Мақомоти рус як донишҷӯи тоҷикро, ки ҳангоми боздошт, дасташ шикаста буд, ба сарпечӣ аз амри пулис айбдор кардааст.
Эмомҳусейн Болтаев, донишҷӯи соли аввали Донишкадаи меъмории Маскав гуфта буд, ки кормандони пулис рӯзи 15-уми апрел дар бинои як хобгоҳи донишҷӯён ӯро латукуб карданд ва дасташро шикастанд.
Эмомҳусейн ҳоло дар шӯъбаи шикастабандии як беморхонаи Маскав бистарист. Ӯ рӯзи 24-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта муфаттишони Шӯъбаи пулиси “Тёплый стан”-и Маскав ба беморхона омаданд ва ба ӯ гуфтанд, ки нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ва набояд бидуни иҷоза беморхонаро тарк кунад.
"Ҳоло ман дар ҳолати бад қарор дорам. На ҷое рафта метавонам ва на маблағе барои гирифтани адвокат дорам,"--гуфт, ӯ.
Пулис замоне ба суроғи Эмомҳусейни 24-сола рафтааст, ки ӯ бо маъмури бинои хобгоҳи маҳалли зисташ баҳс кардааст. Эмомҳусейн мегӯяд, маъмури хобгоҳ барои баланд ҳарф задан дар телефон таҳқираш кард ва ӯ ин занро миллатгаро номид. Маъмури хобгоҳи донишҷӯён гуфт, донишҷӯи тоҷик қоидаи зист дар хобгоҳро риоят накард, вале ӯро барои тоҷик буданаш таҳқир накардааст.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт, ки ҳодисаро пайгирӣ доранд ва ба донишҷӯи тоҷик кумаки ҳуқуқӣ мерасонанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Заданд, дастамро шикастанд." Донишҷӯи тоҷик аз милисаҳои рус шикоят дорад. ВИДЕО