7-уми апрел дар ҷаҳон чун рӯзи ҳифзи сиҳатӣ ёд мешавад. Дар ин рӯз дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон ба муштариён имкони додаанд, ройгон аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва машварат гиранд.
Шикоят аз гарон будани нарх дар ташхисгоҳҳо ва хадамоти тиббӣ дар Тоҷикистон кам нест. Онҳое, ки тавони пардохтро надоранд дар рӯзи ҷаҳонии тандуруст ба беморхонаҳо шитофтаанд.
Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 7-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин рӯз ҳама муассисаҳои тиббии кишвар ба сокинон хадамоти ройгон пешниҳод карданд. "Масалан агар барои муайян кардани беморӣ ягон ташхис лозим шавад, дар дохили маҷмаа дастгоҳҳо ҳастанд, аз ҷумла дастгоҳҳои сабтии барқии дил, умуман дастгоҳҳое, ки барои муайян кардани беморӣ лозим мешавад, ниёз ба ташхис бошад, албатта беморон ташхис карда мешаванд."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бархе аз ин фурсат истифода карда, аз чанд ташхис мегузаштанд. Онҳо мегуянд, ҳарчанд сахт бемор нестанд, вале барои мушаххас кардани вазъи сиҳатиашон ба инҷо омадаанд. Мирзомуддин Собиров, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳам хост, саломатиашро бисанҷад: "омадам анализи ВИЧ, гепатит С, гепатит Б-ро супурдам. Аз ташхиси чашмонам гузаштам, беҳад хуб. Мехоҳем, ки ҳамин хел иқдомҳо бисёр шаванд, барои халқ имкониятҳои хуб мешавад"
Салима Қувватова, сокини шаҳри Душанбе, гуфт тавонистааст аз чанд ташхис гузарад ва маблағашро сарфа кунад. Вай ният дошт, пурра ташхис шавад, аммо ба гуфтаи ӯ бархе аз дастгоҳҳо кор намекарданд. "Дар дарун дастгоҳҳояшон каме мушкил доштааст натавонистам, агар ҳамаи ҳамонҳоро мегузаштам, беҳтарин мешуд."
Сокинон мегӯянд, чунин маъракаҳо бояд бештар баргузор шавад, зеро аксари мардуми ниёзманд имкони пардохти ташхисҳои тибии гаронарзишро надоранд: "Қимат аст, одамони камбизоат бисёранд. Баъзеҳо барои ҳамин духтур намераванд. Маблағ надоранд. Ба дигар ҷойҳо муроҷиат мекунанд. Ба фикри ман соҳаи маорифу тандурустӣ бояд бепул бошад, чун мо давлати иҷтимоием."- гуфт, як сокини Душанбе дар сӯҳбат бо Озодӣ.
Мусоҳиби дигари мо гуфт, нархи хадамоти тиббӣ дар Тоҷикистон ба маошу шароити одамон мувофиқ нест. "Ҳар рӯз бепул набошад ҳам, ақаллан дар як моҳ як бор бепул шавад." -афзуд вай.
Дар чанд соли ахир сармоягузории бахши тандурустӣ дар Тоҷикистон баробари ҳудуди ду дарсади тавлидоти нохолиси миллӣ дар кишвар аст, ки ба гуфтаи соҳибназарон хеле кам мебошад.
Тибқи омори расмӣ, соли 2022 ба бахши тандурустӣ ҳамагӣ 2,2 миллиард сомонӣ аз будҷаи кишвар ихтисос ёфтааст, ки барои таъмини комили фаъолияти ин соҳа ночиз дониста мешавад. Ба ин далел, дар беш аз сӣ соли баъд аз касби истиқлол бахши тандурустӣ Тоҷикистон бо камбуди пизишкону парасторон рӯбарӯ аст.