Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири тандурустӣ: "Табибон ҳанӯз ҳам дағаланд" (ВИДЕО)


Вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода мегӯяд, ки бо вуҷуди дастурҳояш барои беҳбуд бахшидани кори табибон ҳанӯз дар бораи бемасъулиятии баъзеи онҳо шикоят мегирад.

Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 18 август вуҷуди камбудҳо дар кори бархе аз табибони тоҷикро эътироф кард ва махсусан аз пизишкони ҷавон хост, ки дар фаъолияташон масъулият эҳсос кунанд. Оқои Салимзода, ки дар як ҳамоиши бахшида ба иди табибон дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, ҳанӯз дар бораи, ба қавли ӯ, бемасъулиятӣ ва дағаливу саҳлангории табибон дар иҷрои вазифаашон аз сӯи сокинон шикоятҳо дастрас мекунанд.

"Бо вуҷуди дастуру супоришҳо дар аксари муассисаҳои тиббӣ одоби муошират риоя намешавад ва хунукназарӣ зиёд аст", – афзуд вазири тандурустӣ.

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳар табибе, ки аз кораш ба мақомот ва ё расонаҳо шикоят ворид мешавад, аз ҷоизаҳои ифтихории вазорат маҳрум мешавад. Бо қарори комиссияи вижа дар назди вазорати тандурустии Тоҷикистон аз ин ба баъд табибоне, ки беморон аз кадом корашон шикоят ва норозигӣ кардаанду қонуншикание доранд, аз феҳрасти гирандагони унвону ҷоизаҳои ифтихорӣ махсусан аз рӯйхати аълочиёни тандурустӣ хориҷ мешаванд.

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ мегӯяд, тибқи ин қарор имсол аз шумораи умумии 400 нафар номзад барои соҳиб шудан ба ҷоизаҳои ифтихорӣ исми 20 нафар хат зада шуд. Масъулини соҳаи тандурустии Тоҷикистон умед доранд ин иқдом метавонад кори табибон ва муносибати онҳо бо беморонро беҳтар кунад.

Дар ҳамоише бахшида ба рӯзи табибони тоҷик дар баробари пешрафти соҳа масъулин аз арзу шикоятҳои мардум аз кори табибон ҳам ёдовар шуданд. Наврӯз Ҷаъфаров дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 18 уми сентябр гуфт, дар пайи норозигии беморон аз кори ин ё он табиб гурӯҳи корӣ таъсис меёбад ва чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Барои ин кор баъзан духтурони собиқадор ҳам танбеҳ гирифтаанд. Аммо Ҷаъфаров гуфт,

“Табибон ҳам одамони маъмулианд ва баъзан шояд зери таъсири кадом омилҳои иҷтимоӣ ба ба нафари сухани ноҷо раво мебинанд. Музди табибон барои мо пӯшида нест, аммо дар ин ҷо мо вазорат ва ҳукуматро ҳам гунаҳқор карда наметавонем, вазъ ҳоло чунин аст. Аммо мо барои беҳтар кардани вазъ дар як зумра муассисаҳои тиббӣ, хизматрасонии пулакӣ ба роҳ монда шудааст ва аз 25 то 40 дар сади маблағҳо ба музди маоши кормандон изофа мешавад.”

Масъулини тандурустии кишвар афзоиши дастгоҳҳои муосири ташхису табобат ва беҳтар шудани хизматрасониҳои тиббиву санитариро аз муввафақиятҳои ин соҳа дар солҳои ахир хонданд. Бо роҳандозӣ шудани “Барномаи миллии солимии аҳолӣ барои соли 2010- 2020” ба гуфтаи масъулин, шароити ин соҳа тағйир карда, ҳоло натанҳо намояндаҳои сохторҳои идорӣ, балки ҳатто намояндагони корпусҳои дипломатӣ, яъне хориҷиён ҳам барои ташхису табобат ба муассисаҳои тиббии Тоҷикистон муроҷиат мекунанд.

Рӯзи касбии табибон дар Тоҷикистон дар ҳоле таҷлил мешавад, ки мардуми зиёде аз кори табибону вазъи тандурустӣ қонеъ нестанд ва симои табиб дар назари аксарият, ба ҷои як шахси наҷотбахшу инсондӯст, чун нафари тамаъҷӯ ва манфиатхоҳе шакл гирифтааст.

“Худо корат ба духтур наафтад” ҳам аз дуову таманниёти некест, ки миёни мардум зиёд истифода мешавад. Марҷона модари ду фарзанд, мегӯяд, дар воқеъ ҳоло ҳар сокини оддие ки кораш ба табиб меафтад, ба мушкилоти фаровон мувоҷеҳ мешавад. Ба гуфтаи вай бо вуҷуди сарфи маблағи зиёд ҳатто ҳолатҳое мешавад, ки бемор наметавонад билохира дарди худро муайян ва табобат кунад.

“Ба духтурон дигар эътимод нест, агар бо як шикоят пеши 5 табиб равам, чанд ташъхис мемонад, намедонӣ ба кадомӣ бовар кунӣ ва чӣ табобат кунӣ. Албатта ҳастанд, табибони ҳирфаӣ ва бонсоф, аммо ман фикр мекунам, онҳо ангуштшуморанд.”

Худи табибон дар посух ба ин интиқоду сангандозиҳои мардум ба сӯяшон мегӯянд, набояд ба панҷ ангушт баробар баҳо дод. Ба гуфтаи табибон баъзан беморон ҳам заҳматҳои шабонарӯзии онҳоро нодида мегиранд. Дар ҳамин ҳол Абдураҳмон Қодиров олими соҳаи тибб ва корманди Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология мегӯяд, ҷомеа ҳам вақте аз кори табибон интиқод мекунанд, бояд шароити кории табибонро ба назар бигиранд. Ба қавли ӯ табибон ҳоло аз набуди дастгоҳҳои муосири ташхисӣ мушкил мекашанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки бидуни ташхису таҳлили дурусти беморӣ, муолиҷа ғайриимкон аст.

XS
SM
MD
LG