Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як дари умед барои занону духтарони афғонистонӣ дар Ваҳдат. ВИДЕО


Гурӯҳе аз занону духтарони афғонистонӣ дар шаҳри Ваҳдат
Гурӯҳе аз занону духтарони афғонистонӣ дар шаҳри Ваҳдат

Дар шаҳри Ваҳдат, канори Душанбе, марказеро барои занони паноҳҷӯй аз Афғонистон боз кардаанд, то барои рафъи мушкили ин табақаи ранҷу озордида кумак намоянд. Дар маркази "Ориёно" ба ғайр аз давраҳои омӯзишии компютеру мусиқӣ ба занону духтарон роҳҳои рафъи мушкилоти равониро меомӯзанд.

Шакило Муҳаммадӣ яке аз онҳоест, ки афсурдагияшро дар инҷо "табобат" мекунад. Ҳам дарси равоншиносӣ мегирад, ҳам бадансозӣ. Ба гуфтаи ӯ, ин марказ тавониста роҳи берун рафтанро аз афсурдагиву бекории муҳоҷирон фароҳам кунад.

Шакило Муҳаммадӣ
Шакило Муҳаммадӣ

"Мефаҳмед, шахсоне, ки дар инҷо муҳоҷир ҳастанд, бахусус хонумҳои муҳоҷир, бисёр стресс доранд. Аз лиҳози оила, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ. Мо ба инҷо меоем, то ҳамон стрессҳо ва ташвишҳоеро, ки дар дилу зеҳни мост, берун кунем," -- гуфт ӯ рӯзи 30-юми март.

Равоншинос Ҳадя Содот дар маркази "Ориёно" кор мекунад ва аз ин хушҳол аст, ки барои ҳамватанонаш мадад мерасонад.

"Ҳадафи мо ин аст, ки хонумҳо баъд аз баромадан аз инҷо фикри роҳат дошта бошанд. Чи аз назари ҷисмӣ ва чи аз нигоҳи рӯҳӣ. Шахсоне буданд, ки воқеан меомаданду мегуфтанд, як каме дардашон кам шуда. Барои ман қобили ифтихор буд, ки марказ тавонист, ба хонумҳо кумак кунад," -- афзуд Ҳадя Содот.

Ҳадя Содот
Ҳадя Содот

Маркази "Ориёно" барои афғонистониҳои муқими Тоҷикистон таъсис ёфта, тадриҷан густариш пайдо кард ва дари худро барои сокинони маҳаллӣ низ боз намуд.

Вакилаҳмад Назарӣ, як муҳоҷири афғонистонӣ, мегӯяд, "дар аввал фақат ду дарс дода мешуд: забони англисӣ ва русӣ. Ҳоло бахши компютер дорем, рассомӣ ва мусиқӣ дорем. Як бахши дигар йога аст. Барои занҳое, ки афсурдагӣ доранд, бисёр муфид аст. Мо феълан тақрибан 300 шогирди тоҷик дорем, ки аз минтақаҳои дурдаст меоянд."

Муҳоҷирони афғонистонӣ мегӯянд, марказро бо кумаки молии паноҳандагон таъсис дода, аз ҳамин ҳисоб маблағи иҷора ва маоши омӯзгоронро медиҳанд.

Ҳоло дар марказ наздик ба 20 омӯзгор кор мекунад. Нигора Нурзода, яке аз созмондиҳандаҳояш, гуфт “дар садади ин ҳастем, ки аз ҳар роҳе натанҳо ба мардуми худ, ба ҳама ҷомеа хидмат бирасонем. Агар касе бихоҳад кумак кунад, мо мепазирем."

Видеоро дар инҷо бинед:

Дари умед барои занони афғон дар шаҳри Ваҳдат
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00

Баъди ба қудрат расидани Толибон қисме аз сокинони Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон паноҳ бурданд. Дар Тоҷикистон беш аз даҳ ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ сабтином шудаанд. Аксари онҳо дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунанд. Қисме дар вилояти Хатлону иддае дар вилояти Суғд ҳастанд.

Мақомот дар соли гузашта даҳҳо нафари онҳоро ба далели, ба гуфтаашон, риоя накардани қоидаи будубош аз кишвар ронданд. Созмонҳои байнулмилалӣ рафтори Тоҷикистонро танқид карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG