” фароҳам меорад. Муҳоҷирон пеш аз рафтан шартнома имзо мекунанд ва баъд аз ним сол бояд ба ватан баргарданд.”

Ширкати “Арса” коршарики тоҷикистонии ширкати “Душанбе Моторс” аст. Ҳанӯз маълум нест, аз муҳоҷирон чӣ гуна кафолат гирифта мешавад, то ғайриқонунӣ дар Корея наистанд. Шараф Маҳмудов, мудири ширкати “Арса” гуфт, рӯйи чанд тарҳ кор мекунанд, вале ҷузъиёт надод.

Видеоро дар инҷо бинед:

Роҳи муҳоҷирони тоҷикро ба Корея боз мекунанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Киҳоро ба Корея мефиристанд?

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи боз шудани роҳи муҳоҷирони тоҷик ба Корея расман чизе нагуфтаанд, аммо пештар гуфта буданд, барои интиқоли шаҳрвандон ба ин кишвар гуфтугӯ доранд. Ли Ҳвансу, мудири кулли ширкати “Душанбе Моторс”, 16-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Тоҷикистону Корея дар бораи фиристодани муҳоҷирон ба тавофуқ расидаанд.

Шараф Маҳмудов, гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Корея асосан дар бахши кишоварзӣ кор мекунанд: “Дар навбати аввал онҳоеро интихоб мекунем, ки дар бахши кишоварзӣ таҷриба доранд. Корфармоён аз онҳо мусоҳиба мегиранд.”

Парчамҳои Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ
Парчамҳои Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ

Довталабони корро дар Кореяи Ҷанубӣ ду ҳафта дар Душанбе омода мекунанд. Аз масъулони ширкатҳои “Душанбе Моторс” ва “Арса” пурсидем, ки дар вақти интихоби муҳоҷирон барои кор дар Корея чӣ гуна шаффофият таъмин мешавад? Шараф Маҳмудов гуфт, “интихоби коргарон аз сӯи корфармои куриёӣ анҷом мешавад.”

Кореяи Ҷанубӣ яке аз кишварҳое аст, ки муҳоҷирони тоҷик ба он таваҷҷуҳ доранд. Як қисми онҳо бо шиносномаи русӣ худро ба ин кишвар раосндаанд. Муҳоҷирон мегӯянд, маош дар Корея назар ба Русия баландтар аст ва пулис хушмуомила. Тибқи ҳисобҳои гуногун беш аз 5 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG