Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Файласуфи тоҷик: "Қуръон панд аст, дини зардуштӣ ҳам панд аст"


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Дар миёни баҳсҳои тунд дар бораи дини зардуштӣ ва ислом, ки дар гӯшаҳои тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ идома дорад, яке аз маҷаллаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мақолаеро нашр кардааст, ки дар он ахлоқ дар ҳарду дин ва таъсири яке ба дигарӣ баррасӣ шудааст.

Айни замон ғавғое сари баёнияҳои Абдуқодир Талбаков, фаъоли маданӣ ва мудири китобхонаи ба номи Лоҳутӣ идома дорад, ки моҳи гузашта гуфт, дар андешаи таъсиси ҷамъияти "Зардуштиёни Тоҷикистон" аст. Баёнияи ӯ ҳаёҳуеро баусус дар Фейсбук барангехт, ки то кунун фӯру нанишастааст.

Бисёре аз корбарони тоҷик, ки худро мусулмон мешуморанд, Абдуқодир Талбаковро “кофиру муртад” хондаву сахт танқид ва ба гуфтаи худаш ҳатто таҳдиди куштан карданд. Мақола “Мафҳумҳои асосии ахлоқии сиёсии зардуштия ва мутафаккирони исломии тоҷик” унвон дорад ва муаллифаш Хосият Камолова, номзади илмҳои фалсафа ва устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи забонҳои Тоҷикистон аст.

Ӯ дар ин мақола, ки ба ҷанбаҳои ахлоқии зардуштия ва ислом пардохтааст, Хосият Камолова мегӯяд: “Мутафаккирони тоҷик Зардуштро мавриди ситоиш қарор дода, ӯро пайғамбар ва баъзеи дигарашон ӯро ҳамчун роҳнамои ахлоқ қабул намуданд, ки пеш аз динҳои масеҳӣ ва ислом ба ислоҳи ахлоқ пардохта, ҷамъиятро ба роҳи рост ҳидоят кардааст. Ӯ бузургтарин пайғамбарест, ки ба василаи фалсафаи худ мардумро аз бори сангини маросими зоҳирӣ озод сохта, мазҳаби худро бар пояи ахлоқ қарор додааст. Инчунин, пояи мазҳаби худро бар яктопарастию ахлоқ устувор дошт, ба мардум фаҳмонд, ки мақсуд аз мазҳаб пайравии ахлоқи неку маърифат ва ростиву дурустист. Андешаву гуфтору кирдори некро усули дин қарор дода, роҳи саодати наҷотро бо пайравӣ аз ин се асл нишон дод. Шароити таърихӣ, иҷтимоӣ ва маишии ҳаёти Муҳаммад пайғамбар (с) назар ба шароити таърихӣ, иҷтимоию сиёсии ҳаёти Зардушт дигар хел буд, вале дар Қуръон бисёр чизҳое акс ёфтаанд, ки пештар дар Авесто ҷой доштанд, ба мисли ғояи офариниши олам, инсон ва ғ...”

Хосият Камолова рӯзи 5-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки нашри мақолаи мазкур ба баҳсҳои имрӯза дар бораи дини зардуштӣ ҳеч иртибот надорад ва онро солҳои пеш навишта буд, ки ба тозагӣ дар маҷаллаи илмии “Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” нашр шудааст. Ӯ афзуд: “Ман дар Фейсбук нестам ва ин баҳсҳоро пайгирӣ накардаам, ин мавзуи кори илмии ман аст. Ҳамаи динҳо, ҳамаи динҳои яккахудоиро моҳияташон як аст. Рафтори нек, гуфтори нек, пиндори нек. Дини ислом ҳам. Ман баъзан бачаҳоро донишҷӯёнро шӯхӣ мекунам, ки агар қонуни ҷумҳурии Тоҷикистонро риоят кунӣ, ё дини исломро биҳишт меравӣ. Дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат намозу рӯза нест, дигар ба ватан хиёнат накунӣ, дар роҳи рост бошӣ, ҳалол хӯрӣ, ҳалол гардӣ. Дин рафтор аст, панд аст. Қуръон панд аст, дини зардуштӣ ҳам панд аст. Мақсади ҳамаи динҳо як аст.”

Хосият Камолова дар мақолааш бо муқоисаи китоби Қуръон ва Авасто гуфтааст: “Дар Қуръон на фақат масоили махсуси динӣ, балки бисёр масъалаҳои умумитеологие ҳастанд, ки назар ба дигар китобҳои муқаддас хело равшан баён гардидаанд. Масалан, дар Қуръон назар ба Авесто таърифи Худо аниқтар нишон дода шудааст. Инчунин, дар Қуръон омадааст, ки Аллоҳ ин вуҷуди Мутлақ, Ягона, Тавоно мебошад, ки ӯро ба ягон чиз қиёс кардан мумкин нест ва рисолати пайғамбарони пешинро низ инкор намекунад. Китобҳои муқаддас ба диндорон ба сифати дастури амали ҳаёти ҳаррӯзаашон фиристода шудаанд. Қуръон масъалаҳои фалсафӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дорад, ки дар Авесто низ муқоиса кардан мумкин аст.»

Дар бораи ҳассосият нишон додани корбарони зиёд ба баёнияҳои Абдуқодир Талбаков, Хосият Камолова ба Радиои Озодӣ гуфт, «ин ҳама аз нофаҳмии одамон аст. Онҳо динро намефаҳманд. Дин ахлоқ аст, инсоне, ки ахлоқ надорад, инсон нест.» Ба қавли файласуфи тоҷик, дарафтодан ба касе барои ақидаи дигар хоси ислом нест ва агар мардум «исломро дуруст риоят кунанд, дар дунё на бева меёбӣ, на камбағал ва на гушна.»

Айни замон дар мақолаи Хосият Камолова омадааст: «Зардуштия дини Эрони қадим аст, ки то ҳол аҳамияти худро гум накардааст. Ӯ бо хурофотпарастӣ ва ҷодуӣ, ки ёдгори рӯзгорони дерина буд, мубориза кард. Зардушт як шахсияти таърихӣ аст, ки ба омӯзишу роҳнамоии мардум мепардозад ва дар бораи некиву бадӣ, омӯзишҳои волои ахлоқии марбут ба вазифаи одамиро баён мекунад. Дар ойини Зардушт яке аз усули муҳим, ин омӯзиши ихтиёр аст, ки инсон дар зиндагӣ аз некиву бадӣ, якеро интихоб кунад ва албатта, беҳтарини он некӣ аст.»

Файласуфи тоҷик, ки худро мусулмони эътиқодманде медонад ва мегӯяд, вуҷуди Худоро собит мекунад, дар бораи нақши мардумони эронитабор ба дини ислом ҳам пардохта ва навиштааст: Зардушт, пояи мазҳаби худро бар яктопарастиву ахлоқ устувор дошт, ки мақсади ӯ аз мазҳаб пайравии ахлоқи неку маърифат ва ростиву дурустист. “Вақте аз Пайғамбар (с) пурсиданд, ки чаро ҳама қабилаҳои арабӣ, чун Оду Самуд ва монанди инҳо ҳалок гардиданд ва мулки Форс пойдор монд? Муҳаммад (с) чунин ҷавоб доданд: Барои он ки форсҳо обод карданд ва дод густаридан миёни бандагони Худо”.

Хосият Камолова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қасд дорад, мавзуи ахлоқи сиёсии зардуштия ва мутафаккирони исломии тоҷикро ҳамчун рисолаи докторӣ ҳимоят кунад, вале ҳоло намедонад, кай.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG