Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ аз мақомоти тоҷик хост, Хуршед Фозиловро озод кунанд


Хуршед Фозилов
Хуршед Фозилов

Як созмони байнулмилалӣ хоҳони озодии рӯзноманигор Хуршед Фозилов шуд.

Кумитаи Дифоъ аз Журналистон (CPJ) рӯзи 17-уми март дар баёнияе аз мақомоти Тоҷикистон хост, ба таъқиби хабарнигорон хотима диҳанд.

Рӯзноманигор Хуршед Фозилов рӯзи 6-уми марти имсол аз тарафи маъмурони амниятӣ дар шаҳри Панҷакент дастгир шуд. Ҳоло дар Боздоштгоҳи Хуҷанд аст.

Мақомот расман сабаби боздошти ӯро нагуфтанд. Наздиконаш мегӯянд, ба ҷинояте гумонбар аст, ки аз 5 то 8 сол зиндонро дар назар дорад. Худаш напазируфтааст. Хешовандонаш туҳмат медонанд.

Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои Кумитаи Дифоъ аз Журналистон барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, рӯзи 17-уми март гуфт, "мақомоти Тоҷикистон бояд сабаби дақиқи боздошти Фозиловро фош кунанд ё ӯ ва рӯзноманигорони дигари зиндониро фавран озод намоянд."

Ишорааш ба ҳабси 7 рӯзноманигор ва блогер дар як соли охир дар Тоҷикистон аст. Шахсоне, ки ба қавли Гулноза Саид, додгоҳҳои Тоҷикистон "бе пешниҳоди ягон далели қобили таваҷҷуҳ" ба муҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд.

Хуршед Фозилов бештар бо расонаҳои мустақили маҳаллӣ ҳамкорӣ дошт ва дар мавзуъҳои иҷтимоӣ, бахусус мушкилоти мардум ва камбуди мақомот дар Панҷакент, менавишт. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол буд.

Чанд сол пеш дар як барномаи телевизиони давлатии Тоҷикистон ӯро аз ҳамкорони сомонаи мустақили "Ахбор" номбар карда буданд.

37-сола аст, соҳиби се фарзанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG