Нигоҳҳо аз Тоҷикистон ба нишасти Самарқанд дар бораи Афғонистон. ВИДЕО

Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон (байн) дар нишасти Самарқанд

Назарҳо аз Тоҷикистон ба нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар шаҳри Самарқанд яксон нест. Баъзе аз таҳлилгарон гуфтанд, нишаст бо ҳузури намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Чин, Эрон ва Покистон натиҷаи муҳиме барои ояндаи Афғонистон надошт, вале бартарихоҳии Русия ва Чинро ба намоиш гузошт.

"Бозиро идома медиҳанд"

Рӯзноманигору таҳлилгар Аҳмадшоҳ Комилзода рӯзи 14-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "нишасти Самарқанд дар ҳалли мушкили Афғонистон таъсире намегузорад".

Аҳмадшоҳ Комилзода

"Бубинед, Амрико вазъияти Афғонистонро то куҷо расонд. Инро дар баробари Русия ва кишварҳои минтақа вогузошту рафт. Имрӯз мебинем, ки Русия, Чин ҳатто Эрон, мехоҳанд, Ҳиндустонро низ ба ин доира кашанд, агарчи ҷояш таъин нест. Инҳо бозиро идома додан мехоҳанд. Мехоҳанд, Толибонро ба тарафи худ кашанд ва дар муқобили Амрико бозӣ кунанд," – афзуд ӯ.

Пахши изҳороти намояндагони кишварҳоро дар Самарқанд, ки дар он аз Толибон ташкили ҳукумати фарогир ва иҷозаи таҳсили духтарон талаб шудааст, таҳлилгар Абдумалик Қодиров такрори гузаштаҳо номид. Ӯ афзуд, Толибон ягон аломат надодаанд, ки ақидаи ҳамсоягони худро эҳтиром мекунанд.

"Ҳар яке аз инҳо мавқеи худашонро доранд. Кишварҳои ҳамсоя имрӯз тайёр нестанд, ки аз мавқеи худ, аз принсипҳое, ки дар муқобили ҳукумати имрӯзаи Афғонистон доранд, гузашт кунанд ва ин ҳукуматро эътироф кунанд. Ҳукумати Толибон ҳам барои ҷавон буданаш, барои бетаҷрибагӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ, аз мавқеи тундгароие, ки дорад, бахусус дар баробари занон гузашт кардан намехоҳад," – шарҳ дод Қодиров.

"Шарт нест, ҷангу силоҳ бошад"

Бо вуҷуди ин, мегӯяд ӯ, нишасти Самарқанд баёнгари он аст, ки ҳамсояҳо ба вазъи Афғонистон диққат медиҳанд ва талошҳои байнулмилалӣ барои ҳалли мушкилот идома дорад:

Абдумалик Қодиров

"Албатта, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба ҳукумати Толибон фишор биёрад. Ва ин фишор шарт нест, ки тариқи силоҳ бошад. Тариқи ҷангу ҷидол бошад. Фишор метавонад иқтисодӣ, дипломатӣ, байкотҳои дипломатии байнулмилалӣ бошад. Кишварҳои ҳамсоя ва абарқудратҳо ҳозир нестанд, ки ба иқтисоди Афғонистон сармоягузорӣ кунанд. Ин худ як намуди фишор аст."

Ба иттилои бахши афғонистонии Радиои Озодӣ, дар нишасти Самарқанд Русия, Чин, Эрон ва Покистон гуфтаанд, дар Афғонистон баъзе аз гурӯҳҳои террористие ҳастанд, ки Толибон бояд алайҳи онҳо чораи ҷиддӣ бинанд.

Дар баёнияи муштараки вазирони корҳои хориҷии ин чаҳор кишвар аз Толибон тақозо шудааст, ки ваъдаҳои худро дар мубориза бо терроризм ва аз байн бурдани гурӯҳҳои террористӣ иҷро кунанд ва нагузоранд, ки қаламрави Афғонистон ба зидди кишварҳои дигар истифода шавад.

Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон ва баъзе аз намояндагони ин гурӯҳ дар нишаст ширкат доштанд. Онҳо таъкид намудаанд, ки аз хоки Афғонистон ба зидди ҳеч кишваре истифода нахоҳад шуд.

Видео дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нишасти Самарқанд: Ҳамсояҳо аз Толибони Афғонистон чӣ талаб доранд?

Тоҷикистон чӣ гуфт?

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як хабар аз нишасти Самарқанд иктифо карда, ҷузъиёти бештаре надодааст. Дар иттилоияи вазорат омадааст, "зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунии сиёсӣ-низомӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, амниятӣ ва башарии Афғонистонро таҳти муҳокима қарор дода, оид ба роҳҳои расонидани кумаки лозима ба мардуми ин кишвар табодули назар намуданд."

Вазорат то ҳол ба пурсиши Радиои Озодӣ дар бораи нишасти Самарқанд посух надодааст.

Толибон дар моҳи августи соли 2021 пас аз фирори президент Ашраф Ғанӣ вориди Кобул шуданд ва дигарбора қудратро ба даст гирифтанд.

Дар ин миён, ҳукумати Толибон ба ҷуз Тоҷикистон тақрибан бо ҳамаи ҳамсояҳои Афғонистон равобити наздики дипломатӣ барқарор кард. Шуморе аз ин кишварҳо сафорат ва консулгариҳои Афғонистонро ба намояндагони ин гурӯҳ супурданд.

Нишасти Самарқанд силсилаи нишастҳое аст, ки пас аз дигарбора ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон оғоз шуд. Нишасти нахуст дар моҳи сентябри соли 2021 дар Покистон, нишасти дувум дар моҳи ноябри ҳамон сол дар Эрон ва нишасти севум ҳам дар моҳи марти соли 2022 дар Чин баргузор шуд.