Рӯзноманигор Абдуқодир Талбаков (Абдуқодири Абдуқаҳҳор) мегӯяд, пас аз эълонаш дар бораи пайравӣ аз ойини зардуштӣ ва ташкили ҷомеаи ҳамандешонаш дар ду моҳи охир таҳдиду фишор ва бадгӯйӣ дар ҳаққаш афзуд. Гоҳе маҷозӣ ва гоҳе ҳузурӣ.
"Вақте бо шумо тасмими суҳбатро гирифтем, саросема як таксиро доштам. Ронанда, ба қавли худаш, ба гуноҳи зардуштӣ буданам хидмат нарасонд. Ин бархурди аввалин нест. Дар нақлиёти ҷамъиятӣ сеюм ё чорум бархурд аст. Дар таксиҳо, албатта, таассуб меварзанд," – шикоят кард ӯ рӯзи 10-уми апрел.
Намояндагони давлат ба таври расмӣ дар бораи мавридҳои таҳдиду фишор ба Абдуқодир Талбаков хабар надодаанд. Худаш мегӯяд, бо мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ суҳбат дошт ва онҳо таъмини амнияти ӯро тақвият додаанд.
"Гуфтанд, вазифаи мо ҳимояти амнияти шумост. Дигар мо ба эътиқоди шумо кор надорем, агар ин дин экстримистӣ нест, агар ин ташкилот хилофи қонунҳои Тоҷикистон амал намекунад, вазифаи мо ҳимояти шумо аст. Ростӣ, ҳимояи маро каме пурзӯр карданд," – афзуд ӯ.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар гузашта низ баҳси Абдуқодир Талбаков бо баъзе аз корбарони, ба гуфтаи ӯ, "мутаассиб" дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи дин ҷараён дошт, вале пас аз эълонаш дар бораи пайравӣ аз ойини зардуштӣ бештар шудааст.
Баъзе аз шарҳҳои зидди ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дидан мумкин аст. Мухолифонаш ӯро ба нохун задан ба эҳсоси динии мусалмонҳо танқид мекунанд.
Дар айни замон баҳсҳои охир мавзӯи то куҷо таҳаммулпазир будани тоҷиконро доғ кардааст. Ҳуқуқдони шинохта Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, "мо на танҳо дар ин масъала, балки дар бисёр масъалаҳои дигар низ таҳаммулпазир нестем".
"Мо натавонистем ҷомеае бисозем, ки таҳаммулпазир бошад. Барои таҳаммулпазирӣ маърифат лозим аст. Қисми зиёди мардум ба дини ислом боварӣ ва эҳтиром доранд, вале чаро аз ойини дигар тарс доранд. Ҳол он ки ҳама динҳо, ба ҷуз баъзе ҳаракатҳои ифротӣ ба мисли “Давлати исломӣ”, хатар надоранд. Вақте Конститутсия озодиҳои диниро кафолат медиҳад, чӣ зарур аст, нафареро таҳқиру таҳдид кардан," – гуфт ӯ рӯзи 10-уми апрел.
Абдуқодир Талбаков то моҳи марти имсол дар вазифаи мудири Китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кор мекард.
Ӯ дар моҳи феврали имсол ва пас аз марги Одина Шоҳӣ, яке аз пайравони ойини зардуштӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, гуфт, ки ҷомеаи зардуштиёнро таъсис хоҳад дод. Ба гуфтааш, мақомоти Кумитаи дин ваъда додаанд, ки пас аз пешниҳоди асноди зарурӣ монеаеро барои сабтином намебинанд.
Пештар Рӯдакии Самадӣ Анҷумани пажӯҳишӣ ва фарҳангии "Маздоясно"-ро дар Тоҷикистон таъсис дод, вале дар моҳи июли соли 2001 аз тарафи шахсони ношинос кушта шуд.
Дар Тоҷикистон 66 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ фаъол аст. Тақрибан чаҳор ҳазор масҷиди панҷвақта, ҷомеъ ва ҷомеаи марказӣ низ ҳаст.