"Маҷбур карданд, ки иқрор шавам." Ҷузъиёти қазияи Хуршед Фозилов

Хуршед Фозилов. Акс аз Фейсбук

Хуршед Фозилов, рӯзноманигори тоҷик ба узвият дар созмонҳои мамнуъ гумонбар шудааст. Вале Фозилов дар бозпурсиҳо иттиҳомро рад карда гуфтааст, танҳо дар доираи қонун фаъолияти рӯзноманигорӣ дошт.

Ин рӯзноманигори тоҷик аввали моҳи марти имсол аз сӯи маъмурони Кумитаи амнияти миллӣ дар шаҳри Панҷакент боздошт шуда буд.

Дилафрӯз Самадова, вакили дифои Хуршед Фозилов дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, нисбати ин рӯзноманигор бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307 иловаи 3 қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз шудааст.

Ин банди қонун, ки чанд рӯзноманигори дигар ҳам ба он муттаҳам шуданд, аз 5 то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Мақомот дар бораи қазияи Хуршед Фозилов расман чизе нагуфтаанд. Далели онҳо барои эълони иттиҳом маълум нест.

Ба навиштаи вакили дифоъ, Хуршед Фозилов узвият дар ҳама созмонҳои мамнуъро рад карда гуфтааст, “фаъолияташ дар доираи қонунгузорӣ ва сиёсати кишвар” буд.

Вакили дифоъ навиштааст, Хуршед Фозилов дар оғоз бо иттиҳоми итоат накардан ба амри корманди ниҳоди қудратӣ боздошт мешавад.

“Хуршед гуфт, ки дар аввал аз додан ва боз кардани телефон худдорӣ кард, вале баъдан маҷбур шуд, ки телефонро кушояд. Ӯро барои 5 рӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум карда, дар бинои шуъбаи Кумитаи давлати амнияти миллӣ дар шаҳри Панҷакент нигоҳ медоранд. Дар ин муддат аз ӯ дар бораи фаъолияташ пурсидаанд. Хуршед Фозилов изҳор дошт, ки ӯро маҷбур карданд, зидди худ гувоҳӣ диҳад ва худро гунаҳкор ҳисобад,”-навиштааст, вакили дифоъ.

Назари мақомот дар ин бора ҳанӯз дастрас нест. Парвандаи ин рӯзноманигор аз сӯи муфаттишони КДАМ дар вилояти Суғд таҳқиқ мешавад.

Ҳоло Хуршед Фозилов аз боздошти худсарона, риоя накардани дахлнопазирии шахсӣ ва маҷбуран нишондод додан алайҳи худ, ба додситонии вилояти Суғд шикоят кардааст.

Фозилов 8-умин рӯзноманигоре аст, ки дар як соли ахир боздошт шуданд. Аз моҳи майи соли гузашта ба ин тараф 7 хабарнигору блогеру тоҷик боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.

Аксари онҳо, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба иттиҳоми монанди узвият дар созмонҳои мамнуъ гунаҳкор шуданд. Аммо худашон айбномаи мақомотро рад карда, аз шиканҷа шуданашон шикоят карданд.

Чандин созмони ҳомии ҳуқуқи инсон ҳукумати Тоҷикистонро барои боздошти хабарнигорон аз ҷумла ҳабс кардани Хуршед Фозилов танқид ва озодии ҳамаи рӯзноманигорони зиндониро талаб карданд.

Аз ҷумла панҷ созмони ҳомии ҳуқуқи инсон 24-уми март аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, Хуршед Фозиловро раҳо кунанд. Талабе, ки дар қазияи дигар хабарнигорон ҳам садо дод, аммо мақомот то ҳол ба он посухи мусбат надодаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Панҷ созмон озодии Хуршед Фозиловро талаб кардандCPJ аз мақомоти тоҷик хост, Хуршед Фозиловро озод кунандХуршед Фозиловро ба "даъват" муттаҳам кардаанд. ВИДЕО"Мехоҳем сабаби боздоштро бидонем"