Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Заданд, дастамро шикастанд." Донишҷӯи тоҷик аз милисаҳои рус шикоят дорад. ВИДЕО


Эмомҳусейн Болтаев, донишҷӯи соли аввали Донишкадаи меъмории Маскав аст.
Эмомҳусейн Болтаев, донишҷӯи соли аввали Донишкадаи меъмории Маскав аст.

Як донишҷӯи тоҷик дар Русия мегӯяд, кормандони пулис ӯро заданд ва дасташро шикастанд.

Эмомҳусейн Болтаев, донишҷӯи соли аввали Донишкадаи меъмории Маскавро кормандони пулис рӯзи 15-уми апрел дар бинои як хобгоҳи донишҷӯён дар ноҳияи “Тёплый стан”-и Маскав боздошт карданд.

Пулис замоне ба суроғи Эмомҳусейни 24-сола рафтааст, ки ӯ бо маъмури бинои хобгоҳи маҳалли зисташ баҳс кардааст. Эмомҳусейн мегӯяд, маъмури хобгоҳ барои баланд ҳарф задан дар телефон таҳқираш кард ва ӯ ин занро миллатгаро номид. Ӯ гуфт: “Ин зан бо суханҳои қабеҳаш маро “чурка” гуфт ва таҳдид кард, ки ҳоло пулисро занг мезанад. Вақте ман хостам, либосҳоямро гирифта аз хобгоҳ баромада равам, ки кормандони пулис ворид шуданд.”

Татяна Драчёва, маъмури хобгоҳи донишҷӯён дар маҳаллаи Новоясеневскаяи Маскав ҷанҷолро тасдиқ кард ва гуфт, донишҷӯи тоҷик қоидаи зист дар хобгоҳро риоят накард, вале ӯро барои тоҷик буданаш таҳқир накардааст.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

"Заданд, дастамро шикастанд." Донишҷӯи тоҷик аз милисаҳои рус шикоят дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Эмомҳусейн мегӯяд, пас аз ҷанҷол бо ин зан хост, либосҳояшро гирифта биноро тарк кунад, ки ду корманди пулис вориди ҳуҷрааш шуданд. Ӯ гуфт, вақте мехост, ҳуҷҷати кормандони пулисро аз наздик бубинад, ки дастонашро ба пушт тоб дода, ба замин афтонданд. Ин ҷавон бар ин назар аст, ки ҳамон лаҳза дасташ шикаст, вале кормандони пулис ба ин бовар накарданд ва латукӯби ӯро давом доданд.

“Маро бо дасти шикаста ба дохили бинои пулис бурданд. Онҷо ба сару рӯям заданд. Қариб аз ҳуш мерафтам ва ёрии таъҷилӣ гуфта дод задам. Маро дар чунин ҳолат ба беморхона оварданд, ки ҳушам рафт,”—гуфт ӯ.

Дар идораи пулиси ноҳияи “Тёплий стан”-и Маскав ба зангҳои мо посух надоданд.

Дар дафтари матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфтанд, ки “аз қазияи мазкур огоҳ буда, бо донишҷӯ пайваста дар тамос мебошанд ва ба ӯ кӯмакҳои ҳуқуқӣ мерасонанд.”

Эмомҳусейн тасмим дорад, аз рафтори маъмурони пулис ба додситонӣ шикоят кунад.

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, талоши ба додгоҳ кашондани кормандони пулиси рус хуб аст, вале дар аксар ҳолат ҷабрдидаҳо зери фишор аз ин кор даст мекашанд.

“Ба ҳар ҳол ҳаракат кардан даркор, вале мутаассифона, аксари инҳо то додгоҳ намераванд, чун вақту сарфи маблағи зиёд даркор ва муҳоҷирон аз даъво даст мекашанд. Бисёриҳо аз даъво бо пулис даст мекашанд, чун метарсанд, ки ҳуҷҷатҳояшон лағв мешавад ё онҳоро ихроҷ мекунанд. Дар умум кам мешавад, ки кормандони пулис барои рафтори ғайриқонунӣ нисбат ба муҳоҷирон ҷазо гиранд,”—гуфт Каримҷон Ёров.

Дасти Эмомҳусейн аз оринҷ шикастааст ва пизишкон гуфтаанд, бояд бо ҷарроҳӣ устухонҳои шикастаро дуруст кунанд. Пизишкон ӯро ба ҷарроҳӣ омода мекунанд, вале ӯ бештар аз бархурди минбаъдаи пулис нигарон аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG